Як рўзи пур аз таассурот

Зарраҳои армон

-То он вақте ки ҷаҳон боқист, барои бунёдкорон кору амал ёфт мешавад. Дар ин ҷо иморат месозанд, ниҳол мепарваранд, боғоти дарахтони пурмева бунёд месозанд. Онҳо бузургӣ, маънӣ ва моҳияти бунёдшавии Сайҳунро хуб мефаҳманд, иқрор мешаванд, аз он ранг гирифта, рўи худро ҳар рўз дар оинаи вай мебинанд, - фикри худро чунин оғоз бахшид Каримҷон Латифов, собиқадори соҳаи сохтмон, ки худ мутахассиси варзидаи бинокорӣ аст. – Бо раванди шаҳрсозии Сайҳун, аввалан, мардум бо манзили истиқоматӣ таъмин мешавад, дуюм, замин, яъне дашт обод ва, сеюм, ҳудуди шаҳри Хуҷанд васеъ мегардад, чаҳорум деҳот бо шаҳр ҳамшафат меояд.

- Мана, бубинед,- гуфт ронанда Абдурауф ва ба тарафи чап ишора кард. - Аз баландиҳои офтобхўрдаи дашти Сомғор то он кўҳ, ки аз доманаш роҳи Ашт мегузарад, - ҳамааш ҳудуди шаҳри азими оянда хоҳад шуд.

- Хурду бузурги кишвар ба ин андешаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мўътақид ҳастанд, ки танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои ҳадафҳои бобарори Ҳукумати мамлакат мо метавонем, ба татбиқи яке аз самтҳои стратегии ҷумҳурӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ бирасем ва бо ин сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем, - илова кард мутахассиси соҳаи ҳифзи растаниҳо, собиқ роҳбари совхози «Сомғор» Абдувосит Дўстматов. – Дар раванди бунёдкориҳои шаҳраки Сайҳун, гумон мекунам, баҳамоии маданиятҳо сарчашма мегирад. Ҳамин иқдоми Раиси вилоят бобати дар шафати шаҳрак ташкил намудани боғи интенсивии мевагӣ як таҳлили олиҷаноби маданияти боғкориро ба вуҷуд меоварад.

Вай боз илова кард: - Оби равон аз лўлаҳо ба ин ҷо тохта омад. Бо тарзи дигар гўем, оби Сир ба сўи дашт бо иродаи инсонҳои қавирўҳ акнун мешитобад. Таърих исбот кардааст, ки ягон кори беилоҷ дар ҳаёту рўзгор нест.

Ба факту рақамҳо, ҳарчанд нав нестанд, мароқ зоҳир мекунем: бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ нимаи дуюми моҳи феврали соли 2016 аз дашти Сомғори ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба як саду даҳ нафар шахсоне, ки барои гирифтани замин бобати бунёди боғҳои интенсивӣ хоҳишманд буданд, ҳафтсаду шасту панҷ гектар замин тақсим карда шуда буд. Боғоти бунёдшаванда дар шафати шаҳраки Сайҳун давра ба давра ҷойи муносиб мегирад.

Пештар аз ин ҳам бо талабу дархости соҳибкорону боғпарварони вилоят аз ҳамин мавзеъ баҳри бунёди боғоти дарахтони мевадиҳанда дусаду сию панҷ гектар замин тақсим карда дода буданд. Меҳнати боғи интенсивӣ аз меҳнати боғоти оддӣ фарқ мекунад ва ин фарқият дар пешрафти иқтисоди миллӣ, маданӣ, илмию техникӣ ва рўҳияи боғпарварон аҳамияти беандоза бузург дорад. Абдуазиз Маҳмудов-сарагрономи Сарраёсати кишоварзии вилоят, ки худ мутахассиси варзидаи ҳамин соҳа мебошад, хушнудона мегўяд: - Ҳоло ниҳолҳои шинонидашудаи наздик сад гектар боғи интенсивии бунёдгардида хуб нашъунамо дошта, соли дуюми сабзишро хуррамона мегузаронанд. Ин мавзеъ барои бунёди боғи интенсивии ниҳолони сиёҳолу,  зардолу ва шафтолу хеле мусоид буда, дар ҳамин асос нерўи содиротии меваҳои Суғдзамин афзунтар мегардад. Бинед, тавассути лўлаҳои асосӣ ба ҳазор гектар замин аз рўи лоиҳа оби дарёи Сир ба Сайҳун расонида хоҳад шуд. Боғи интенсивӣ, яъне боғи серҳосилу сердаромад аст, ки маҳсули он қобилияти содиротӣ касб хоҳад кард.

Деҳқонону боғпарварон мегўянд: «Заминро эъзоз намоӣ, эъҷоз мешавад». Ин раванд дар навбати худ ба он бурда мерасонад, ки деҳқон, ниҳолпарвар ва соҳиби замин ба талаботи имрўзаи кишоварзӣ аҳамият надода, пеш намеравад, ба навгониҳо муроҷиат накарда, зиндагӣ карда наметавонад. Вазъият тақозо менамояд, боғпарварии интенсивӣ меомўзад, месанҷад, қобилияти фикрии худро меафзояд, сатҳи ихтисоснокии худро баланд мебардорад.

- Шароити замин, минтақа ва таркиби хок бозгўи он аст, ки ташкили боғи интенсивӣ дар шафати шаҳраки Сайҳун хеле мутобиқ ва мувофиқ меояд. Аз ин ҷиҳат илман ҳам мутобиқатии парвариши ниҳолҳои шафтолу, сиёҳолу, зардолу ва дигар хелҳои ниҳолҳои пайвандӣ исбот шудааст,- зикр намуд Абдуазиз Маҳмудов. - Ниҳолҳои пайвандӣ боғотро босафо, бошарофат  ва файзбахш мегардонанд. Аз ҳамин лиҳоз, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳамеша ва бахусус, бобати бунёди боғи интенсивӣ дар ҳамин маҳал ҳидоят ва дастур доданд ба боғкорон, ки ҳангоми дастрасии ниҳолҳо, албатта, ба сертификатҳои хоҷагиҳои ниҳолпарвар ва худи ҳар навъи ниҳол эътибор бояд бидиҳанд.

Чаро? Барои он ки ниҳолҳои хушсифати навъи серҳосил ба боғи интенсивӣ мувофиқат мекунад. Ниҳолони шафтолу дар соли чаҳорум, олу дар соли панҷум ва зардолу дар соли ҳафтум бағали ҳосили пурборашонро боз менамоянд. Ҳамин тавр, агар парвариши ниҳолҳо аз ҷиҳати агротехникӣ ба роҳ монда шавад, боғ солҳои панҷум ва баъзан шашум оғози боздеҳи худро нишон медиҳад.

Дар замини дашти Сомғор, албатта, ки лалмӣ ҳисоб меёбад, тарзи шинонидану парвариши ниҳолҳо фарқкунанда аст. Биноан, ҳангоми шинонидани ниҳолҳо ба чуқуриҳои он на кам аз ду сатил ширахок, ду сатил поруи сўхта ҳамроҳ кардан зарур будааст, ки ин амал, ба гуфтаи мутахассисон, захираи намиро дар решаву бехи ниҳол нигоҳ медоштааст. Ва давраи обёрии ниҳолҳо тариқи қатрагӣ шаш - ҳафт рўзро ташкил медодааст.

Ҳамин фикрро мутахассисони соҳаи ниҳолкорӣ аз муассисаҳои илмию амалии ниҳолпарварии вилоят ва корхонаи давлатии зидди малах тасдиқ намуданд. Воқеан, агрономҳои соҳавӣ аз муассисаҳои махсуси ниҳолпарварӣ ҳар рўз дар мавзеи боғоти Сайҳун ҳастанду бо маслиҳатҳои муфидашон ёвари боғкорон мебошанд.

Олими ҷавони соҳаи ниҳолпарварӣ Абдуҳабиб Охунҷонов дар яке аз сўҳбатҳояш гуфта буд, ки барои бунёди боғи серҳосил, яъне интенсивӣ, интихоби ниҳол хеле муҳим аст. Барои он ки мевааш мавриди харидорӣ ва мувофиқ ба талаботи бозори чи дохиливу чи хориҷӣ бошад, ба шаклдиҳии ниҳол аз соли аввал эътибор бояд дод. Азбаски замини мавзеи боғи интенсивӣ ба шағалхок мансуб аст, баъди шинонидани ниҳолҳо додани нурии минералӣ, аз ҷумла суперфосфат мувофиқи мақсад аст, зеро ин навъи нурии маъданӣ намиро дар қабати хок нигоҳ медорад.

Имрўз дар вилоят шасту панҷ нафар соҳибкорони ниҳолпарвар соҳиби сертификати ниҳолҳои серҳосилу хушмева мебошанд.

Дар сўҳбати навбатӣ Тоҷибой Бойматов, ки бобати боғкорӣ мутахассиси шинохта аст, гуфт: - Боғи сердаромаду серҳосил, яъне интенсивӣ дар раванди иқтисоди миллӣ хеле мавқеъ пайдо менамояд. Махсусан, зардолузори он, ки мевааш содиротӣ буда, дар бозорҳои ҳам дохилӣ, ҳам хориҷи кишвар серхаридор аст. Аз соли 2015 инҷониб даҳҳо гектар ниҳолони  боғи интенсивӣ аз файзи оби Сирдарё баҳраманд шудаанд. Ба роҳ мондани кори обрасонии қатравӣ ин мавзеъро боғпероя хоҳад намуд. Гули шафтолу аз ҳама зебо, - таъкид намуд мутахассис. –Ман бисёр шафтолузорро дар ҳар минтақа дидаам. Бовар кунед, онҳоро ҳар қадар  тамошо кунам, сер намешавам.

Чунонки ў дар идомаи суханаш гуфт, дар ҳар панҷ гектар як қитъа ё худ як суфа боғ пайдо мешавад.

Нақша корро ба меъёр меоварад, -мегўянд мутахассисони соҳаи боғкорӣ. Дар ду навбат ва аз рўи шароити маҳал гектарҳои боғоти интенсивӣ рўи кор хоҳад омад. Барои он ки ниҳолони мевагии шинонида зуд қувват гирифта, худро дар хонаи худашон ҳис кунанд, боғкорон ба онҳо пайваста ғамхорӣ намоянд.

Хулласи калом, сохтмони Сайҳун, бунёди боғоти шафати он барин созандагиҳо аз ҷиҳати фикрӣ низ ҳадафи ташаккули одами замони иқтисоди бозоргониро тақвият мебахшад.

- Баъди гузаштани андак вақт боғот ба ҳосил медарояд, – ин орзу ва нияти хурду бузугсолон аст. Рўзе мегўянд: ҳар зарраи хоку об дар асл тиллои ба эҳтимол ғарқ бошад…

Ҳофизи бузургвор фармуда, ки:

Гарчи сад рўд аст дар чашмам мудом,

Зиндарўди боғкорон ёд бод!

Муаллими собиқадор Абдуқаҳҳор Неъматов тамоми умр дар як ҷой-мактаби  рақами 47-и деҳаи Сартўқай, ноҳияи Бобоҷон Fафуров меҳнат карда, имрўз нафақагир аст. Ў фарзанди деҳқон буда, ҳоло дар 0,26 сотих саҳми заминаш ба обчакориву сабзавоткорӣ дар замини саҳрои Fозиён машғул аст. –Дар марказ ҳамеша  ҳамин бунёдкорон буданд ва бун-ёдгарон хоҳанд монд. Лекин дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакатамон сохтмонҳое ба вуҷуд омадаанд, ки монанди шаҳрҳо маркази алоқаҳои маданию маишӣ гардидаанд. Бунёдшавии ин шаҳраки Сайҳун дар қаламрави вилоят аз ҳамин қабил марказҳои маданию иҷтимоӣ хоҳад шуд. Дар ин ҷо бо гузашти вақт ҳама дар таъсири ҳиссиёти ифтихори миллӣ заҳмат хоҳанд кашид.

Маданияти шаҳрсозӣ, роҳкушоӣ, обрасонӣ ва ниҳоят, деҳқонию боғпарварӣ имрўз рушд меёбад. Ҳар каси дар ин ҷо кору пайкордошта онро ҳамчун одат ва анъанаи нав ва шоистаи замон қабул карда истодааст.

Роҳи васеву ҳамвори сеюнимкилометраи мумпўш моро ба маркази чорроҳаи асосӣ-майдони доирашакл расонд, ки дар ҳамин ҷо ин роҳи мумфарш ва дигар роҳҳои ҳоло ҳозир тахту ҳамворкарда ва тарҳаш намоёншудаистода пайваст мешаванд. Ё худ, онро сарахбори ҳаёти Сайҳун гўянд. Чаро ки канори роҳ бо сутунҳои замонавии барқрасон ва афрўзандаҳои каммасраф чароғон гардонида шуда истодаанд. Дигар самти кор дар ин соҳа муназзам ҷараён доранд.

Аз мошин мефароем ва дуродури даштро мебинему тасаввур менамоем: имрўз дар дашт шаҳр месозанд - он бо қадами солҳо, бо заҳмати бомақсад домон паҳн мекунад, бузург мешавад.

Роҳ қалбҳо ва орзуҳоро ба ҳам мепайвандад. Он рукни амалишавии ормонҳост. Чунонки болотар зикр карда гузаштем, корҳои роҳкушоиву роҳсозӣ пеш мераванд. Аз ҷумла, ин амалро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Манзил - 2014» бар ўҳда дорад ва то ба қарибӣ дарозои бештар аз ду километр роҳкушоӣ кардааст. Ин натиҷаи устувории ғайрату ҳиммат аст.

Мо гуфтанӣ ҳастем, ки ана ҳамин зарраҳои армон имрўз ҳеҷ як фардро аз мавҷи худ, аз насими ҷонбахши худ бе-баҳра намегузорад…

…Вақти баргаштан аз Сайҳун дар баромадгоҳи шаҳрак, канори шоҳроҳи Бўстон - Хуҷанд бо ҳамон муаллими собиқадор Абдуқаҳҳор Неъматов боз вохўрдем. Ў гуфт, ки ин мавзеъ таҳдашт бо ташаббус ва иқдоми шоистаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ояндаи наздик ба гўшаи ободу зебои диёрамон табдил меёбад.

- Корҳои бунёдшавии шаҳракро дар дашти Сомғор ва боғи ниҳолонро аз васоити ахбори умум, махсусан рўзномаи "Ҳақиқати Суғд" хондааму огаҳӣ дорам. Ҳамин рўз ният кардам, ки ҳақиқати ҳолро бо чашмони худ бинаму донам,- гуфт ў. - Ҳақиқатан ҳам, кори бузург сар шудаву ҷараён гирифтааст, ки бовари кас намеояд. Бовар як тараф истад, қоил шудам. Ба ташаббускори ин иқдом - Раиси вилоят,  ҳазорҳо бор раҳмат мегўям. Худи як кори ба дашт оби равон овардан хеле амали бузург аст. То ҷон дорем, дар меҳнати Ватан сарф кунем. Сарвати диёри худро барафзоем. Ин бисту панҷ соли бошараф, бисту панҷ соли сулҳу амниятро миллати тоҷик дар фазои суботи комил ва осоиш мегузаронад…

- Ана он диле, ки бо эҳсосоти худ ниҳоли меҳри заминро дар замираш парвариш кардааст,- фикр кардем мо беихтиёр, як мисраи шеъри Аминҷон Шукўҳиро ба ёд оварда: «Об ояд, тўй хоҳам кард, гўяд боғи нав…».

Мо бо ин марди наҷиб, дилдодаи обу замину деҳқонӣ хайрухуш намуда, роҳи Хуҷандро пеш гирифтем.

* * *

Гарчанде як очерк ва ё силсилаи мақолаҳо чунин як бунёдкории азимро аз рўзҳо ва солҳои аввали кор пурра дарбар гирифта наметавонад, аммо барои инъикоси ин маъракаи бузург-бунёди шаҳрак, роҳкушоӣ, обрасонӣ, чароғистонӣ, боғкорӣ ва иморатсозӣ як сатри пурқимати дар вақташ гуфташударо ҳам ба ёд оварда муфид аст. Мо бояд қадру қимат ва аҳамияти бузурги ин маъракаи ташаббускориву ободониро шиносем ва ба тасвири гармогарми корҳои муқаддас бикўшем. Ҳозир давр даври андешаҳои тоза, тафаккури навсозӣ ва таҳлиливу тарғиботӣ аст.

Муқим АБДУРАҲМОНОВ,
Файзулло АТОХОҶАЕВ,
Суратгир Инъомҷони РАБИЗОД

Add comment


Security code
Refresh