Фазои иттилоотии телевизиони маҳаллӣ кай пур мешавад?!

Ва ё корношоямии дастгоҳҳои мавҷқабулкунанда дар деҳот?

Бо сабаби набудани дастрасӣ ба мавҷҳои телевизионҳои маҳаллӣ ва марказӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоату деҳаҳои дурдаст мардум аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ғофиланд. Гузашта аз ин, дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ мардуми тоҷик ба ҷои телевизионҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ барномаҳои осондастраси телевизионҳои хориҷӣ ва ҳамсоякишварро тамошо мекунанд.

Завқ паст ё антенна?

Дар сўҳбат аксари мусоҳибон иброз медоранд, ки завқи мардумро маҳз телевизионҳои маҳаллӣ ва ҷумҳурӣ бо барномаҳои миллиашон баланд мебардоранд. Аммо дар вазъияти ҳозира набудани диапазони мавҷдиҳандаи телевизионҳо ва дар ҳоли корношоям қарор доштани дастгоҳҳои мавҷқабулкунӣ дар деҳоти дурдаст боиси бебаҳра мондани сокинон аз барномаҳои телевизиони миллӣ шудааст.

Сўҳроб Ғоибов - сардори ҶСК «Тоҷиктелеком» дар вилояти Суғд ҳалли мушкилоти  пешомадаро дар нарасидани маблағ маънидод мекунад. - Таъмин намудани фазои холии иттилоотӣ дар баъзе минтақаҳои марзӣ, ба монанди ноҳияи Зафаробод, ҷамоату деҳаҳои шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Истиқлол ва ноҳияи Мастчоҳ барои  барномаҳои телевизионҳои маҳаллӣ ва вилоятӣ аз тарафи «Тоҷиктелеком» чораҳо андешида шуда истодааст. Алъон лоиҳаи бо воситаи хатҳои оптикӣ  ва хатҳои нахи нурие, ки дар замони ҳозира аз ҳама интиқоли маълумоти босифат ва босуръат ба ҳисоб меравад, дар нақшаи мо вуҷуд дорад,-мегўяд зимни сўҳбат С.Ғоибов.

Манучеҳр Бозоров - сокини деҳаи Овчии  ноҳияи Деваштич дар сўҳбат зикр дошт, ки деҳаҳои ў аз тамошо намудани барномаҳои телевизионҳои дар вилоят мавҷудбуда маҳруманд.

Мехоҳам аз навидҳои вилоят бохабар бошам, лекин, мутаассифона, чӣ илоҷ?

Дар сурати фаъол будани телевизионҳои вилоят дар деҳа кор ранги дигар мегирад. Яъне, мо метавонем, иттилои бештар дар хусуси навигариҳои вилоят пайдо намоем. Ҳамчунин, аз рафти сафарҳои роҳбарияти вилоят огоҳӣ дошта бошем. Хуб мешуд, ки намоишу гуфторҳои телевизион ва радиои вилоят дар ҳамаи минтақаҳои вилоят дастрас бошад, - мегўяд номбурда.

Норасоии маблағ ё таҷҳизот?

Тавре аз мушоҳида бармеояд, барои баҳравар шудан аз барномаҳои шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ ва вилоят барои табдил додани мавҷҳо дар ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент таҷҳизот лозиманд.

- Дар самти Ашт, Истиқлол, Мастчоҳ хатҳои озод кофист. Айни ҳол барои харидани таҷҳизот маблағ лозим аст. Лоиҳаи кумитаи телевизион ва радиои вилоят, бобати ба пуррагӣ таъмин намудани шаҳру ноҳияҳо барои ба сигналҳои аналогӣ гузаштан пешниҳод шудааст. Биноан корҳо идома доранд. Иқлими Тоҷикистон баландкўҳ буда, ин омил низ сабаби норасоии мавҷҳо шуда метавонад, – иброз дошт Сўҳроб Ғоибов.

 Сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд Аюбҷон Асадуллоев изҳор дошт, ки ин проблемаи муҳимест барои телевизион, ки мардуми дурдасти шаҳру ноҳияҳои вилоят аз барномаи телевизион бебаҳраанд. Кўшиши мо ба он равона аст, ки мардуми вилоят аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат бохабар бошанд.

- Аз барномаи телевизиони вилояти Суғд 67,2 ва радиои вилоят 37,6 фоизи аҳолии шаҳру ноҳияҳо баҳраваранд. Барномаи телевизион 10 соат ва радио 16 соат буда, беш аз 30 барномаро дарбар мегирад, ки таи 25 сол инҷониб фаъолият дорем. Натиҷаи корбарии кормандон буд, ки Барномаи «Корвони наврўзӣ» бо пуррагӣ ба навор гирифта, сазовори таҳсин гардид, - мегўяд мавсуф.

Гузариш ба пахши рақамӣ

 Директори маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизион-2 ҶСК «Телерадиоком» дар вилояти Суғд Неъматҷон Абдуллоев чунин мегўяд:  - Дар вилоят 182 стансияи телевизионӣ дорем, ки барои муназзам намудани намоишҳои телевизионҳои ҷумҳурӣ ва вилоятиву маҳаллӣ хизмат мерасонад. Бояд қайд намуд, ки аз телевизиони вилояти Суғд дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят қисман таъминанд, аз он ҷумла ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Зафаробод, шаҳрҳои Исфара, Конибодом. Шаҳру ноҳияҳое, ки аз тамошои барномаҳои телевизиони вилоят тамоман бархурдор нестанд: ноҳияҳои Айнӣ, Кўҳистони Мастчоҳ, шаҳри Панҷакент. Барои гузариши пахши рақамӣ алъон қисми зиёди корҳои насбу васлкунӣ ба анҷом расидааст, ки «тибқи нақша» то соли 2020 ба пуррагӣ бояд ба пахши рақамӣ гузашт ва айни ҳол ба 55,55 фоиз расидааст. Барои гузариш ба пахши рақамии телевизионҳои Шабакаи«1-Тоҷикистон», «Сафина», «Баҳористон», «Ҷаҳоннамо», «Варзиш» марҳала ба марҳала кор рафта истодааст. Дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Зафаробод пурра ба пахши рақамии телевизионӣ гузаштаанд.

Таҷҳизот чанд сомонӣ аст?

Имрўз дар вилоят таъмин гардидани барномаҳои телевизиону радиои ҷумҳуриявии Шабакаи «1-Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Варзиш», «Синамо» ва «Радиои тоҷик», «Садои Душанбе», «Овози тоҷик», «Фарҳанг» дастрас аст. Барои пайваст гардидан бо телевизиони рақамӣ бо сифати баланд бояд аз таҷҳизоти РИСИВЕРИ Т2, ки истеҳсоли давлати Чин асту барои бо сифати баланд барномаҳоро пахш кардан мусоидат менамояд, истифода бурд. Нархи он аз 80 то 200 сомонӣ буда, бо формати Т2 барои мутобиқати мавҷҳоро бо сифати баланд таъмин намудан мусоидат менамояд. Барои ба пахши рақамӣ гузаштан бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ намудани таҷҳизоти аналогӣ манъ карда шуда, бояд аз рақамӣ дастрасӣ намуд. Айни ҳол 5 таҷҳизоти фиристонандаи рақамӣ харидорӣ шудааст, - зикр намуд Неъматҷон Абдуллоев.

Зимни сўҳбат маълум гардид, ки барои телевизиони вилоят бобати васл намудан таҷҳизоти радиорелеӣ лозим аст. Барои ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят пайваст кардани таҷҳизоти радиорелеӣ тадбирҳо андешидан зарур мебошад. Айни ҳол пахши аналогии телевизиони вилоят дар шаҳрҳои Исфара, Истаравшан, шаҳраки Шайдон, деҳаи Ашти Поён, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят харидорӣ шудааст.

Айб дар кист?

Расулҷон Ғаниев - мудири бахши хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд изҳори ақида менамояд: - Барои аз барномаҳои телевизиону радио бархурдор гардидан норасоии ноқили мавҷҳо ба назар мерасад. Дар ҳар ноҳия барои бархурдор гардидан аз телевизионҳои вилоят васли таҷҳизот лозиманд. Аз назари сатҳу сифат бояд қайд намоям, ки дар телевизионҳои ҷумҳуриву вилоятӣ барои беҳтар намудан бо таҷҳизоти ченкунанда оид ба норасоии мавҷҳо назорат мебарем. Кормандон кўшиш менамоянд, то  сатҳу сифати пахш беҳтар гардад. Як чизро бояд қайд намуд, ки ҷараёни сатҳу сифати намоиш аз мавқеи сифати барномаҳо ва ҷойгиршавии шаҳру ноҳия ва деҳаҳо вобастагии калон дорад. Имрўз намоиш ва гуфторҳои телевизион ва радиои вилоят бо сифати баланд ба бинандагону шунавандагон пахш мегардад. Боиси тааҷҷуб аст, ки баъзе аз сокинони шаҳру ноҳияҳо ба телевизионҳои маҳаллии худ хоҳиш надошта, васли антеннаҳои худ, тарзи нигоҳдорашро дар тарафи маҳаллҳои ҳамсоя нигаронидаанду худ шикояти набудани телевизионҳои ҷумҳуриву вилоятӣ менамоянд. Ин масъаларо мо бо якчанд сохторҳои мавҷиву телевизионӣ дар ҷояш рафта, тасдиқ намудем, ки боиси нигаронист.

Аҳмадҷон Турсунов сокини ноҳияи Айнӣ мегўяд: - Шукр аз он мекунам, ки дар Ватани тинҷу ором зиндагӣ дорам ва хурсанд аз он ҳас-там, ки рўз аз рўз Тоҷикистон гулистон гашта истодааст. Хушбахтона, имрўз дар сатҳи ҷумҳуриву вилоят ва ноҳия чандин корхонаву муассисаҳои таълимӣ, роҳу пулҳои мошингузар сохта, ба истифода дода шудаанд, ки ҳамаи ин самараи истиқлолият аст. Аммо, афсўс ки имрўз мо, сокинони ноҳия, аз тамошои барномаҳои телевизиони вилояти Суғд бархурдор нестем ва ба ҷуз ду- се шабакаи телевизиони ҷумҳурӣ дигар ягон шабакаҳои телевизионӣ дар фазои ноҳияи Айнӣ пахш намешавад.

Бояд гуфт, ки имрўз дар вилоят ба ғайр аз телевизиони давлатӣ боз якчанд «телевизионҳои хусусӣ» ташкил шудааст. Хуб мешуд, ки масъулини соҳа пахши барномаҳои онро дар ноҳияҳои дурдаст ба роҳ монанд, то аз навигариҳои вилоят сокинон огоҳ шаванд.

Мардуми ноҳияи Айнӣ интизори он ҳас- танд, ки шояд доираи дарбаргирии барнома- ҳои телевизиони вилояти Суғд васеътар мегардад ва сокинони ноҳия ба тамошои барномаҳои телевизиони вилоят мушарраф мешаванд.

Роҳи ҳал кадом аст?

Зимни сўҳбат бо мутахассисон маълум гардид, ки мардуми бархе аз навоҳии вилоят аз тамошои телевизиони вилоят ва намоишҳои ҷолиби он бебаҳраанд. Масъалаи дигаре, ки ба миён омадааст, ин норасоии маблағ мебошад. Роҳи ҳалли ин масъала кадом аст?

Шаҳноза ҲОМИДОВА

Add comment


Security code
Refresh