Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Суғд

Имрӯз, 9 май дар назди Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд, бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ 71 - солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил гардид.

Дар набардҳои сангин зиёда аз 300 ҳазор ҷанговарони тоҷикистонӣ аз рӯзҳои аввали ҷанг дар майдони ҳарбу зарбҳои хунин ҳамроҳи рафиқони ҳамяроқи гуногунмиллати худ ба муқобили душман мубориза бурда, Ватани худро бо фидокориҳои бемислу монанд муҳофизат намуданд. Аз байни онҳо 63 нафар тоҷикписарон ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 15 нафар  бо се дараҷаи ордени Шараф ва ҳазорон нафари дигар бо ордену медалҳо сарфароз гаштаанд.

Дар маросими гулгузорӣ бар пояи Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, шумораи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат аз шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони аҳли зиёи вилоят иштирок намуданд.

Ҷомеаҳои меҳнатии маркази вилоят, омӯзгорону толибилмони макотиби оливу миёнаи касбӣ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва дигарон бар пояи  муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҷанг гулҳои тару тоза гузошта, хотири шаҳидону қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос доштанд.

Сипас барои қаҳрамонҳои майдони набард дар чойхонаи Сирдарёи маркази вилоят дастурхони идона ороста шуд ва пирони рӯзгордида бо шукрона аз сулҳу ваҳдати пойдор ва Истиқлолияти Тоҷикистон даври як дастурхон ҷамъ омаданд.

Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо дар қаламрави вилояти Суғд 178 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебаранд ва ба онҳо ба таври ҳамешагӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ кӯмакҳо расонида мешавад.

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ғалаба ба ҳар яке аз иштирокчиёни ҶБВ аз ҷониби Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 2000 сомонӣ ва аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба маблағи 1000 сомонӣ кӯмакпулиҳо расонида шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

1

Add comment


Security code
Refresh