Гулгузорӣ дар боғи Fалаба

9-уми майи соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Fалабаи пойтахт ба муносибати 71-умин солгарди Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба хотири шаҳидони роҳи озодӣ гулчанбар гузошт.

Ба ин муносибат майдони маросимҳои Боғи Ғалаба идона ороста шуд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷи- кистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо аз омодагии сарбозон ба маросими гулгузорӣ гузориш дод.

Баъди садо додани Суруди миллӣ дар назди Гулхани абадӣ ба поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчанбарҳо гузошта шуд. Маросими бошукўҳи гулчанбаргузорӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои Парлумони кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва собиқадорони ҷангу меҳнат сурат гирифт.

Нахуст Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонону иштирокдорони он ҷанги пурдаҳшатро пос дошт.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷумлаи “фоҷиабортарин ҷангҳо” дар таърихи инсоният маҳсуб меёбад. Ёдовар мешавем, ки беш аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ин ҷанги пурдаҳшат шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш ҷон супурдаанд.

Шуҷоату диловарии мардуми баору номуси Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи олии ватан- дўстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрўзу оянда мебошад.

Ба муносибати Рўзи Fалаба инчунин гулчанбарҳо аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷум-ҳурии Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат, корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои қуд-ратии Тоҷикистон, Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон гузошта шуд.

Хотираи неки қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчунин бо дақиқаи хомўшӣ пос дошта шуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷум-ҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати инсонпарваронаи хеш ба муносибати 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва қадршиносии ҷонфидоии бобоёну падарон дар ҷанг баҳри озодии насли оянда аз 23 апрели соли 2016, таҳти рақами 710 Амрро дар бораи расондани кўмакпулии яквақтаи молиявӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба тасвиб расонд.

Дар асоси ин Амри Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молияи ҷумҳурӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷи- кистон ба 639 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1 миллиону 278 ҳазор сомонӣ маблағ, ба ҳар як нафар 2000 сомонӣ ҷудо намуд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ дар арафаи ҷашни Рўзи Fалаба то 5 майи соли равон маблағҳои кўмаки Пешвои миллатро дар шаҳру ноҳияҳо ба собиқадорони ҷанг дастрас карданд.

www.president.tj

 

Add comment


Security code
Refresh