Паёми табрикии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Ҳамдиёрони азиз,

Ҳамаи сокинони вилоятро ба муносибати иди саиди Фитр табрику муборакбод намуда, барояшон саломативу сарбаландӣ ва саодати зиндагиро таманно менамоям.

Шоистаи зикр аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Иди Рамазон ҳамчун иди умумихалқӣ эълон гардида, имрӯзҳо мардуми кишвар дар қатори кулли мусулмонони ҷаҳон иди саиди Фитрро ҷашн мегиранд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати моҳи шарифи Рамазон барҳақ зикр намудаанд: «Рамазон моҳи сабру таҳаммул ва айёми кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд буда, ба инсон устувориву пойдорӣ ва парҳезкориву қаноатро меомӯзад, имонашро комил, иродаашро қавӣ мегардонад.

Ин моҳи шариф дар қалби одамон фурӯтаниву хоксорӣ ва сабру таҳаммулро ҷой намуда, вуҷуди инсонро ба назаргоҳи ҳусни адабу шукрона табдил медиҳад».

Басо  рамзист, ки таҷлили имсолаи иди шарифи Рамазон ба рӯзҳое рост омад, ки мардуми шарифи вилоят дар арафаи ҷашнгирии 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мебинанд.

Бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз дар кишварамон озодии виҷдон ва эътиқод таъмин буда, мардум ба масҷид барои тоату ибодат ва гирифтани ғизои маънавӣ меоянд ва мусалмони асил дар ин макон ба ташвиқоту тарғиботи ақидаву андешаҳои ифротгароёна ва тундравона, намоишкорӣ, паҳншавии таассубу хурофот ва ихтилофу парокандагӣ байни ҷомеа асло роҳ намедиҳад.

 Бо ифтихор изҳор менамоям, ки мардуми вилоят чун тамоми сокинони кишвари соҳибистиқлоламон дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу ваҳдат, ризоияти миллӣ, пешрафти иқтисодиёт, фарҳанг, такмилёбии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

Мардуми олиҳиммату саховатманди вилоятамон дар рӯзи мубораки Иди Рамазон ва минбаъд ҳам ба амалҳои неку хайр, ободкориву созандагӣ рӯй оварда, аз ятимону бепарасторон ва барҷомондагон  хайру эҳсонро дареғ намедоранд.

Умед ба он дорам, ки бо ҳиммати баланду меҳнати фидокоронаи мардуми меҳнатқарин Ватани азизамон - Тоҷикистон боз ҳам ободу шукуфонтар хоҳад шуд.

Бори дигар иди саиди шарифи Рамазонро ба мардуми кишвар муборакбод гуфта, барои ҳамаи мусулмонон хонаи обод, ризқи фаровон, тандурустӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.

Бигзор сулҳу субот, оромиву осоиш, файзу баракат ва фаровонии рӯзгор дар Ватани маҳбубамон ҳамеша ҳукмфармо бошад.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!

Add comment


Security code
Refresh