Мавсими сармо дар мекӯбад: Омодагӣ дар кадом сатҳ?

Баҳонаҷӯӣ ё ки вазъи ҳол? 

Ба қавле, сардиҳои фасли сармо аз худ дарак дода истодааст. Барои он ки зимистон бе мушкиливу муаммоҳо паси сар  шавад, бояд ба он  ҳар як хонадон, муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, муассисаҳои соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, корхонаву ташкилотҳо пурраву ҳамаҷониба омода бошанд, сӯзишворӣ-ангишт, ҳезумро ба таври кофӣ захира намоянд. Дар ноҳияи Мастчоҳ омодагиҳо дар кадом сатҳ  қарор дорад? Бо мақсади  ба ин масъала рӯшанӣ андохтан роҳ сӯи ноҳия  пеш гирифтем.

Сардори Идораи сохтмони асосии ноҳия Мирзо Шарифзода зикр кард, ки дар ноҳия ситод оид ба захираи сӯзишворӣ  барои мавсими зимистон амал мекунад ва 42 нуқтаи захиракунӣ мавҷуд буда, ҳар кадом мутасаддиёни худро дорад ва захираи ангиштро мустақилона ба роҳ мемонад.

Назар ба иттилои масъулини аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соли гузашта  дар ноҳия 24 нуқтаи фурӯши ангишт мансуб ба ҷамъияти матлубот фаъолият мебурд. Имсол бошад, 12  чунин нуқта, аз ҷумла дар шаҳраки Бӯстон 3 адад, ҷамоатҳои деҳоти Обшорон 1, Палдорак 1, Оббурдон 3, Мастчоҳ 3, Суғдиён 1 нуқта  амал мекунад.  То ҳол ба мардум аз ҳисоби ин нуқтаҳои фурӯши ҷамъияти матлубот 136 тонна ангишт дастрас карда шудааст. Ҳамчунин, дар ноҳия 6 адад нуқтаи сайёр фаъолият бурда, тибқи шартнома ба мардум  бо хоҳиши онҳо ангишт дастрас мекунад.

Ба суоли мо ҷиҳати он, ки ба сокинони як ноҳияи калон  фурӯхтани ҳамагӣ 136 тонна ангишт оё кам нест, посухи аниқ надоданд…

Дар ин бобат, яъне  чаро оиди мавҷудияти нуқтаҳои захираи ангишт дар Мастчоҳ рақамҳо гуногунанд, мудири шӯъбаи  бозорҳои  Иттифоқи матлуботи вилоят Абдурашид Шодиев  иброз дошт, ки  то имрӯз ба ҷамъиятҳои матлуботи ноҳияи Зафаробод 300 тонна ва ноҳияи  Бобоҷон Fафуров 560 тонна тариқи харидуфурӯш  ангишт дастрас карда шудааст. Вале имрӯз имкониятҳои Иттифоқи матлубот маҳдуд буда, ба навоҳӣ ангишт ва ё маблағ пешниҳод карда наметавонад. Аз ин рӯ, аксар нуқтаҳои фурӯш ба сокинон ба иҷора дода шудаанд. Дар  ноҳияи Мастчоҳ низ  аксар нуқтаҳои фурӯш ба иҷора дода шудаанд ва  бо шарте, ки ба мардум  ангиштро аз нархи бозор 20 фоиз арзонтар фурӯшанд. Ҷиҳати теъдоди нуқтаҳои фурӯш бошад, дар ноҳия чандин нуқтаҳои фурӯш мавриди  ба ҷои дигар кӯчондан ва азнавсозӣ қарор доранд.

Омодагии таълимгоҳҳо дар сатҳи зарурӣ

Чун муассисаҳои  маориф ва тандурустӣ  аз соҳаҳоеанд, ки ба захираи пешакиву ҳатмии сӯзишворӣ эҳтиёҷманданд, бо мудири шӯъбаи маорифи ноҳия дар ин бобат гуфтугӯ намудем.

-Оид ба зимистонгузаронӣ  дар шӯъбаи маорифи ноҳия ситод амал мекунад, - зикр кард Нуриддин Боқиев. - Дар  назди 46 муассисаи таълимӣ ва 10 кӯдакистони ноҳия шахсони алоҳида масъул таъин шудаанд. Дар идораи маорифи ноҳия ҳанӯз аз моҳи июн, яъне  аз он вақте, ки қарори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин бора ба тасвиб расид, омодагиро  сар  кардем. Яъне, ҳангоме ки  нархи он хеле арзон ва дастрас-аз 0,30 то 0,40 дирам аст.

-Бо мақсади таъмини макотиби ноҳия бо сӯзишворӣ аз буҷети ноҳия 160 ҳазор сомонӣ                       

 маблағ ҷудо карда шуда, аз ин ҳисоб ба миқдори 395 тонна ангишти хушсифат захира карда шуд, ки ин мувофиқи нақшаи тарҳрезишуда аст. Барои макотиб ҳезум низ ба миқдори кофӣ захира гардида, ҳамчунин тирезаҳои таълимгоҳҳо пурра шишабандӣ шудаанд. Тайёрӣ  ба зимистонгузаронӣ, ки аз муаммоҳои муҳими таълимгоҳҳои ноҳия аст, дар  Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ, Ҷамоати Оббурдон, шаҳраки Бӯстон  хубу саривақтӣ, бо эҳсоси масъулиятшиносии баланд  гузаронида шуд. Дар макотиби Ҷамоати  шаҳраки Обшорон робита бо волидон хуб ба роҳ монда шуда, кумитаи падару модарон дар якҷоягӣ бо соҳибкорон барои зимистонгузаронии мӯътадили муҳассилин ғамхорӣ мекунанд.

-Дар ноҳия баҳри рушди соҳаи маориф тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Соли гузашта низ  мо ба мавсими сармо тайёриро хеле барвақт сар карда, ба таври кофӣ сӯзишворӣ  захира карда будем,- мегӯяд мудири шӯъбаи маориф. Ва зимистон, ки на он қадар хунук омад, бе ҳеҷ душворӣ  онро паси сар намудем. Ҷоиз ба зикр аст, ки тамоми макотиб ва муассисаҳои томактабӣ  бо барқи доимӣ  таъминанд. Вале барқ танҳо барои равшанидиҳӣ ва кор бо компютер истифода бурда мешаваду барои гармкунӣ дар тамоми синфхонаҳо печҳои бухорӣ гузошта шудаанд.

Шӯъбаи маорифи ноҳия бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтааст, дар оянда  бо ташкили буғхонаҳои хурд гармидиҳии марказонидаи мактабҳоро ба роҳ монад. Худи ҳамин сол бошад, 14  дабистон ба чунин усули гармидиҳӣ гузаронида шуданд.

Бунёди таълимгоҳҳо  бо усули ҳашар

1587 нафар омӯзгорон ба фарзандони мардум таълиму тадрис медиҳанд, ки аз ин теъдод 90 фисадашро муаллимони дорои маълумоти олӣ ташкил медиҳанд.

Онҳое, ки маълумоташон олии  нопурра аст, тадриҷан  дониши худро мукаммал мегардонанд. Худи ҳамин сол 68 нафар омӯзгорон ҳам аз макотиб ва ҳам аз кӯдакистонҳо  донишҷӯ шуданд.

Аз боиси он, ки байни деҳаҳо роҳ  дур аст, мардум  азм кардаанд, бо роҳи ҳашар таълимгоҳ бунёд намоянд ё ки  зумраи соҳибкорон бо иқдоми нек  баромада, мактаб сохта истодаанд. Яке аз чунин саховатмандон Фаррух Шарифов  дар маҳаллаи Майдончаи комсомоли Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ  бо сарфи 3,7 миллион сомонӣ  мактаби дорои 16 синфхона  ва толори варзишӣ  барои 400 хонанда сохта, ба истифода дод. Тариқи ҳашар бошад, соли равон дар  маҳаллаи Чаманистони Ҷамоати деҳоти Навбаҳор  6 синфхона дар назди мактаби №32 сохта шуд. Ду нафар соҳибкор тасмим гирифтаанд, дар Ҷамоати деҳоти  Оббурдон ва шаҳраки Бӯстон кӯдакистони хусусӣ  бунёд намоянд.

Муаммоҳои соҳаи маорифи ноҳияро  асосан норасоии китоби дарсӣ барои синфҳои ибтидоӣ ва фанҳои дақиқ, ҳамчунин омӯзгорони ихтисосманд  ташкил медиҳанд. Инчунин,  аз муаммоҳои ҳалталаб  набудани таълимгоҳҳо дар маҳаллаҳо аст, ки  ин камбудиро сокинони маҳаллаҳои  Ҷалолиддини Румии шаҳраки Бӯстон, Дилкушои Ҷамоати Оббурдон, Навбунёди  Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ  бештар эҳсос мекунанд.

Фасли сармо  мушкилоти худро дорад. Бояд сокинон омодагии хуб дида, бо сӯзишвории хушсифату арзону дастрас таъмин бошанд.

Рафоат МӯЪМИНОВА,
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh