Мастчоҳ: Мардум моҳияти қонунро дарк намудаанд...

Аз қабул гардидани Қонуни Ҷум-ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  нўҳ сол сипарӣ гардида бошад ҳам, дар баъзе шаҳру навоҳии вилоят  баргузории  базму  маърака,  чорабиниҳое, ки қонун манъ  кардааст, идома дорад. Масалан,  гузаронидани маъракаи келинсалом, базми духтарон, дар тўйхонаҳо гузаронидани маъракаи домодталабон ва ғайра  дар баъзе шаҳру навоҳии вилоят ба чашм мерасанд. 

Бо мақсади огоҳ гаштан аз рафти татбиқи  қонуни мазкур ба ноҳияи Мастчоҳ сафар намудем. Дар ноҳия дар  самти татбиқи қонун дастовардҳо хеле зиёданд. Мардум имрўз дарк намудаанд, ки танзим танҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии эшон нигаронида шудааст. Аз ин рў, кўшиш менамоянд, ки тўю маърака ва базми хонадоршавии фарзандони худро  камхарҷ ба роҳ монанд. Ҳоло ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар ноҳия дар  як тўи хонадоршавии фарзандон  то 10 нафар тўи хатнасури фарзандонашонро гузаронанд. Зеро ин амал боиси  камхарҷ гаштани хароҷоти тўй ва ё тамоман бехарҷ гаштани тўи суннатӣ мегардад, Чӣ хеле, ки мудири бахш оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои  миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Муқим Назар  изҳор намуд,  имрўз дар  маҳаллаҳо назорат хеле пурзўр  гардидааст. Аз ҳисоби танзими тўю маъракаҳо мардум  роҳҳои байни деҳа, кўчаи худро  таъмир менамоянд. Ва иқдомҳои шоистаи дигарро пеш мегиранд.   Масалан,  аз Ҷамоати деҳоти Палдорак Ҳоҷӣ Бекмурод маблағи  барои сафари Ҳаҷ  ҷамъовардаи худро барои бунёди кўпрук масраф намуд, ки мардуми ҷамоат аз ин иқдоми неки ў  хеле сипосгузоранд.

Аммо баробари ин дар ноҳия низ вайронкунандагони қонун ба назар мерасанд. Онҳо барои  нисбат ба қонун хунукназарона рафтор намудан, аз қонун берун кор кардан   мувофиқи  амалашон ҷазои сазовор гирифтаанд. Асосан қонунвайронкуниҳо дар  гузаронидани ҷашни зодрўз, аз меъёр зиёд хабар намудани одамон ба маъракаи чил, дар тўйи  хонадоршавии фарзандон часпондани пул,  аз меъёр изофа тўл кашидани  соати баргузории тўйи арўсию домодӣ ба қайд гирифта шудааст.  Чунончӣ,  3 нафар сокини ноҳия дидаву дониста, хилофи қонун  рафтор карданд. Яке дар соати  корӣ  дар ошхона ёру ҷўраҳои худро сарҷамъ намуда,  ҷашни зодрўз баргузор намудааст. Дигаре ба маъракаи чил одамони зиёдро даъват кардааст.  Ҳол он ки  мувофиқи меъёри қонун маъракаи чил   бояд дар доираи  80 нафар   баргузор гардад. Ҳамзамон,  пулчаспониро дар  тўю маъракаҳо  қонун манъ кард.  Аммо дар тўйи арўсию домодӣ пулчаспонӣ  намуда,  қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро вайрон намудан низ ошкор гардид. Ин ашхос  бо вайрон намудани  моддаҳои 8,13 ва 14-и Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, бо қарори cуди ноҳия  ба маблағи 16000 сомонӣ ҷарима шуданд. 

Мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  зимни сўҳбат иброз намуд, ки  имрўз маъракаҳои мардум ба танзим даромадааст. Дар ҷамоати деҳот, раисони маҳаллаҳо Қурбон Муҳаммедов, Сўфӣ Аюбов   ва якчанд дигар раисони маҳаллаҳо   дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, кўшиши зиёд ба харҷ медиҳанд, то қонуншиканӣ рух  надиҳад.

Мавсуф изҳор намуд, ки  дар ноҳия мардум дарк кардаанд, ки маъракаи азо ин мотам аст, на зиёфатхўрию худнамоӣ...

 Дар ноҳия давоми нўҳ моҳ 744 адад маърака баргузор гардид. Хароҷоти маъракаҳо дар ин давра ду миллиону  ҳаштсаду ҳаштоду ду  ҳазору  панҷсад сомониро  ташкил дода, харҷи  як маърака ба ҳисоби миёна  ба 3874,3 сомонӣ рост омад. Дар ин давра аз ҷониби шаҳрвандон  520 тўйи домодию арўсӣ,1 адад тўйи домодию арўсии хайриявӣ, 111 хатнасур, 1 хатнасури хайриявӣ, 86 маъракаи чил ва 25 маъракаи сол бо забҳи 8 чорвои калону 250 сар чорвои майда гузаронида  шуд. Аз сўҳбат бо Муқим Назар  воқиф гардидем, ки дар ноҳия ба ҳисоби миёна дар се маърака забҳи як чорво рост меояд. Мардуми ноҳия бисёртар  гўштро аз бозор ва дўконҳо ба миқдори ба худашон зарурӣ харидорӣ менамоянд. Ҳамзамон, аён шуда, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди  маъракаҳо  24 адад кам гардида, ҳисоби миёнаи хароҷот низ коҳиш ёфтааст.

Дар урфият мегўянд, ки сари ятимеро сила кардан  аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад. Дар ноҳия дар ин раванд корҳои зиёде ба сомон расиданд. Масалан,  бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврўз, Иди байналхалқии ҳифзи кўдакон ва Иди саиди Қурбон аз тарафи саховатмандони хайрхоҳ ба суратҳисоби 12 нафар ятимони кулли ноҳия  дар «Амонатбонк» 3600 сомонӣ ба ҳар яке гузошта шуд. Маблағи умумии ба суратҳисоби онҳо гузошташуда 14400 сомониро ташкил медиҳад. Дар арафа ва рўзҳои Иди Наврўз 6791 сомонӣ маблағ  ба оилаҳои ниёзманд ва ятиму беморон дастрас карда шуд. Чӣ хеле, ки  Муқим Назар иброз дошт, дар ноҳия анъанаҳои хуб оид ба дастгирии оилаҳои камбизоат ва ятиму мўҳтоҷон  ба роҳ монда шудааст.

Бале, мардуми меҳнатқарини ноҳияи Мастчоҳ ба хубӣ дарк намудаанд, ки қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади таъмини ҳаёти хушу рўзгори ободи одамон  равона  шудааст.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh