Пайроҳаи умр тайношуда монд…

Ҳодисаи сӯхтори даҳаи дуюми моҳи ноябр, ки дар шаҳри Тюмени Федератсияи Россия ба воситаи расонаҳои хабарӣ паҳн гардид ва дар он 7 муҳоҷири меҳнатии деҳаи Хишекат, ноҳияи Деваштич ба коми оташ фурӯ рафта ва се нафари дигар бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхонаҳо бистарӣ карда шуданд, қалби ҳазорон сокинони ҷумҳурии азизамонро ба дард овард.

Бо супориш ва дастгирии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷасади 7 нафар дар давоми се рӯз ба Хуҷанд оварда шуданд.

Дар ҳавои сарди моҳи охири тирамоҳ мардумон бо дидаҳои ашкбор ва қалбҳои бирён ба манзили мотамзадагон баҳри изҳори ҳамдардӣ нолаву фиғони модарони ҷигаргумкарда, падарони дар роҳи фарзанд чашминтизор ва модарони ҷавони дар айёми ҷавонӣ бо кӯдакони кӯчак бепарастормонда, дили ҳамаро ба риққат меовард.

Панҷ хонадон – Умар Ниёзови 28-сола, омӯзгор, Пайрав Одинаеви 27 сола, омӯзгор, Самриддин Шодиеви 28 сола, омӯзгор Мирсабур Нурови 20 сола ва Қобилҷон Нурови 22 сола  мотамзада буд.

Дар хонадони ду нафари дигар, яке аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва дигаре зодаи деҳаи Хишекату истиқоматкунандаи ноҳияи Зафаробод низ дар ин рӯз мотам буд. ҳазорҳо сокинон барои изҳори ҳамдардӣ бо дидаҳои ашкбор дар митинги мотам иштирок намуданд.

Вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Зуфар Муртазохон, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, Раиси уламои дини вилояти Суғд ҳоҷӣ ҳусейн Мӯсозода, раиси ноҳияи Деваштич Ҷӯразода Рустам Боймурод ба пайвандони марҳумон изҳори тасаллият намуданд.

Имомхатиби масчиди панҷвақтаи деҳаи Хишекат Абдуллохӯҷа Раҳмонов ба Президенти мамлакат барои дастгирии доимӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Зайниддин ҚАЛАНДАРЗОДА,
узви Иттифоқи рӯзномаи Ҷумҳурӣ

Add comment


Security code
Refresh