«Гулрухсор – кӯмакрасони бонувон»

Барои мубориза бурдан бо зӯроварӣ нисбат ба занон дар Тоҷикистон санадҳои зиёди меъёрию ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ фаъолият бурда ва хадамоти ҷамъиятӣ ва ҷамоатиро оид ба кӯмак ба ҷабрдидаҳои зӯроварӣ ривоҷ доданд.

Яке аз ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон «Гулрухсор» мебошад, ки зиёда аз 20 сол боз ба занон кӯмаки хуқуқию равонӣ мерасонад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» соли 2013 қабул шудааст. Соли 2015 «Соли оила» ва соли  2016 «Соли фарди солим» эълон гардид. Ин ҳама шаҳодат аз он медиҳад, ки дар оилаи имрӯзаи тоҷик ҳоло ҳам муаммоҳое вуҷуд доранд, ки ҳалли худро тақозо мекунанд ва давлат нисбат ба зӯроварии занон бетараф нест.

Бояд қайд кард, ки ҳодисаҳои зӯроварӣ нисбат ба занон дар оилаҳои мо, тоҷикон маъмулӣ аст. Дар баъзе оилаҳо зӯроварӣ нисбат ба занон то ҳол мушоҳида мешавад, ҳатто дар ҳузури кӯдакон, ки ин бар зарари худи онҳост. Чунин амали ношоям психикаи кӯдаконро вайрон месозанд ва аксарияти онон фикр мекунанд, ки ин рафтор нисбат ба зан муқаррарӣ аст.

Мо бояд барои фарзандони худ намунаи ибрат бошем. Дар тарафи ҷануб агар дар ҳузури кӯдак ҷанҷоли падару модар ба назар расад ва шоҳид ба мақомотҳои дахлдор хабар диҳад, он гоҳ волидайнро ҷазо медиҳанд.

Мутахассисони лаҳистонӣ зӯровариро чунин шарҳ додаанд: «Зӯроварии оилавӣ – ин амал ё ин ки бефаъолиятии яке аз аъзои оила дигар аъзоҳои оила равона шудааст, бо истифодаи бартарии қувва ва ё иқтидори вуҷуддошта ё ки вобаста ба шароити пайдошуда содир гаштааст, ки ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсии дигар аъзои оиларо поймол мекунад, ба ҳаёт ва саломатии онҳо (ҷисман ва рӯҳан) хатар дорад, онҳоро дар азоб мемонад ва зарар мерасонад». Яъне зӯроварии хонаводагӣ чун дигар намудҳои зӯроварӣ, ин поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аст.

Маълум аст, ки имрӯзҳо бештар занон ба зӯроварии хонаводагӣ қарор доранд ва зӯроварӣ нисбат ба занон аз он сабаб рӯй медиҳад, ки ӯ маҳз зан аст. Аз ин хотир, дар ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон «Гулрухсор» бо тариқи «Телефони боварӣ» ва мусоҳибаи рӯ ба рӯ маҳз ба занон ёрии равонию ҳуқуқӣ расонида мешавад. ҳар як зан бояд ҳуқуқи худро донад, то ин ки мардоне, ки худро доно мегиранд, ҳуқуқи занонро поймол накунанд. Занон бояд донанд, ки давлат ҳимоятгари онҳост ва набояд фаромӯш кунем, ки пешгирии зӯроварии хонаводагӣ танҳо дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои ҷомеа имконпазир мегардад, зеро мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуб муттаҳидӣ ва ҳамбастагиро талаб мекунад.

Зарнигор ЗАҲИБУЛЛОЕВА,
равоншиноси Маркази занон «Гулрухсор»

Add comment


Security code
Refresh