Аз хушунат то муҳаббат як қадам

Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз санаи 25-ноябр то 10-декабр маъракаи иттилоотии «16-рӯзи зидди зӯроварӣ» қайд мегардад, ки он ба қабули Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳамагуна маҳдудкуниҳо нисбати занон бахшида мешавад.

Вобаста ба ин маъракаи муҳим дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии маърифативу фарҳангӣ таҳти унвони «Аз хушунат то муҳаббат як қадам» доир гардид.

Дар ин чорабинӣ устодону шогирдони донишкада, сарвари  маркази занони «Гулрухсор» Сабоҳат Бобоҷонова дар бораи омилҳои сар задани хушунат дар оила сухан ронда, таъкид доштанд, ки маҳз паст будани маърифати оиладорӣ, бетарафии аҳли ҷомеа сабаб мешавад, ки сафи пошхӯрии оилаҳо зиёд шаваду фишору тазйиқ низ аз ҷониби яке аз аъзои оила нисбат ба дигараш сар занад. Ба андешаи маърӯзакунандагон хушунат ба чанд навъ ҷудо мешавад: Равонӣ, ҷисмонӣ, ҷинсӣ, молӣ-иқтисодӣ ва ғайра, ки ҳамаи ин намудҳои хушунат дар оилаҳо дида мешавад. Меваи ин амал кӯдакони кӯча, ноболиғони моҷароҷӯю ҷинояткор, хонагурезу мактаббезор аст, ки мо ҳамарӯза онро мушоҳида мекунем.

С.Бобоҷонова доир ба мавзӯи муноқишаҳои оилавӣ, муносибати арӯсу хушдоман ва мавқеи занону духтарон дар рушди иҷтимоиёт маърӯза намуд.

Устоди донишкада, номзади илмҳои педагогӣ Хайринисо Темирова аз донишҷӯёни донишкада даъват ба амал овард, ки барои бунёди оилаҳо ҳаргиз ба шитобкорӣ роҳ надиҳанд.

Суруд дар васфи муҳаббати хонаводагӣ, саҳначае аз рӯзгори як оилаи ҷавон, рақси «Рангҳои зиндагӣ» аз ҷониби донишҷӯёни донишкада хеле хушу хотирмон буд.

Абдусабур АБДУВАҲҲОБОВ

Add comment


Security code
Refresh