Исфара. Дар Ворух Шӯъбаи нави ҷарроҳӣ ба кор оғоз кард

7 декабр Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дод.

Сафари кории Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳри Исфара аз ҷамоати деҳоти Ворух, ки 35 ҳазор аҳолӣ дошта аз ҷамоатҳои дурдаст ва наздисарҳадии вилоят ба ҳисоб  меравад, оғоз ёфт. Мавҷуд набудани шӯъбаи ҷарроҳӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҷамоат мебошад, ки бо он сокинони маҳал ҳануз аз замони собиқ шӯравӣ рӯ ба рӯ ҳастанд ва барои анҷом додани ҷарроҳӣ бо тай намудани 50 километр ба маркази шаҳр мерафтанд. Аз ин рӯ, ифтитоҳи Шӯъбаи нави ҷарроҳӣ барои сокинони ин минтақа тӯҳфаи арзанда дар соли таърихии 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ ва “Соли фарди солим” мебошад.

Бинои табобатӣ бо дастури бевоситаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии вилоти Суғд бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ сохта шуда, корҳои сохтмониро ширкати сохтмонии “Исфара” бо сифати баланд ба анҷом расонидааст. Шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи минтақавии Ворух барои 20 кати беморӣ пешбинӣ гардида, бо беш аз 30 намуди таҷҳизоти замонавии ҷарроҳӣ аз ҷониби ташкилоти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон таъмин карда шудааст. Минбаъд наздик 20 нафар кормандони соҳа дар бинои замонавӣ ба эҳтиёҷмандони ҷамоат хизматрасонии тиббиро аз рӯи ҳамаи намуди ёрии аввалияи ҷарроҳӣ ба роҳ хоҳанд монд.

Абдураҳмон Қодирӣ ифтитоҳи бинои нави тиббиро барои сокинони ҷамоат таҳният гуфт ва изҳори умед кард, ки ҷарроҳони маҳаллиӣ бо донишу таҷрибаи кофӣ боварии мардумро сазовор хоҳанд шуд.

Тибқи дастури Раиси вилоят беморхонаи клиникавии вилоятӣ ва беморхонаи шаҳри Хуҷанд бо шӯъбаи ҷарроҳии ҷамоати Ворух ҳамкории доимиро ба роҳ монда, дар сурати зарурат ҷарроҳони ботаҷрибаро ба кумаки табибони маҳаллӣ мефиристанд.

Раиси вилоят ифтитоҳи шӯъбаи навро дар “Соли фарди солим” фоли нек хонда, ҳамзамон аз дастовардҳои дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ёдовар шуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо ва равона гардида, хизматрасонии тиббӣ ва муносибати табибон ба самти мусбат тағйир ёфт, ки боиси қаноатмандии аҳолии вилоят гардид.

Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар ҷамоати деҳоти Ворух иншооти дигари табобатӣ азқабили маркази саломатӣ, ташхисгоҳи диагностикӣ ва таваллудхона сохта ба истифода дода шудаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh