Фард солим гар шавад, ҷомеа нерў мегирад...

Басо бомаврид буд, ки бо ибтикори Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ соли 2016 дар вилояти Суғд ҳамчун «Соли фарди солим» эълон гардид. Ниёгони мо хуб гуфтаанд: «Пок дор аз ҳар ғубор оинаат», ё худ «Гарави тансиҳатии ҳар як инсон тозагии ўст». Одамон дар рўи замин сарчашмаи ҳамаи ободиҳо, озодиҳо ва пешравию комёбиҳои ҳаётанд.

Онҳо бояд тавассути ақли расояшон муҳитро тозаву озода аз ифлосиву нопокиҳо эмин доранд. Бояд хуб дарк намоянд, ки нафас кашидани ҳавои тоза сарчашмаи тансиҳатии инсонҳо буда, ҳавои ифлос боиси сар задани кулли бемориҳост. Бинобар он ҳаёти ҳаррўзаи моро бе таъсири муҳити зист тасаввур кардан амри маҳол аст. Инсоният дар оғўши табиат камол ёфта, обу ҳаво, зебоию нафосати онро истифода мебарад. Ҳамчунон вазифадор аст, ки табиатро ҳифз намояд.

Мутаасcифона, аксаран ба мушоҳида мерасад, ки ба қадри зебогиҳои диёр намерасем, атрофамонро бо баъзе рафторамон вайрон мекунем, маконеро, ки дар он умр ба сар мебарем, доғдор менамоем. Асадии Тўсӣ дар ин боб фармуда:

Макун бад, ки бинӣ ба фарҷом бад,

Зи бад гардад, андар ҷаҳон ном бад.

Мувофиқи қонун «Шахсоне, ки муҳити зистро ифлос менамоянд ва бо амалашон ба саломатии аҳолӣ, олами набототу ҳайвонот ва хоҷагии халқ зарар меоранд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд». Бо вуҷуди ҳамин, дидаю дониста аксаран бархе аз сокинони шаҳрамон ба оддитарин қоидаҳо риоя намекунанд. Бо тақозои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, яъне як соли хизмати Ватанро солҳои 80-уми асри гузашта дар яке аз ҷумҳуриҳои назди Балтика, аниқтараш шаҳри Вируи Эстония гузаронидам. Он ҷо борҳо шоҳиди он шуда будам, ки, ҳатто, барои партофтани қоғази қанд, чиптаи кино ё театр ва ё сигор касро фавран дар ҷойи ҳодиса ҷавобгар менамуданд.

Умуман, шаҳру деҳи он кишвар чунон тозаву озода аст, ки дили кас намешавад ба ҳар куҷое, ки рост ояд, ҳатто қоғазпораеро партоӣ. Дар мо чӣ? Фарҳангу одоби шаҳрдорӣ ва маданияти шаҳрвандиамон то дараҷае коста шудааст, ки доир ба масоили тозагиву солимӣ дар ҷомеа ниҳоят бепарвоем.

Бино ба ақидаи мутахассисон дар шаҳрҳои калонтарини кишварамон аз 100 то 400 тонна ва дар як сол аз 110 000 то 160 000 тонна, партов ҷамъ мешавад. Биёед, дур нарафта ба корҳои дар интиҳои фасли поиз дар кўчаҳову муассисаҳои шаҳру деҳаамон ба сомон расонида, аз қабили тоза кардани саҳни ҳавлиҳо аз баргҳои рехтаи дарахтон бо нигоҳи таҳлилӣ назар афканем. Мебинем, ки масъулин хазонро ҳарҷо-ҳарҷо ҷамъ намуда оташ мезаданд. Дар ин фасл гоҳ-гоҳ дуд хўрдани мо гўё ба назар безарар менамояд, вале дар асл бошад, гази аз баргҳо, бахусус, барги чинор ба фазо паҳнмешуда ба саломатии инсон хеле таъсири манфӣ расонида, боиси ангезиши касалиҳои роҳи нафас мегардад. Имрўз аз ин гуна хатогиҳоямон, ки назарногир бошад ҳам дар маҷмўъ касоди ҷиддии экологиро ба миён меорад, чаро нодидагирӣ менамоем? Зарур аст, ки чӣ корхонаҳо ва чӣ аҳолӣ нодуруст будани ин гуна амалҳоро дарк намуда, минбаъд ба такрори чунин хатогиҳо роҳ надиҳем. Бояд донем, ки бо таври васеъ дар кишварҳои хориҷӣ, хусусан Чин ва Ҷопон аз партовҳо фаровон истифода мебаранд. Дар мо бошад баръакс, партовҳо манбаи вайрон кардани муҳити зист ва солимии ҷомеа гардидаанд.

Дар ин росто, ибтикори шаҳрдории шаҳрҳои Хуҷанду Исфараро қайд кардан бамаврид аст. Дар ҳар хиёбон ва гулгашт, кўчаҳои шаҳр, қуттиҳои махсуси партовпартоӣ гузошта шудааст. Бо вуҷуди ҳамин ҳам мушоҳида менамоем, ки як қадам он тарафтар рафта, партовҳои нодаркориро ба қуттиҳо намепартоем. Боз дар канори роҳу кўчаҳо пасмондаҳои ҳар гуна ашёро мебинем, ки табиати бинандаро хира месозанд. Агар хоҳем, ки зиндагиамон пурсурур ва нишотангез бошаду ҳар як фард солим, бояд дар оғўши табиат бошему нисбат ба ин бераҳм набошем.

Расул Додхудои Раҳимиён,
узви Иттифоқи
журналистони ҷумҳурӣ

Add comment


Security code
Refresh