Бозичаҳо шодиоваранд, вале ...

Даврони кўдакиро бе бозичаҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аксарияти коршиносон бар он ақидаанд, ки бозичаҳои бачагона дар ҳаёти кўдакон ва ҷаҳонбинии онҳо нақши муҳим дорад. Аз ин хотир, тўҳфаи беҳтарин барои ҳар як кўдак ин бозичаи дўстдоштаи ўст.

Аз ҳама саволи муҳиме, ки дар вақти интихоб ва харидории бозичаҳои бачагона пайдо мешавад, ин бехатарии он аст. Оё овоз, ранг ва бўйи бозича бехатарии онро муайян мекунад? Кадом талаботҳои бехатарии бозичаҳои бачагона бояд риоя карда шавад? Бозичаҳои бачагона бештар аз кадом кишварҳо ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд? Оё дар вақти харидорӣ намудан ба сифат ва бехатарии он аҳамият дода мешавад? Ба ин суолҳо ҳар як падару модар ва истеъмолкунандагон посух меҷўянд.

 Имрўз дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурўш даҳҳо намуди бозичаҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой ва дигар мамлакатҳо фурўхта мешаванд.

Кадом санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ талаботро нисбати истеҳсол ва ташхису истифодабарии бозичаҳои бачагона танзим мекунад?

Ҳар як мамлакат дар истеҳсол, назорат ва истифодаи бозичаҳо талаботҳои умумӣ ё стандартҳои худро дорад. Дар Тоҷикистон стандарти байнидавлатии ГОСТ 25779-90 «Талаботҳои умумии бехатарӣ ва тарзи назорати бозичаҳои бачагона» амал мекунад, ки дар асоси он бехатарии маҳсулоти номбурда танзим карда мешавад.

Боиси зикр аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016, №375 регламенти техникии “Бехатарии бозичаҳо”, дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ” таҳия ва тасдиқ гардида, талаботи ҳатмиро ба бозичаҳо бо мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакон ва шахсони нигоҳубинкунандаи онҳо, инчунин огоҳ намудани амалҳое, ки истифодабарандагони (истеъмолкунандагони) бозичаҳоро нисбат ба таъйиноти бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист ба иштибоҳ мебаранд, муқаррар менамояд.

Боиси таассуф аст, ки аз ҷониби истеҳсолкунанда- гони бозичаҳои бачагона ва воридкунандагону фурўшандагон дар баъзе мавридҳо талаботи стандарти байнидавлатӣ риоя карда намешавад. Дар натиҷаи гузаронидани санҷиши навбатии мутахассисони шўъбаи нозироти савдои Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурўш миқдори зиёди бозичаҳои бачагонаи ғайристандартӣ ошкор карда шуд. Аз ҷумла, дар натиҷаи гузаронидани 4 рейди назоратӣ аз се нуқтаи савдои бозори ҶДММ «700 - солагии Ҳамадонӣ»-и шаҳри Бўстон ва якчанд нуқтаи фурўши бозорҳои шаҳри Хуҷанд номгўи зиёди бозичаҳои бачагонаи шаклу намудашон гуногуни лўхтакҳо, хирсак, палангча, аспак, тўбчаҳо ва ғайра ба миқдори 308 адад ошкор карда шуд.

Маълум гардид, ки аксарияти бозичаҳо аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид карда шуда, ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бехатарӣ надорад ва тамғагузории онҳо ба талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мутобиқат намекунад. Аз рўи маълумоти сардори озмоишгоҳи маҳсулоти хўрока ва хоҷагии қишлоқи Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд Равшан Бақоев натиҷаи ташхис нишон дод, ки аз рўи нишондиҳандаҳои ноустувории сохти бозичаҳо, ҷудошавии рангҳо, овози баланд ва бўйи номгўи зиёди бозичаҳо ба талаботи стандарти байнидавлатии СБД 25779-90 номутобиқ дониста шуда, дар асоси хулосаи озмоишгоҳ бо иштироки комиссия мутобиқи қоидаҳои муайяншуда бозичаҳои ба талаботҳои стандарт номутобиқ несту нобуд карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар давоми 11 моҳи соли 2016 дар озмоишгоҳи маҳсулоти хўрока ва хоҷагии қишлоқи Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд 49 намунаи бозичаи бачагонаи истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Ўзбекистон ба миқдори 36 ҳазору 365 дона аз ташхис гузаронида шудааст, ки 38 намунаи бозичаи бачагонаи истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой ба миқдори 2635 дона ба талаботи стандарт ҷавобгў набуданд.

 Нисбати соҳибкороне, ки ба фурўши бозичаҳои ғайристандартии бачагона машғул буданд, мутобиқи моддаи 625-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои истеҳсол, фурўш, барориш, таҳвил, истифодаи маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, ки ҷавобгўйи талаботи стандартҳои давлатӣ ва шартҳои техникӣ нестанд» чораҳои қонунӣ андешида шуданд.

Дар вақти харидорӣ намудани бозичаҳои бачагона кадом талаботҳои бехатарии онро бояд риоя кард?

Пеш аз ҳама, харидор ба бехатарии маҳсулоте, ки аз он бозича тайёр карда мешавад, бояд эътибор диҳад. Сониян, ба бехатарии болопўши он, яъне ба устувории рангҳои истифодашуда аҳамият бояд дод. Гузашта аз ин, бозичаҳои бачагона бояд шиносномаи махсус дошта бошад.

Аз ҷониби дигар бозича бояд бўйи тези нохуш надошта бошад. Яке аз талаботҳои дигари бехатарии бозичаҳо ин мустаҳкамӣ ё устувории он, яъне сифат мебошад.

Дар хотир дошта бошед, ки риояи назорати бехатарии бозичаҳои бачагона хеле муҳим аст, чунки бо он кўдак вақти зиёди худро мегузаронад.

Маҳкамбой КАРИМОВ,
сардори Дафтари матбуоти
Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh