Шароити хизматрасонӣ беҳтар шуд

Аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ эълон гардидани «Соли 2016 - Соли фарди солим» ба ҳамаи беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят имконият фароҳам овард, ки таҷҳизотҳои нав ворид намоянд. Ҳамчунин, бисёр муассисаҳои тиббӣ пурра таъмир, барои беморон шароити хуб муҳайё гардид. Соли фарди солим эълон гардидани соли равон саривақтӣ буд. Зеро саломатии миллат сарвати бебаҳост.

Беморхонаи ноҳиявии №1 ноҳияи Деваштич дар минтақаи Калининобод ҷой гирифтааст. Имрўз беморон аз тамоми шароитҳои мавҷуда истифода мебаранд. Ба муносибати Соли фарди солим чаҳор шўъба: шўъбаҳои таваллуд, амрози занона, бачагона ва шўъбаи бемориҳои дарунӣ аз таъмири пурра бароварда шуд. Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 3 таҷҳизоти замонавӣ, аз ҷумла кардиомонитор бо маблағи 9200 сомонӣ, оксигенератор ба маблағи 4600 сомонӣ ва таҷҳизоти сабти барқи дил бо маблағи 4600 сомонӣ ворид гардид, ки ин баҳри беҳтаршавии хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат кард.

Шералӣ Машарифов - сардухтури беморхона зикр намуд, ки соли 2001 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бинои асосӣ ва соли 2005 бошад, ду бинои дигари беморхона аз таъмири пурра бароварда шуда буд. Имрўз дар беморхона 135 кати табобатӣ мавҷуд аст, ки дар он ҳамаи шароит барои беморон муҳайё карда шудааст. Дар маҷмўъ, дар ин беморхона 24 нафар фаъолият намуда истодаанд ва табибони ҳозиқ баҳри солимии аҳолии ноҳия аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мебаранд.

Ҳамчунин, барои шахсони камбизоат, иштирокчиёни ҷанг ва дигар шахсоне, ки имтиёз доранд, табобат ройгон ба роҳ монда шудааст.

Солҳои пеш ҳамаи беморон барои ташхиси тиббӣ ба маркази вилоят ва ё пойтахти кишвар мерафтанд. Хушбахтона, имрўз бо дастгириҳои Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ таҷҳизотҳои наву замонавӣ ворид гардида истодаанд. Мо вобаста ба имкониятҳои мавҷуда барои беморон хизмат намуда истодаем, - изҳор дошт Шералӣ Машарифов.

 Истамҷони НАҶМИДДИН,
"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh