Мусодираи наздик 83000 адад маводи пиротехникӣ

Истифодаи «хлопушка» ё худ маводи тарфгарӣ имрўзҳо, ки арафаи Соли нави милодист, бештар ба назар мерасад.

Аксарияти бачагону ҷавонон истифодаи хлопушкаро барои худ манбаи хушгузаронии вақт ё худ барои пешвоз гирифтани Соли нави милодӣ медонанд. Аммо атрофиёни хешро фикр намекунанд, ки ба торҳои асаби онҳо чӣ гуна зарар мерасонанд. Бештар шабонгоҳ ин маводи тарканда истифода бурда мешавад, ки аксарияти сокинон дар ҳоли истироҳат ва кўдакон бошанд, дар хобанд. Бо садои баланди чандин хлопушка сокинон нороҳат мешавад, кўдакон бошанд, метарсанд.

Чунин ҳолатҳоро ба инобат гирифта, соли 2008 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Аз ҳамон сол инҷониб мувофиқи моддаи 199 эзоҳи 1, қисми 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)» ворид намудани он ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Ҳамчунин, дар ин модда гуфта шудааст, ки ғайриқонунӣ ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурўхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ ба миқдори начандон калон манъ мебошад. Имрўзҳо аксарияти шахсони воқеӣ барои фоида ба даст овардан ба воридоти чунин мавод машғул ҳастанд.

Мувофиқи маълумоти Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд то аввали моҳи декабри соли равон 4 ҳолати ғайриқонунӣ ворид намудани маводи тарфгарӣ ошкор ва дастгир шудааст. Дар натиҷа, маълум гардид, ки шахсони воқеӣ мехостанд, 38 422 адад маводи пиротехникиро ба фурўш бароранд. Аз ин миқдор 38 000 навъи «хлопушка» ва 422 адади онро навъи «оташпора» ташкил медиҳад. Барои чунин ашхос мутобиқи Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ин марказ чунин маводҳо аз кишвари Қирғизистон ворид карда мешавад. Аксарияти чунин муомилоти ғайриқонунӣ дар сарҳад рух медиҳад.

Маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ иттилоъ медиҳад, ки дар арафаи Соли нав кормандони раёсат 4 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)-ро ошкор намудаанд, ки дар натиҷа ба миқдори 44 530 адад мусодира карда шуд. Чунин амали бар хилофи қонун анҷомдодаро чор нафар ҷавонони шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Ашт ва Бобоҷон Ғафуров анҷом додаанд.

Чунин кирдорҳои ғайриқонунӣ, яъне ворид намудан ва ба фурўш баровардани онро танҳо барои манфиати шахсии худ истифода мебаранд.

Дар маҷмўъ, дар арафаи Соли нави милодӣ аз ҷониби кормандони ин Раёсатҳо ба миқдори 82 952 адад маводҳои тарфгарӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh