Ҳадафҳои барнома амалӣ мегарданд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мақолаи танқидиро таҳти унвони “Оҳи дили мардуми Шӯробро кӣ мешунавад?”, ки дар шумораи 122–юми рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” ба табъ расидааст, дар ҷаласаи назди раиси шаҳр бо ширкати масъулони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, роҳбарони муассисаҳои хизматрасонии шаҳр, сарварони Ҷамоати шаҳраки Шӯроб ва корхонаву ташкилотҳои дар ин шаҳрак фаъолиятдошта мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дод.

Дар иртибот ба ваҷҳҳои пешовардаи муаллиф бобати мавҷудияти камбудию норасоиҳо дар ҳаёти мардуми Шӯроб бояд қайд намуд, ки, мутаассифона, ин мушкилот воқеиянд ва омилҳои асосии бавуҷудойии онҳо аслан ба нобасомониҳои солҳои навадуми асри гузашта иртибот доранд.

Мавриди зикр аст, ки роҳбарияти шаҳри Исфара бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор солҳои охир бо мақсади ҳалли масъалаву муаммоҳои дар шаҳрак ҷойдошта тадбирҳои муайянро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Аз ҷумла, дар доираи амалигашти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 “Оид ба барқарорсозӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳраки Шӯроб барои солҳои 2011-2015” як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд, аммо бинобар норасоии маблағҳои зарурӣ ҳамагӣ 32 дарсади нақшаи барномавӣ иҷро шудаасту халос. Умед ҳаст, ки минбаъд бо ҷудо гардидани маблағ ҳадафҳои барнома доир ба таъмини пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии шаҳрак ба таври мусбӣ амалӣ мегарданд.

Дар иртибот ба зарурати иҷрои барномаи зикргашта чанде қабл мутахассисони Ҷамъияти саҳҳомии “Шаҳрофар”-и шаҳри Душанбе ба Шӯроб омада, барои таҳияи нақшаи генералии шаҳрак корро оғоз намуданд. Дар сурати аз тарафи коршиносони соҳаҳои гуногуни шаҳрсозӣ баҳогузорӣ шудани лоиҳа ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани он эътимод дорем, ки шаҳрак боз ҳам ободтар ва сокинонаш аз муаммоҳои мавҷуда раҳоӣ хоҳанд ёфт.

Тавре дар мақола зикр гардидааст, мушкилоти аввалиндараҷаи аҳолии Шӯроб норасоии оби нӯшокӣ маҳсуб меёбад. Зеро бо сабаби он, ки ба шоҳқубури хатти оби нӯшокии “Ворух-Шӯроб” тайи даҳсолаҳои гузашта қисме аз сокинони деҳоти Воруху Хоҷаи Аъло ва чандин деҳоти ноҳияи Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон худсарона ҳамроҳ шудаанд, вазъи дастрасии об ба шӯробиҳо ногувор гаштааст.

Бо назардошти чунин ҳолат сохтмони хатти нави оби нӯшокии “Чорқишлоқ-Сурх-Шӯроб” оғоз шуда, алҳол корҳо дар ин самт идома доранд ва ҳамзамон, бо ба истифода додани иншооти мазкур муаммои таъминоти шаҳраки Шӯроб бо оби нӯшокиву полезӣ ҳалли мусбии худро хоҳад ёфт.

Дар алоқамандии хизматрасонии нақлиёти мусофиркашон бояд қайд намуд, ки то дирӯз фосилаи равуои микроавтобусҳо дар хатсайри “Исфара-Шӯроб” 40 дақиқаро ташкил медод ва шурӯъ аз моҳи декабр он ба 30 дақиқа табдил дода шуд.

Вобаста ба хатсайри “Шӯроб-Чоркӯҳ” зикри онро ҷоиз медонем, ки роҳи рафтуомади нақлиёт аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон баста шудааст ва ин масъала танҳо тавассути мувофиқаи тарафайн дар сатҳи роҳбарияти ҳукуматҳои ҳар ду кишвар метавонад, ҳаллу фасли хешро ёбад.

Ҳамин зайл, муаммову мушкилоти сокинони шаҳраки Шӯроб аз мадди назари роҳбарияти шаҳри Исфара дур нест ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ҳамеша саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо истифода аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти вилояти Суғд ва имкониятҳои дохилии маҳаллӣ баҳри ободонии минбаъдаи шаҳрак, осон гардидани мушкилоти сокинони он тавассути тақвият бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ба талаботи рӯз мувофиқ намудани фаъолияти инфрасохторҳои шаҳрак тадбирҳои муҳиму чорасозро амалӣ намояд.

Ҷаъфар ҲАЙДАРЗОДА,
муовини раиси шаҳри Исфара

Add comment


Security code
Refresh