Хидмат ба мардум шараф аст

Зиндагӣ саҳна аст ва мо дар он нақш меофарем. Атрофиён, ки  мавқеи тамошобинро доранд, бештар ҳамонеро дар хотироти хеш бардавом нигоҳ медоранд ва ҳамеша бо неки ёдаш мекунанд,  агар дар намоишномаи  вақт  ки дар саҳнаи умр барояш эҳдо шудааст, нақшро хубу муассир  иҷро намоянд. Маҳз ҳамин гуна инсонҳои наҷиб ҳастанд, ки боиси саодати зиндагии мардум мешаванд.

Дар ҳама давру замон ҷавонони баору номус аз манофеи давлату кишвар ҳимоя менамоянду бо он ҳама донишу малакаи касбии хеш дар рушду густариши соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ саҳми арзанда мегузоранд. Маҳз чунин ҷавонони худогоҳу худшинос имрӯз бо он ҳама ифтихору садоқат ба ватани маҳбуб намунаи дигарон гардида,  дар замири насли наврас ғуруру ифтихори миллиро бедор намуда, ҷаҳони ботинии онҳоро рангин мегардонанд. Яке аз чунин ҷавонони соҳибкасб ин Маҳмадкошиф Рӯзиев мебошад, ки имрӯзҳо дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мастчоҳ дар шӯъбаи шиносномадиҳӣ фаъолият дорад.

Маҳмадкошиф Рӯзиев санаи 10-уми ноябри соли 1979 дар деҳаи Табушн чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Айёми тифлии Маҳмадкошиф  дар зодгоҳаш  сипарӣ гашта, соли 1987 ба мактаби миёнаи №13 меравад ва онро соли 1997 бомуввафақият ба охир мерасонад. Пас аз хатми дабистон  Маҳмадкошиф таҳсилро дар коллеҷи  кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ идома дода,  онро бо дипломи сурх  хатм менамояд.  Майли зиёди омӯзиш ӯро ором нагузошт ва Маҳмадкошиф барои идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳи аграрӣ супорида, соли 2005 онро ба охир мерасонад.

Бо ин ҳама қаноат накарда Маҳмадкошиф ба хотири идомаи таҳсил боз ба омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ дохил мешавад ва онро  соли 2007 хатм менамояд. Баъдан тӯли чанд сол дар мактаби миёнаи №13 фаъолият менамояд. Аз соли 2007 инҷониб дар шӯъбаи корҳои дохилии  ноҳияи Мастчоҳ дар шӯъбаи шиносномадиҳӣ фаъолият дорад. Рӯзиев Маҳмадкошиф ҷавони хоксору фурӯтан ва ташкилотчӣ буда, ҳамеша мекӯшад, то ба мардум хидмат намояд. Ба андешаи ӯ хидмат ба мардум шараф аст ва дар муносибату муошират  бо мардум самими буданро муҳим медонад. Ӯ ҷавонест, ки қалбаш саршор аз ғурури миллӣ, ифтихори ватандориву меҳри ватанпарастии бепоён аст.

Рӯзиев Маҳмадкошиф ҷавони фаъол буда, дар зиндагӣ хайрхоҳи халқ буданро шиори худ кардааст. Дуои падар ҳамеша маро қуввату маншаи пешравиҳои кор аст-мегӯяд Маҳмадкошиф. Воқеан, имрӯз Маҳмадкошиф ҳамеша бо мардум сарукор дораду  кӯмакрасони онҳост.

А. Фаридун

Add comment


Security code
Refresh