Кўдакон аз чӣ нороҳат мешаванд?

Саломатӣ барои ҳар як инсон хеле муҳим аст. Бо мақсади огоҳ намудан аз бемории стоматит, сабабҳои пайдоиш ва муолиҷаи он ба хонадагони гиромӣ маводеро пешкаш менамоем.

Стоматит-бемории илтиҳоб (варам)-и луобпардаи ковокии даҳон мебошад.

Сабабҳои асосии пайдоиши ин беморӣ занбўруғҳо, вирусҳо ва бактерияҳо мебошанд. Инчунин стоматитҳо метавонанд, дар натиҷаи таъсири воситаҳои доруворӣ пайдо гардида, аломати зуҳури бемориҳои гуногун низ мебошад.

Вобаста ба сабабҳои пайдошавӣ ва дараҷаи иллатнокии луобпарда 4 намуди ин беморӣ фарқ карда мешавад: стоматитҳои назлавӣ (катаралӣ), захмӣ, барфшакл (афтозӣ - ҳерпетикӣ) ва занбўруғӣ (ба забони русӣ молочниӣа) мегўянд. Барои он ки ҳар намуди он ба хонандагон равшантар эҳсос шавад, онро мухтасар шарҳ медиҳем:

- Стоматити назлавӣ бо пурхунӣ дар илми тиб гиперемия ном дошта, бо варамнокии луобпардаи ковокии даҳон, оби даҳонравӣ падидор мешавад. Стоматити захмӣ низ чун гиперемия бо варамнокии луобпардаи ковокии даҳон, оби даҳонравӣ ва инчунин дар луобпарда захмҳо пайдо мешаванд. Дар ҳолатҳои вазнинӣ захмҳо чуқур шуда, порашавии бофтаҳо инкишоф меёбад. Ҳангоми қабули ғизо дард пайдо мешавад. Ҳарорати бадан баланд, аломатҳои заҳролудшавӣ пайдо ва ғадудҳои лимфавии канорӣ калон мешаванд.

Ҳангоми стоматити назлавӣ аз рўи қоида танҳо муолиҷаи мавзеӣ гузаронида мешавад, ки аз коркарди луобпардаи ковокии даҳон бо воситаи зиддисептикӣ (маҳлули фурасилин 1:5000, ҷўшобаи пўсти дарахти булут, дамобаи бобуна, календула) иборат аст.

- Стоматити ҳерпетикӣ (афтозӣ - барфшакл) яке аз аломатҳои сирояти ҳерпетикӣ аст. Нишони падидории ин беморӣ гиперемия, варамнокии луобпардаи ковокии даҳон ва оби даҳонравӣ мебошад. Вазъияти умумӣ, ба монанди стоматити захмӣ буда, баланд шудани ҳарорат, аломатҳои заҳролудшавӣ, калон шудани ғадудҳои лимфавии мавзеӣ ба назар мерасанд. Дар луобпарда пай дар пай доғ, ҳубобча, барфакчаҳо (афтаҳо) пайдо мешаванд. Афтаҳо ба монанди доғҳои зарду сафед буда, нисбат ба луобпарда баландтар ҷойгир мешаванд. Миқдори афтаҳо гуногунанд (аз як-ду адад ё зиёда аз он) онҳо ба пайвастшавӣ майл доранд. Давомнокии ин беморӣ аз 7 то 10 рўз мебошад.

Дар муолиҷаи стоматити ҳерпетикӣ ҳатман дорувориҳои зиддивирусӣ таъин карда мешавад. (асикловир, малҳами оксалинӣ, интерферон).

- Стоматити занбўруғӣ. Ин намуди стоматит бештар дар кўдакони ширмак вомехўрад. Барфак низ ба монанди дигар намудҳои стоматит бо гиперемия, варамнокии луобпардаи ковокии даҳон, оби даҳонравӣ зоҳир мегардад. Дар луобпардаи лаби даҳон ва лунҷ ғуборпардаи сафед, ба монанди шири бурида пайдо мешавад. Дар кўдаки ширхор ҳолатҳои аз ширмакӣ рўй гардонидан ва бетоқатии кўдак ба назар мерасад.

Ҳангоми стоматити занбўруғӣ дорувориҳои зиддизанбўруғӣ таъин карда мешавад (нистатин, леворин). Ба сифати муолиҷаи ҷузъӣ маҳлули 2-фоизаи сода, метилени кабуд, натрий, тетраборатро истифода мебаранд.

Ҳангоми муолиҷаи бемории стоматит бо воситаи ғизои оқилона ва нўшокии бисёри витаминдор хеле муфид аст. Fизо аз ҷиҳати механикӣ, химиявӣ, термикӣ бояд эҳтиёткорона интихоб карда шавад. Ғизо ба шахси бемори стоматит бояд дар шакли моеъ ё ниммоеъи ширгарм дода шавад. Дар баробари ин бемор бояд аз хўрокҳои тез, тунд ва шўр худдорӣ намояд.

Мафтуна ШОКИРОВА,
омўзгори кафедраи
«Бемориҳои бачагона»-и
Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh