Барномаи “Соли 2017 - Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ”

Арзиши об аз қадру қимати нафту газ ва дигар манбаъҳои энергетикӣ кам нест.

Эмомалӣ Раҳмон

Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ баҳри таъмини аҳолӣ бо оби хушсифати ошомиданӣ «Соли 2017 – Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ» эълон гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги оби ошомиданӣ буда, аз рўи захираҳои умумӣ дар ҷаҳон ҷои ҳаштумро ишғол менамояд. Дар асоси маълумоти сарчашмаҳо, захираи об дар рўи замин 1,4 млрд. километри мукааб буда, аз он 97,5 фоизаш оби шўри баҳру уқёнусҳо мебошад. захираи оби ширин дар рўи замин беш аз 30 миллион километри мукааб буда, тақрибан 29 миллион километр мукааби он дар ҳолати ях ва пирях маҳфуз аст.

Тоҷикистон дорои 947 рўду дарё, 1300 кўл ва сарчашмаҳо буда, захираи обҳои зеризаминиаш ба 6,8 км. мураббаъ баробар аст. Ҳамчунин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9550 пирях бо масоҳати умумии 8500 километри мураббаъ, 947 дарё бо дарозии 30 000 км, 1300 кўл бо масоҳати 705 километри мураббаъ, 56 обанбор бо ҳаҷми умумии 46,4 километри мукааб дар ҳавзаи дарёҳои Сир ва Аму қарор доранд.

Муносибати ғайриоқилона ба табиат, рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, сол аз сол зиёд гардидани шумораи аҳолӣ, тағйирёбии иқлими саросарии олам боис гардидаанд, ки захираҳои оби нўшокӣ кам шуда, тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии мамлакатҳои ҷаҳон аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ хоҳанд кашид.

Бо назардошти хавфи глобалии масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2005 аз минбари Созмони Милали Муттаҳид даъват ба амал оварданд, ки солҳои 2005-2015 Даҳсолаи амалиёт «Об-барои ҳаёт» эълон карда шавад.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки ин ташаббуси Сарвари давлати тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд ва қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» эълон гардид.

Қобили зикр аст, ки бо пешниҳоди навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид соли 2013-ро “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об” эълон намуд. Шоистаи ифтихор аст, ки ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар таҳкими солҳои 2018-2028 бахшидан ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувор марбут ба захираҳои обро ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ намуд ва 21 декабри соли 2016 қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид.

Тавре ки Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 таъкид доштанд, «Татбиқи фарогири Даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳими давраи наздик ба шумор меравад». Ин ибтикороти созандаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об ба тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар арсаи ҷаҳон, ҳалли масоили муҳими вобаста ба ҳаёти инсоният нигаронида шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаҳои болозикр 1,5 миллион нафар сокинон бо шароити беҳтари истифодаи об таъмин шуда, зиёда аз 600 ҳазор нафар ба истифодаи оби тоза дастрасӣ пайдо карданд. Бо вуҷуди ҳамин ҳам, айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11,5 фоизи аҳолӣ, аз ҷумла сокинони вилоят дастрасӣ ба оби нўшокии хушсифатро надоранд.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ бо маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд имрўзҳо «Барномаи лоиҳаи беҳтар намудани низоми таъминоти оби нўшокии минтақаи шимоли Тоҷикистон» мавриди амал қарор дошта, дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Гулистон, Истиқлол, Бўстон ва ноҳияи Бобоҷон Fафуров як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда бошад ҳам, нокифоя мебошад.

Омўзиши ҳолати воқеии бунёди маҳалҳои нави аҳолинишин дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нишон дод, ки ҳангоми ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди деҳаю шаҳракҳо, манбаъҳои об, сохтмони хатти оби ошомиданӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳои асосию байни маҳаллаҳо, хатҳои ташноб ва дигар иншоотҳои ёрирасон бе нақшаи кулл таҳия гардидааст, ки аз ин сабаб дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ пурра ҳалли худро наёфтааст.

Бинобар ин, имрўзҳо ҳангоми бунёди шаҳракҳои навбунёди Сайҳун дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров, Моҳпарии шаҳри Исфара, Меҳргони ноҳияи Мастчоҳ ва Баҳористони шаҳри Истаравшан сохтмони манбаъҳои обтаъминкунӣ ва хатҳои обрасонӣ тибқи нақшаи генералӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин таҷрибаи аввалин мебошад. Ин корҳои анҷом додашуда боис гардид, ки сохтмони манзили шахсони алоҳида ва иншоотҳои маишию иҷтимоӣ бо суръати тез амалӣ шуда истодааст.

Аз ин лиҳоз, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ баҳри таъмини аҳолӣ бо оби хушсифати ошомиданӣ «Соли 2017 – Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ» эълон гардид.

Мақсади асосии Барнома ин бо оби тозаи нўшокӣ таъмин намудани аҳолии вилоят ва ба ин васила пешгирии хурўҷи касалиҳои сирояткунанда, ҳифзи саломатии одамон, аз ҷумла кўдакону наврасон мебошад. Зеро манбаъҳои таъмини оби ошомиданӣ дар вилоят асосан обҳои зеризаминӣ ва рўизаминӣ буда, қисмати онҳо ба обҳое мансубанд, ки дуруштии 15-22 млн. экв/л дошта, маъданнокии онҳо 10 г/л ва аз ин зиёдро ташкил медиҳад, ки истеъмоли онҳо бе коркарди аввалия ғайриимкон аст.

Инчунин, кўҳнаву фарсуда будани шабакаҳои обтаъминкунӣ, ки қисмати зиёди онҳо солҳои 1960-1980-и асри гузашта сохта шуда, давоми солҳои зиёд таъмиру таҷдид карда нашудаанд. Дар натиҷа, ин боиси паст гардидани сифати оби нўшокӣ, ки ба саломатии истеъмолкунандагон хатарнок буда, сабабгори пайдоиши касалиҳои сирояткунанда дар деҳот ва шаҳракҳо мебошад.

Айни замон аз 18 марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 15 тои онҳо дорои системаи марказонидашудаи таъминот бо об мебошанд, ки мавриди истифодаи сокинон қарор дорад. Аҳолии ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон ва ҷамоати деҳоту шаҳракҳои дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз манбаъҳои гуногун, аз қабили чашма, чоҳҳои дорои обкашаки дастӣ, ҷўйбор ва дигар манбаъҳо, ки аз лиҳози санитарию эпидеомологӣ хатарнок аст, истифода мебаранд.

Иҷрои Барнома дар асоси татбиқи маҷмўи тадбирҳои зерин, ки бо ҳам алоқамандии зич доранд, амалӣ мегардад:

- таъмири хатҳои обтаъминкунӣ ва кашидани хатҳои нави обтаъминкунӣ, кофтани чоҳҳои амудӣ амалӣ карда шавад;

 - ташхиси сифати оби ошомиданӣ аз манбаъҳо, ба монанди ҳавзҳо, чашмаҳо, чоҳҳои амудӣ истифодашаванда;

- сохтмони чоҳҳои амудӣ ва ҳавзҳои захиравӣ;

- безараргардонии обҳои истеъмолӣ бо воситаи заҳрхимикатҳо;

- харидорӣ намудани техникаву механизмҳои махсус гардонидашуда;

- сохтмони хатҳои обтаъминкунӣ;

- гузаронидани мониторинги таъминоти сокинони шаҳраку деҳот бо оби ошомиданӣ;

- мунтазам ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ тавассути ВАО ҷиҳати сарфакорона истифода намудани об;

- таҳияи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалӣ намудани самтҳои асосии Барнома барои солҳои 2017-2018.

Маблағгузории самтҳои асосии Барнома аз буҷетҳои вилоят, маҳаллӣ, аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои обтаъминкунӣ ва соҳибкорону аҳолӣ сарчашма мегирад. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла:

- Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (ИРООН);

- Агентии Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба рушди байналмилалӣ (ҒSAID);

- Ассотсиатсияи ҳамкориҳои байналмилалии Япония (ЛСА):

- Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ);

- Иттиҳоди Аврупо;

- Агроаксияи Олмон;

- Ташкилотҳои ғайридавлатии ОКСФАМ-и Британияи Кабир;

- Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ;

- Бонки Осиёии Рушд;

- Бонки умумиҷаҳонӣ;

- Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва ғайраҳо, ки дар ин самт ҳамчун шарик ҳамкорӣ мекунанд.

Дар натиҷаи амалишавии Барномаи вилоятии «Соли 2017- Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ» ҳолати хатҳои обтаъминкунӣ ва иншоотҳои обистеҳсолкунӣ ба эътидол омада, хароҷотҳои садамавии хатти оби нўшокӣ кам, ҳаҷми обрасонӣ зиёд, сифати хизматрасонӣ беҳтар ва шумораи обистифодабарандагон аз оби тозаи ошомиданӣ зиёд мегардад.

Инчунин, татбиқи Барномаи мазкур ба рушди соҳибкорӣ, пешравии ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти вилоят, паст гардидани сатҳи камбизоатӣ, беҳдошти саломатӣ, ҳифзи аҳолӣ аз паҳншавии бемориҳои сирояткунанда ва пешгирии онҳо мусоидат менамояд.

Add comment


Security code
Refresh