Роҳандозии такмили ихтисоси кормандони миёнаи тиб

Ҳукумати Тоҷикистон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кўмаки аввалияи тиббиву санитарӣ аҳамияти хосса медиҳад.

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чуноне ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, алҳол зарурати беҳтар намудани сифати нерӯи кадрии соҳа, таъсиси низоми самараноки таҳсилоти тиббӣ бо дарназардошти ҳавасмандсозии кормандони соҳа, беҳтар кардани вазъи бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва бемористонҳо дар як қатор ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, азхудкунии технологияҳои муосири тиббӣ, инчунин, баланд бардоштани одоби муоширати кормандони соҳа аз ҷумлаи мушкилоти ҳалталаб мебошанд.

Бахусус, солҳои охир дар самти такмили ихтисоси кормандони миёнаи тиб мушкилиҳо ҷой доштанд, ки сабаби асосиаш аз маркази вилоят дур будани шаҳри Исфара ва хароҷоти зиёдро талаб намудани сафари эҳтиёҷмандон, ки аксарияташон занонанд, вобаста ба гузаштани курсҳои такмили ихтисос дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе ба ҳисоб мерафт.

Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара», ки тўли фаъолияташ дар самти таъминоти муассисаҳои табобатӣ бо ҳамширагони тиб саҳми арзанда мегузорад, иқдоми неку саривақтиро амалӣ намуд. Тибқи дархости ҳамширагони тиббии муассисаҳои табобатии шаҳру деҳоти Исфара, аз тарафи «Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара» аз 23 июни соли 2015 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол гардида буд.

Ҷавобан ба ин дархостҳо санаи 6 октябри соли 2016 Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозии кормандони миёнаи соҳаи тиб, инчунин барои такмили ихтисоси кормандони миёнаи тиб дар ихтисосҳои кори ҳамширагӣ ва кори умумитиббӣ дода шуд.

Ҳамзамон, Барномаҳои таълимӣ барои 11 мавзўъҳои мухталифи вобаста ба такмили ихтисос таҳия гардида, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуданд.

Ба тариқи озмун мутахассисони варзида ба кор гирифта шуданд.

Дар мувофиқа бо беморхонаи марказӣ бо назардошти наздик шудани макони таҳсил ба ҷойи кори эҳтиёҷмандон 4 ҳуҷраи таъмирталаби собиқ бинои ташхисгоҳи биокимиёвӣ аз ҳисоби маблағҳои Коллеҷи тиббӣ ба маблағи 28 804 сомонӣ пурра азнавсозӣ шуда, ҳуҷраи таълимӣ бо лавҳаи электронӣ, оргтехника, ноутбукҳою компютерҳо ва принтер, мизу курсӣ ва ҷевонҳои нав ҷиҳозонида шуданд ва шароити беҳтарин барои ташкили машғулиятҳо бо кормандони тиб муҳайё карда шуд. Нуқтаи ИНТЕРНЕТ пайваст гардида, баҳри бехатарии нигоҳдошти ашёву лавозимот ду адад камераҳои назоратӣ насб карда шуданд.

Дар маҷмўъ, 56 000 сомонӣ аз ҳисоби махсуси Коллеҷи тиббӣ барои таъмиру азнавсозӣ ва таҷҳизонидани ҳуҷраҳои таълимӣ масраф гардид.

Бояд зикр намуд, ки ташкили шўъбаи такмили ихтисос дар назди МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара» аз аввалин иқдомот дар миқёси ҷумҳурӣ, ки он баробари мусоидат ба баландшавии сатҳи дониши ҳамширагони тиббии фаъолиятдошта ҳамчун омили баландбардории сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. 

Гулрабо БОБОЕВА,
директори МДТ “Коллеҷи
тиббии шаҳри Исфара”

Add comment


Security code
Refresh