Тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии маъюбон

Санаи 24 май дар Маркази фарҳангии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба масъалаҳои солимгардонӣ, тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои имконоти маҳдуди ҷисмонӣ баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ, роҳбарият ва масъулини мақомоту шўъбаҳои мухталиф, аз ҷумла, намояндагони сохторҳои соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанги вилоят, сардорони шўъба ва Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, сарварону кормандони беморхонаву Марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим иштирок намуданд.

Исомаддин Саидаминзода-сардори шўъбаи ҳифзи иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба мўҳтавои «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» маълумоти муфассал дода, қайд намуд, ки дар вилоят шумораи маъюбон агар дар соли 2010-ум 53 ҳазорро ташкил дода бошад, алҳол ба санаи 1 майи соли 2017 шумораи ин гурўҳи осебпазир 47 ҳазору 93 нафар мебошанд, ки нисбатан кам гардидааст.

Назира Fаффорӣ-муовини Раиси вилоят бобати рафти иҷрои Барномаи мазкур ҳарф зада, аз фаъолияти раисону масъулини шаҳру навоҳии вилоят дар ин самт изҳори нигаронӣ намуд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки баҳри боз ҳам беҳтар намудани шароити истироҳативу фароғатӣ, хизматрасонии босифати тиббӣ, ташхису муоинаи ройгон, саривақт дастрас намудани нафақаи маъюбӣ мусоидат намоянд.

Ҳамзамон дар фарҷоми ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, масъулин вазифадор карда шуданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар мўҳлатҳои муайяншуда ислоҳ намоянд.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh