Ифтитоҳи маркази ташхисию табобатӣ дар ноҳияи Спитамен

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен ба мумфаршкунии кӯчаи ба номи А. Саидови деҳаи Сафедтеппаи ноҳия ҳусни оғоз бахшид.

Тавре иттилоъ дода шуд, масофаи роҳи мумфаршшаванда  1,2 километрро ташкил медиҳад ва он бо саҳмгузории сокинону соҳибкорони маҳаллӣ таҷдид хоҳад шуд.

 

Зимни суҳбат Раиси вилоят иқдоми сокинонро кори хайру савоб унвон карда, изҳор дошт, ки дар чанд соли ахир ҷиҳати таъмиру барқарорсозии роҳҳои мошингард барномаи махсуси вилоятӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки дар натиҷа ҳолати 15 ҳазор км роҳҳои ҳудуди вилоят беҳтар карда шуд.

Дар деҳаи Сафедтеппаи ноҳияи Спитамен Раиси вилоят ҳамзамон бо нақшаи шабакаи обтаъминкунии деҳаи мазкур шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки кашидани хатти оби нӯшокӣ дар ин минтақа дар асоси созишномае, ки миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шветсария ба тасвиб расидааст, амалӣ мешавад. Зимни шиносоӣ Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки корҳои боқимондаро бо сифати баланд ба анҷом расонанд. Бо татбиқи лоиҳаи мазкур сокинони деҳаи Сафедтеппа бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегарданд.

Дар идомаи сафар Абдураҳмон Қодирӣ аз хоҷагии деҳқонии “Арбоб” боздид намуд. Кишоварзони ин хоҷагии деҳқонӣ дар ин рӯз ба чиниши пахта оғоз намуданд. Дар асони суҳбат бо деҳқонон Раиси вилоят изҳор дошт, ки ба кишти маҳсулоти полезӣ ва ташкили гармхонаҳо низ бояд таваҷҷуҳи хоса дода шавад.

Худи ҳамин рӯз бо иштироки Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен маркази ташхисию табобатӣ ба истифода дода шуд. Маркази ташхисию табобатӣ аз ҷониби соҳибкор Ҷонибек Набиев бунёд гардидааст. Бинои маркази ташхисию табобатӣ аз чор ошёна иборат буда, дорои 40 кат ва ҳуҷраҳои ташхису табобат мебошад. Бо баробари ба фаъолият оғоз кардани марказ 20 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Ҳангоми боздид аз ин марказ Раиси вилоят ба шароити мавҷуда баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат арзёбӣ кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh