Зарурати бозорҳои миёнмарзӣ

Таҷрибаҳо исбот намудаанд, ки давлатҳои серсарҳад шароити зиёди воридот ва содиротро дошта, имконияти аз дигар бозорҳои минтақа тезтару хубтар нигоҳ доштани мувозинати нархҳоро соҳибанд. Азбаски шимоли Тоҷикистон низ ҳамчун минтақаи серсарҳад бо кишварҳои Ўзбекистон ва Қирғизистон ба шумор меравад, табиист, ки дар нуқтаҳои бештари он бозорҳои наздисарҳадӣ зиёд ба чашм мерасанд. Ин гуна бозорҳо то кадом андоза ба гуфтаҳои болоӣ таъсиргузорӣ доранд?

Бозор мизони нарху макони инсоф аст!

Шурўъ аз солҳои Истиқлолият тақрибан ҳар рўз бозор буда, теъдоди бозорҳо низ афзудаанд. Яке аз ҳадафҳои зиёд шудани бозор низ торафт арзон ва дастрас пешниҳод шудани молу коло ба мардум аст. Аммо раванди таҷриба ва мушоҳидаҳои имрўза нишон медиҳанд, ки нархгузориҳои беинсофона рўз ба рўз гиребони мардумро гирифта истодаанд. Торафт дирам ба дирам нархи маҳсулот меафзояду халос.

Коршиносон яке аз роҳҳои пешгирии чунин худкомагии нархгузориро дар боз кардани бозорҳои муштараки миёнмарзӣ (на наздисарҳадӣ) унвон мекунанд.

Ғафур Азизов,номзади илмҳои иқтисодӣ, иштирокчии форуми «Ривоҷи тиҷорати наздисарҳадӣ» дар Боткент, (моҳи майи соли равон бо дастгирии Барномаи рушди СММ баргузор шудааст) ба ин назар аст, ки дар шароити имрўза роҳи ҳалли паст кардани нархҳо воридоти бештари маҳсулот аст.

-Барои чунин амалро роҳандозӣ кардан сиёсати иқтисодӣ ва геоиқтисодӣ талаб менамояд, ки дар шароити имрўз мисли кишварҳои пешрафта дар сарҳадҳо зарурати созмон додани бозорҳои муштараки миёнмарзӣ пеш омадааст. Албатта бо шарти он, ки бозорҳои сарҳадӣ набояд аз ҷониби мақомотҳои андозситонии ду кишвар таҳти назорат қарор дода шаванд. Ин гуна бозорҳо дар кишварҳои Марокаш ва Қатару Индонезия, Малайзия, Вйетнаму Ҷопон бештар ба назар мерасанд. Таҷрибаи онҳо исбот намудааст, ки дар натиҷа ба мардум нархи маҳсулот арзон пешниҳод мешавад,-мегўяд Ғафур Азизов.

Соҳибназарон чунин ибтикорро ҷонибдорӣ намуда, назорати шадиди кишварҳои ҳамҷаворро пеш мегузоранд. Аксарият зимни сўҳбат иброз медоранд, ки баъзан дар чунин ҳолат вазъияте пеш омаданаш мумкин аст, ки шояд афроди фурсатталаб ин гуна бозорҳоро ба фурўши маҳсулоти мамнўъ табдил диҳанд. Аммо ҳангоми аз гумруки ду ҷониб убур кардан маҳсулотҳои ба бозорҳои миёнмарзӣ воридмешуда бояд таҳти назорати амиқу дақиқ қарор дода шаванд, то фаъолияти онҳо ба бозори сиёҳ табдил наёбад.

- Дар он сурат мизони нархҳо рўйи кор омада, ба макони инсоф табдил ёфтани бозор исбот мешавад. Вагарна, имрўз ҳар тоҷиру нимтоҷир баҳонаи иқтисоди бозоргонӣ нархи дилхоҳашро гузоштан мегирад, -мегўяд Ғафур Азизов.

Мисоли барҷаста, дар арафаи соли таҳсили нав нархи сарулибоси мактабӣ дар бозорҳо то ҳадде беинсофона гузошта шуд, ки сокинон низ ноилоҷ лом накафонида, бо нархи «худам шоҳу табъам вазир»-и бозорнишинон муросо карданду хариданд.

Як куртаи сафеди духтаронаи мактабӣ наход аз 60 то 90 сомонӣ арзиш дошта бошад? Тадқиқоти ҷурналистии мо нишон дод, ки айнан чунин курта на беш аз 25 сомонӣ ба таври яклухт аз ҷониби бозорнишинон харидорӣ мешудааст. Нархи шиму фартуку пешдоману сарафан боз як таҳлили дигари дилбазанро талаб менамояд, ки ҳолати он аз курта бадтар аст.

Сарҳадҳои тоҷикону қирғизҳо-айни муддао

Таҳлилгарон новобаста аз баъзе танишҳои сарҳадӣ миёну сокинони Тоҷикистону Қирғизистон созмон додани бозорҳои муштараки миёнмарзиро байни ду кишвар айни муддао мехонанд.

Абдухалил Шарифов, яке аз фаъолони ҷамъиятӣ, собиқ хизматчии давлатӣ, сокини деҳаи Хоҷаи Аълои Ҷамоати Чоркўҳ ба ин назар аст, ки маҳз ба хотири коҳиш додани ҷидолҳои сарҳадӣ миёни қирғизҳову тоҷикон созмон додани бозори муштарак тадбири беҳтарин аст.

- Бо як тир ду нишон мешавад, ҳам нархҳо арзон ва ҳам дўстии халқҳо мисли пештар худ аз худ барқарор мегардад. Аммо баъзе ҷанбаҳои қонунии ду кишвар бояд ҳатман ба назар гирифта шаванд, ки боиси зиёни ду кишвари ҳамҷавор нагардад, -мегўяд А.Шарифов.

Бояд тазаккур дод, ки шимоли Тоҷикистон дар мавзеъҳои Ворух, Чоркўҳ, Сурх, Гулистон бо вилояти Боткент ва Хистеварзу Овчиқалъача бо вилояти Лайлаки ин кишвар ҳамсарҳад аст. Ҳамзамон, як манфиати дигар низ вуҷуд дорад, ки Қирғизистон дар қаламрави Иттиҳоди гумрукӣ қарор дорад ва аксари молу коло бидуни ситонидани боҷи гумрукӣ ба ин ҷумҳурӣ ворид мешавад. Аз ин зовия, бозорҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон боиси боз ҳам арзонтару дастрас шудани маҳсулоти ниёзи мардум мегардад.

Гузашта аз ин, аз рўйи таҳлили иқтисодшиносон тибқи созишномаҳои байнидавлатии Қирғизистону Чин низ боҷҳои гумрукии ин ду кишвар хеле тарофаҳои паст дорад. Аз ин самт низ, метавон маҳсулоти истеҳсоли Чину Корея ва Ҷопонро ба бозорҳои сарҳадӣ ворид сохт, ки барои Тоҷикистон пайти хуби иқтисодӣ низ мешавад.

Ибтикори мондагору оғози дастфишониҳо

Соҳибназарон чунин ақида доранд, ки агар ин ибтикор байни Қирғизистону Тоҷикистон роҳандозӣ карда шавад, албатта дере нагузашта ин гуна бозорҳои миёнмарзии муштараки байни Ӯзбекистону Тоҷикистон низ ифтитоҳ мешаванд. Зеро, сиёсати бародаронаи кишвари Ӯзбекистон низ вақтҳои охир дарак медиҳад, ки хоҳон ва толиби иртиботи қавӣ бо Тоҷикистон аст. Аз ин рў, чунин иқдом ба дигар кишварҳо низ сирояти мусбат намуда, боиси арзонтар гаштани маҳсулот ба сокинон мегардад. Чунин фарзияҳои зикршударо аксари коршиносон дурнамо ва иқдоми башардўстона унвон мекунанд.

Коршиноси масоили ҷамъиятӣ Баҳром Файзуллоев, ки собиқаи зиёди корӣ дар баҳсҳои сарҳадӣ дорад, ин фикрро ҷонибдорӣ менамояд.

-Азбаски бархўрди мо аксаран дар ҳолатҳои баҳсҳо рўйи кор омадааст, як чизро аз сокинони ду ҷониб эҳсос мекунам, ки хоҳони ягон иқдоме мебошанд, то дўстиро аз нав барқарор кунанд. Гумон мекунам, роҳандозии бозорҳои миёнмарзӣ ба ин чиз мусоидат менамояд. Айнан бо чунин ният Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БР СММ) Лоиҳаеро татбиқ карда истодааст, ки барои ривоҷи тиҷорати Тоҷикистону Қирғизистон нигаронида шудааст. Аз ҷумла, яке аз бахшҳои ин лоиҳа боз кардани бозорҳои миёнмарзӣ мебошад,-мегўяд коршинос Баҳром Файзуллоев.

Аз рўи гуфтаи мавсуф бармеояд, мушкилоте, ки алъон пешорўйи амалӣ шудани ин бахши лоиҳа қарор дорад, дақиқ набудани аломатҳои сарҳадии ду кишвар будааст. Аммо ба таъкиди коршиносони дигар бо вуҷуди мушкилоти номуайянии аломати сарҳадҳо дар сурати ба тавофуқ расидани ҷонибҳо созмони бозори миёнмарзӣ имкон доштааст.

Дар бобати бо кишвари Ӯзбекистон бошад, таҳлилгарон ба ин назаранд, ки алъон мушкили раводиди ду кишвар (виза) боиси монеаи ин лоиҳа хоҳад буд. Аммо умедвории аксарият ба он нигаронида шудааст, ки бо Ӯзбекистон низ дар ояндаҳои наздик чунин идея ҳатман татбиқ хоҳад шуд.

Як нукта қобили зикр аст: Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҳар се давлат номгўи махсуси маҳсулоти дохилии худро доранд, ки ба ҷуз равуову ба бозорҳои ҳамдигар пешниҳод кардани он, дигар харидоре пайдо намешудааст. Аз ин хотир, бисёр хуб мешуд, ки дар пешорўйи мушкилоти глобалии иқтисоди ҷаҳонӣ риштаи рафоқату ҳамбастагӣ ҳарчӣ зудтар ба ҳамдигар дароз карда шавад.

«Шиноснома»-и дўстӣ

Имрўзҳо низ бо вуҷуди набудани бозори муштарак тоҷикону қирғизҳо байни ҳам дар сарҳадот бидуни мамониат равуо доранд. Ба виҷа, миёни сокинони ҷамоати Арқа ва Хистеварз, миёни Исфара ва Боткент, Овчиқалъача ва Лайлак иртиботи дўстона боқӣ мондааст. Молу маҳсулоти ду ҷониб дар фазои ҳамсоягии хуб харидаву фурўхта мешавад.

Хушбахт Сайфиддинов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз Боткент ва дар паҳнои ин вилоят маҳсулот оварда, бар ивазаш биринҷ бурда мефурўшад, муносибати мақомоти сарҳадии Қирғизистонро айни ҳол хуб арзёбӣ менамояд.

- Ман биринҷ мебарам, аз он ҷо моли зиндаи шохдор ва меваи хушк меорам. Гоҳ-гоҳ дўстони қирғизам низ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров овардани ягон намуди маҳсулотро хоҳиш мекунанд. Дар ҳар ду ҳолат ҳам ягон бор ба монеае дучор нашудаам. Ҳарчанд ду-се сол қабл камтар муносибат ба сардӣ гароида буд, бо вуҷуди ин, худи дўстони қирғизистониам меваҳои хушк ва дигар маҳсулоти ниёзи бозори моро ба ман дастрас мекарданд. Ҳангоми рафтан ба Лайлак ягон бор ягон нафаре нисбати мо носазо нагуфтааст. Баръакс, онҳо низ мисли мо хоҳони иртиботи қавии дўстиву бародарӣ ва ҳамсоягианд. Ба ғайр аз ин, дўстони қирғизистониам низ борҳо ба бозорҳои мо меоянд, касе онҳоро дар бобати убури марз ғам надодааст, -мегўяд Хушбахт Сайфиддинов.

Вақте пурсидам, ки дар бозорҳои Лайлак вақте гаштугузор мекунад, аз ў шиноснома намепурсанд? Ҳамсўҳбатам хандиду гуфт:

- Он ҷо шиносномаи мо дўстӣ аст. Ҳеҷ кас ба ҳеҷ кас коре надорад. Воқеан, миёни Тоҷикистону Қирғизистон раванди раводид вуҷуд надорад. Аз мусоҳибаҳо бармеояд, ки сокинони ҳарду ҷониб бидуни мамониат равуо доранд.

Зимни сўҳбат Баҳром Файзуллоев тавре иттилоъ дод, идеяи ифтитоҳи бозорҳои миёнмарзӣ ҳанўз соли 2012 пайдо шуда будааст. Аз рўйи гуфтаи мавсуф бармеояд, алъон БР СММ Лоиҳаи ҷадид, ки аз апрели соли равон оғоз шудааст, дар се минтақаи сарҳадӣ: Исфара-Боткент, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров-Лайлак ва Лахш-Чон-алай таҳкими равобити тиҷоратӣ ва аз ҷумла, боз шудани бозорҳои миёнмарзиро рўйи даст доштааст.

Тавре аз сўҳбатҳо аён гардид, ҳар мушкилеро роҳи ҳал ҳаст. Агар имрўз дар дохили кишвар сокинон шиква аз гаронии маҳсулоти ниёзи рўзгорашон мекунанд, коршиносон умедворанд, ки дар сатҳи ду давлати ҳамҷавор-Тоҷикистону Қирғизистон бо дар назардошти роҳҳои ҳалли он ба натиҷаҳои мусбат мерасанд.

Бо он, ки дар вилояти Суғд бозорҳои наздисарҳадӣ хеле зиёданд, дар ҳоли ҳозир барои коҳиш додани нархи маҳсулот ягон таъсири мусбат расонида наметавонанд. Фақат ин, ки тоҷирону сокинони ҷонибҳо интизори боз шудани бозорҳои миёнмарзиро интизоранд.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh