Шукри оби равон

Наздик як моҳ пеш сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Унҷӣ ва ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Fафуров аз оби полезӣ танқисӣ мекашиданд.

Аввали моҳи августи соли равон бо дастгирии Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ пойгоҳҳои обкашии «Унҷӣ-1» ва «Унҷӣ-2» аз мувозинат (баланс)-и Ҷамъияти саҳҳомии ба номи С.Ўрунхўҷаев гирифта, ба мувозинати Муассисаи давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоят гузаронида шуд. Пас аз ин, яъне аз 7 август оби полезӣ ниҳоят фаровон гашт, ки мардум аз ин хушҳоланд, зеро майдони наздиҳавлигӣ ва заминҳои кишт бо об таъминанд.

Собиқадори соҳаи обрасонӣ Абдулаким Ваҳҳобов, ки зиёда аз 55 сол дар ин соҳа фаъолият намудааст, гуфт:

- Пойгоҳҳои обкашии «Унҷӣ-1» ва «Унҷӣ-2» 1 июни соли 1952 аввалин бор ба заминҳои колхози «Москва» (ҳоло Ҷамъияти саҳҳомии «Ўрунхўҷаев») об додаанд. Аз ин пойгоҳҳо каналҳои «Унҷӣ-1» (2,5 км) ва «Унҷӣ-2» (5 км) ибтидо меёбанд. Бо воситаи ин каналҳо заминҳои колхоз дар минтақаҳои Унҷӣ, Оқтеппа, Арбоб, Кулангир, Шайхбурҳон, Рўмон шодоб мешуданд. Инчунин, қисман колхозҳои ба номи Фрунзе (ҳоло Пўлод Бобокалонов) ва «40-солагии Октябр (алҳол Раҳмон Набиев), инчунин Трести кабудизоркунии шаҳри Ленинобод (ҳоло шаҳри Хуҷанд) бо оби дарёи Сир таъмин мешуданд.

Хулоса, заминҳои наздиҳавлигӣ ва майдонҳои кишти хоҷагиҳо наздик 1000 гектарро ташкил медод, ки мо бо об таъмин мешудем. 10 сол мешавад, ки бинобар ба мувозинати Ҷамъияти саҳҳомии ба номи “Ўрунхўҷаев” гузаштани ин пойгоҳҳо таъминот бо оби полезӣ кофӣ набуд.

Дигар мутахассиси соҳаи об Раҳимшех Мамадшехов, ки зиёда аз 40 сол дар ин соҳа фаъолият дорад, мегўяд:

- Ин иншооти обрасонӣ таърихи 65-сола дорад. Мо бояд ба қадри он бирасем ва эҳтиёткорона аз он истифода барем.

Истифодабарандагони обро зарур аст, ки каналу ҷўйборҳоро сари вақт тоза намоянд, обро сарфакорона ва боэҳтиёт истифода баранд.

Дар ин ҳолат ҳама ҷо сабзу хуррам мешаваду аҳолӣ ва деҳқонон аз замини худ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда метавонанд.

Алиҷон ОЛИМОВ,
сокини деҳаи Унҷӣ,
ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh