Муассисоти тиббӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ омодаанд?

Ҷиҳати омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронии имсола иҷрои қарори Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» масъулин чӣ тадбирҳо андешидаанд? Баҳри маълумоти бештар гирифтан дар ин хусус ба беморхонаи ноҳиявии рақами 6-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омадем.

Зимни азназаргузаронӣ ба назар мерасид, ки масъулини беморхона ҷиҳати тайёрӣ ба мавсими имсола омодагии хуб дидаанд. Оинаҳои муассисаи мазкур пурра дуқабата шишабандӣ гардида, соли равон боми беморхона, ки чанд сол инҷониб рўи таъмирро надида буд, бо дастгирӣ ва маблағгузории буҷаи мақомоти маҳаллӣ таъмири куллӣ гузаронда шудааст. Боиси зикр аст, ки дар даромадгоҳи ҳамаи беморхонаро овезаи намоён, бо ҳарфҳои хоно қарор таҳти №600 «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» ба девор бояд насб шавад, ки дар ин бора Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба масъулини вазифагузорӣ намуда буданд. Чунин овезаро мо дар даромагоҳи беморонаи мазкур дидем, ки бо ҳарфҳои хоно сабт шудааст.

Хуршедахон Самадова–сардухтури Беморхонаи ноҳиявии №6-и Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоил изҳор дошт, ки баҳри иҷроиши қарори роҳбарияти вилоят, фармоиши Вазорати тандурустӣ дастуру супоришот чанд моҳ пеш ба мо дастрас гардида, тибқи дурнамо дар мавсими сармо 5 метри мукааб ҳезум ва 10 тонна ангишт захира гардидааст.

Корҳои омодагӣ дар ин самт аз моҳи майи соли равон оғоз гардида, тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи масъулини беморхонаи мазкур то аввали моҳи август пурра, яъне сад фоиз бо ангишт ва ҳезум таъмин аст.

Бино ба гуфти намояндаи Раёсати тандурустии вилоят Ҷаъфар Маматов тибқи замимаи қарори Раиси вилоят барои соҳаи тандурустӣ дар вилоят бояд 3513 тонна ангишт ва 1592 метри мукааб ҳезум захира гардад. Корҳои омодагӣ дар ин самт аз 10 майи соли равон оғоз гардида, тибқи маълумоти пешниҳодшуда ба санаи 5 сентябри соли ҷорӣ 3404 тонна ангишт ва 1325 метри мукааб ҳезум захира шудааст, ки ин мутаносибан 97 ва 88 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар муассисаҳои, тандурустии вилоят 249 адад генератори барқӣ мавҷуд буда, ба миқдори қариб 15 ҳазор литр, яъне 100 фисад бо захираи сўзишворӣ таъминанд. То ин давра аксари шаҳру навоҳии вилоят нақшаи захираи ангишт ва ҳезум ба пуррагӣ таъмин гардида, танҳо шаҳри Конибодом ва ноҳияи Зафаробод ҳоло нақшаро ба иҷро нарасонидаанд.

Дар бобати сифати ангишт масъулин изҳор доштанд, ки ин масъала пурра таҳти назорати роҳбарияти Раёсати тандурустии вилоят қарор дошта, баъди иҷрои нақшаи захиракунӣ гурўҳи корӣ оид ба сифатнокии ангишти харидоришуда санад тартиб дода, хулосаи хешро пешниҳод менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар тамоми муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷараён дорад. Мутобиқи супориши Раиси вилоят бояд, ки то ба санаи 1 октябри соли равон тамоми муассисоти соҳаи тандурустӣ нақшаи захираи ангишт ва ҳезумро ба пуррагӣ ба иҷро расонанд.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh