Рушди ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ

Дар толори КВД «Кохи матбуот» бо ташаббуси филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд тибқи лоиҳаи «Баланд бардоштани мавқеи фаъолияти ташкилотҳои ҳомии ҳуқуқ дар вилояти Суғд» нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Он бо намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ бори нахуст рўи кор омада, дар он ТҶ «Гурдофарид», ФТҶ «Дафтари озоди шаҳрвандӣ», ТҶ Маркази занон «Гулрухсор» ва ТҶ «Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ – техникии Тоҷикистон» ва журналистон аз расонаҳои хабарӣ ва электронӣ ширкат варзиданд.

Нахуст намояндагони чор ташкилоти ҷамъиятӣ - роҳбари ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳвандӣ» дар шаҳри Душанбе Дилрабо Самадова, роҳбари ТҶ «Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ – техникии Тоҷикистон» Ирода Бобоҷонова, мушовири ТҶ «Гурдофарид» Розия Ҷарқинзода ва муовини роҳбари ТҶ Маркази занон «Гулрухсор» Сабоҳат Бобоҷонова дар бораи фаъолияти ташкилотҳои номбурда, самти асосии фаъолияти эшон, бештар ба масъалаҳои иҷтимоӣ рўй овардани онон, мусоидат намудан ба беҳтар шудани шароити зисти сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ ва дастгирии намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа андешаи хешро баён карданд.

Сипас, байни рўзноманигорон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳо, пайвастани риштаи дўстӣ бо аҳолии давлатҳои наздисарҳадӣ, дастгирии занон ва ҷавонон, баргардонидани духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, омўзиши забонҳои хориҷӣ ва омўзондани табақаҳои ниёзманди ҷомеа барои навиштани лоиҳа баҳри гирифтани грантҳои Президенти мамлакат ва Раиси вилоят саволу ҷавоб доир гардид. Ҳамчунин, журналистон баҳри беҳбудии кори ташкилотҳои ҷамъиятӣ чанд пешниҳоди хешро баён доштанд. Таъкид шуд, ки чунин нишастҳои матбуотӣ бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар се моҳ як маротиба баргузор хоҳад шуд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh