Оғўши гарми Истиқлолият

Соҳибистеъдодию эҷодкорӣ, ки неъмати Офаридгор аст, на ба ҳар кас муносиб меафтад, чун насиб кард, бахти инсон мебошад. Ин гуна инсонҳо дар навбати худ сарвати бебаҳои кишваранд.

Чун аз ин нукта ба воқеияти имрўз назар кунем, наврасону ҷавонони шоистаи даврони Истиқлолият ифтихор аз ваҳдату ягонагӣ, ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз карда, шукри онро бояд намоянд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи камолот барояшон афзалиятҳо муқаррар гардидаву аз бисёр имтиёзҳо бархурдоранд.

Яке аз далелҳои муътамади ин росто бо ибтикору дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар урдугоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар таътили тобистона барои як гуруҳ наврасону ҷавонони боистеъдоди вилоят баргузор шудани маҳфили омўзишию амалии “Рўзноманигорони наврас” мисол шуда метавонад.

Мавриди зикр аст, ки маҳфили “Рўзноманигорони наврас” бо иқдоми идораи рўзномаи наврасону ҷавонон “Ворисони Суғд” дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи вилоят бори дуввум доир карда шуд. Имсол ҳам дар ин маҳфили эҷодӣ 20 нафар наврасону ҷавонони хушистеъдоди шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар роҳи эҷоду таҳқиқ қадамҳои нахуст мегузоранду муаллифони фаъоли нашрияҳои бачагона мебошанд, иштирок намуданд. Онҳо ба маҳфил тариқи озмун ҷалб гардида, дар ин маврид онҳое, ки аз оилаҳои эҳтиёҷманд ҳастанду истеъдоди ҷолиби эҷодкорӣ доранд, бартарӣ доштанд.

Яке аз онҳо навқалами наврас аз ноҳияи Ашт Тайибаи Қодир аст, ки ҳамагӣ дувоздаҳ сол дошта бошад ҳам, аллакай дар эҷоди назм қадамҳои умедбахш мегузорад.

Навқалами дигар Абдусамад Самадов аз ноҳияи Айнӣ аст. Дар синфи даҳум таҳсил мекунад, баробари эҷод ба омўзишу таҳқиқи мероси адабии ниёгон шавқу рағбат дорад.

Ба андешаи иштирокчии маҳфил аз литсеи рақами 3-и деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара Асриддин Фахриев ҷустуҷўю эҷодкорӣ дар ҳама риштаҳои илму фарҳанг вазифаи ҳар фарди ватандўст мебошад, то бо донишу малакаи худ ба Ватан хизмат карда тавонад.

- Маҳфил бароямон хеле муфиду манфиатовар гузашт. Баробари устодон аз ҳамдигар низ омўхтем, шинос шудем, аз гўшаю канори вилоят дўстон пайдо кардем. Ба кормандони урдугоҳ ташаккур гуфтаниам, ки ба мо меҳрубониашонро дареғ надоштанд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ як гурўҳи ин наврасони эҷодкорро ба ҳузур пазируфта, мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом доданд, ки барои аҳли маҳфил гуворову хотирмон буд.

Дар интиҳо ба иштирокчиёни маҳфил Шаҳодатнома тақдим гардид.

Муслима РАҲИМОВА,
сармуҳаррири нашрияи
“Ворисони Суғд”

Add comment


Security code
Refresh