Ҳасрат аз хобгоҳҳои хизматӣ ва шикоят аз хонаҳои иҷоравӣ

Бидуни ранҷиш бояд қабул кард, ки воқеан мутахассисони ҷавони имрўза тақрибан 80 фисад дар хонаҳои иҷоравӣ зист доранд. Тасаввур кунед: агар пули иҷораро диҳад, барои гузаронидани рўзгор маблағ надорад ва ё бо маоши якмоҳа масрафоти оилавиашро харидорӣ намояд, ба иҷора пулаш намемонад ва соҳиби хона ўро ба гуфте «бадарға» мекунад.

Маҳз, ин пешомад мўҷиби тарки касб намудани эшон мешавад, ки дар ин сурат як мутахассисро аз даст медиҳем. Дар ҳолати дар вазифа боқӣ монданашон низ эҳтимоли ба хотири захира кардани пул барои харидани хонаи истиқоматӣ даст ба ришвахорӣ заданашон вуҷуд дорад. Дар ҳар ду гуфтори болоӣ метавон ба натиҷа расид, ки набудани хонаи истиқоматӣ муаммои рақами яки имрўз аст. Бо он ки солҳои охир қатор-қатор хонаҳои баландошёна сохта ба истифода дода шуда истодаанд...

Онҳое, ки иҷоранишинанд...

Як эҳсоси аҷибе дар тамоми онҳое, ки дар хонаҳои иҷоравӣ мезиянд, мушоҳида кардам. Гўё аз бонк қарздор бошанд, ҳар сари моҳ андак дар хиҷолат, телефонҳояшонро тарсидаву ларзида мебардонад. Яқин, ки соҳиби хона телефон мекунад ва пули иҷораро бояд супорад. Зимнан, дар сар фикри он, ки ба фарзандонам чизе бояд бихарам ва ё пули хонаи иҷораро бидиҳам.

Аз ин лаҳзаи риққатовареро надидаам. Аз бонк қарздор бошӣ ва ё дар хонаи иҷорае зиндагӣ намоӣ, ҳар ду ҳолат як эҳсос дорад.

Аз воқеият гурехтан наметавон!

Дар аксари ҷойи собиқ хобгоҳҳои донишҷўёну мутахассисон имрўзҳо биноҳои баландошёнаи нимсохт ба чашм мерасанд. Маълум, ки корчаллоне дастбакор шудаву аз пайи сохтани бинои хонаи чандошёна қарор дорад.

Тиҷорати сохтмони хонаҳои баландошёна он чунон рўз то рўз афзудааст, ба назар мерасад, ки гўё соҳибкорон ягон ҷои таги чашм кардаашон намондааст. Гарчанде, рўз то рўз зиёд шудани хонаҳои баланди истиқоматӣ дар чор атрофу акнофи шаҳр ҳусни онро дучанд месозанд, аммо воқеият ин аст, ки дар аксари биноҳо соҳибони аслӣ кам зиндагӣ мекунанд.

Фаразан, барои исботи ин ақида метавон шабонгоҳ ба таги хонаҳои баландошёна рафт. Дилхоҳ дарро кўбед, кам касоне ёфт мешаванд, ки соҳибони аслӣ бошанд, аксарият иҷоранишинанд. Ё метавон бо як дид шабона мушоҳида намуд, ки аксарияти чароғи хонаҳо хомўш аст. Аз онҳое, ки дами даромадгоҳ (подъезд) истодаанд, бо як савол муроҷиат кардан кофист, ки фалон хона аз они кист? Дар посух метавон ба натиҷа расид, ки аксарият хонаҳояшонро ба хотири банд кардани пул харида мондаанд. Баъзан ҳолат низ вуҷуд дорад, ки раиси комитети маҳалла соҳиби онро намешиносад ва ҳатто ҳамсоягон низ намедонанд, ки хона ба кӣ тааллуқ дорад. Аз ин бармеояд, ки кӣ зори хонаву кӣ безори он аст.

Иттифоқҳои касаба: номи оливу кисаи холӣ

Агар ба солҳои пешин назар кунем, як шаҳри Хуҷанд дорои даҳҳо хонаҳои хизматӣ буд, ки дар он ниёзмандон аз ҷониби корхонаву муассисаҳо муваққатан соҳиби хонаи хизматӣ мешуданд. Дере нагузашта, боз аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ, ба ин гуна ашхос квартираҳо тақдим мешуд. Хонаи хизматии холишударо ба нафари нави ниёзманд медоданд, ки дар натиҷа истилоҳи «хонаи иҷоравӣ» тақрибан вуҷуд надошт. Кормандони заводу фабрика, муассисаҳои таълимӣ, мақомотҳои иҷроия, ҳифзи ҳуқуқ ва дигарон умуман мушкили кофтани хонаи иҷораро дар сар надоштанд. Зеро, комиҷроияҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ бо андешидани чораҳои зарурӣ ҳар як соҳибтахассусро бо хонаҳои хизматӣ таъмин ва тадриҷан соҳиби хонаҳои шахсӣ мегардонид.

Файзулло Атохоҷаев, Аълочӣ ва собиқадори матбуот, дорандаи медали «Хизмати шоиста» тарзи бандубасти тақсими хонаҳои истиқоматӣ ва хизматиро барои хизматчиёни давлатӣ дар замони пештар хуб арзёбӣ мекунад.

-Дар як гаштугузор метавон ҳанўз ҷойи хобгоҳҳои умумӣ ва хизматиро бо ангушт ҳисоб намуд. Аз ҷумла, дар шафати факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ду хонаи хизматӣ, дар микроноҳияи 31, дар маҳаллаҳои 27 ва 28-ум хонаҳои хизматӣ арзи вуҷуд мекарданд, ки имрўз моликияти шахсӣ шудаанд. Хобгоҳҳои умумии Донишкадаи политехникӣ (дар рў ба рўи меҳмонхонаи «Эҳсон»), хобгоҳи донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар маҳаллаҳои 20 ва 13-ум дарҳояшон солҳои шўравӣ ба рўйи омўзгорону мутахассисон ва донишҷўён боз буд ва хушбахтона, имрўз низ дари боз доранд,-мегўяд Файзулло Атохоҷаев.

Воқеият дорад, ки хобгоҳҳои Донишкадаи политехникӣ ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров бо гузашти солҳо низ ҳанўз побарҷоанд ва чун пештар хидмат менамоянд.

- Ба ҷуз ин, ҳар як комбинату фабрика дар мувозинати худ хонаҳои махсусе дошт, ки мутахассисони аз дуру наздик омадаро бо он таъмин менамуд. ҳеҷ кас иҷораи хонаро фикр намекард. Аз рўйи гуфтаи шоҳидони ҳол нархи дандоншикани иҷораи хонаҳо барои мутахаcсисони ҷавон имрўзҳо муаммои рақами як маҳсуб мешавад, ки ин падида 30 сол қабл умуман вуҷуд надошт. Қаблан истилоҳи хонаи иҷоравӣ хеле кам буд. Зеро, агар касе хонае аз бинои баландошёнаро гирифта, дар он иҷорашине қабул мекард, комитети назорати халқӣ, ки бо истилоҳи пешина «народный контроль» мегуфтанд, таноби ин гуна афродро мекашид,-мегўяд мавсуф.

Ба ҷуз ин, барои ҷалби мутахассисон аз дигар кишварҳо ба фабрикаву заводҳо ва комбинатҳои калони истеҳсолӣ махсус хонаҳои хизматӣ пешниҳод мешуд. Барои мисол, аз шаҳри Ивановои Федератсияи Русия мутахассисон омада, дар комбинати Абрешими шаҳри Хуҷанд фаъолият мебурданд, бидуни мамониат соҳиби хонаҳои хизматӣ ва дертар соҳиби хонаҳои шахсӣ мешуданд.

Дар ин кор, албатта, ташаббуси Иттифоқҳои мустақили касаба хеле бузург буд. Тақрибан тамоми коргоҳҳо иттифоқи касабаи худро дошт ва масъалаҳои доир ба таъмини хонаҳо ва ё хонаҳои хизматиро ҳал карда метавонист. Хусусан, ташкилотҳои сохтмонӣ дорои сохторҳои маишиву маданӣ, истиқомативу дигар зерсохторҳои худ буданд, ки аксари кормандони чунин ташкилотҳо аз ҳисоби он соҳиби хона мегаштанд.

Аммо имрўз чӣ? Аз ҳамаи он нишонаҳо на пайеву на ҳайдаре. Иттифоқи касаба бошад, имрўзҳо кумитаи тадорукоти ҷашнҳои зодрўзиву ёдбудӣ шудаасту халос, дигар ҳеҷ.

Дарди бадро давои бад!

Соҳибназарон рўз то рўз зиёд шудани хонаҳои иҷоравиро камоли беназоратӣ меноманд. Мусоҳибон ҷонибдори онанд, бо вуҷуди он ки бештари моликияти давлатӣ ба моликияти шахсӣ мубаддал шудааст, мисли пештар хонаҳои хизматӣ, хобгоҳҳои умумии мутахассисон ва ниёзмандон барқарор карда шавад.

Мадинаи 35-сола, сокини шаҳри Хуҷанд, ки бо ду фарзандаш аз шавҳараш ҷудо шудааст, қариб 15 сол аст, ки дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад.

Рустам (ном иваз карда шудааст) як мутахассиси 37-солаи дигар мегўяд, 17 сол инҷониб иҷоранишин аст.

-Имрўз вазъи муҳоҷирони Русия низ хеле бадтар шудааст, маҷбурам, ки бо ихтисоси интихобкардаам дар Ватан кор кунам. Аммо тўли 17 сол дар хонаи иҷора зистанам, маро боз водор мекунад, ки роҳи муҳоҷиратро пеш гирам,-мегўяд Рустам.

Мухбира ҳошимоваи 26-сола, сокини шаҳри Хуҷанд низ аз нархи хонаҳои иҷора қаноатманд нест, аз ин хотир, маҷбур бо хусуру хушдоман ва як авсуну додаршўяш ва фарзандони онҳо, ки дар маҷмуъ 9 нафарро ташкил медиҳанд, дар як хонаи тангу камшароит зиндагӣ намояд.

- Мехоҳам, ки хонаҳо ва ё хобгоҳҳои умумии оилавӣ бошад, ки мо мутахассисони ҷавон бо он таъмин гардем. Шароити иқтисодӣ надорем, ки хона харида, яке аз мо ҳадди ақалл бароем. Вагарна, рўз то рўз шароит танг шуда истодааст, дар як ошхона ва як ташнобу ҳоҷатхона тўли 8 сол тоқат карда зиндагӣ кардан, аз одам сабри оҳанин талаб мекунад, - мегўяд, Мухбира.

Соҳибназарон чунин мешуморанд, вақти он аст, ки хонаҳои ба хотири иҷора харидаи баъзе корчаллонҳо бояд ошкор шавад. Инчунин, пешниҳод мекунанд, ки бо ҷалби кормандони андоз ва дигар мақомотҳои дахлдор саршумори хонаҳои иҷоравӣ дақиқ ва ба феҳрасти ягона дароварда шуда, то мисли дигар корхонаҳои соҳибкорони инфиродӣ андозбандии баланд роҳандозӣ карда шавад.

-Дар ин сурат авҷи баландшавии нархи хонаҳои иҷоравӣ шояд андак коҳиш ёфта, ё комилан шояд барҳам хўрад, -мегўяд Абдурауф Шарипов, нафақахўр, сокини деҳаи Сартўқайи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Таъсири хонаҳои иҷоравӣ ба ҳоли меҳмонхонаҳо

Дар пасманзари гуфтаҳои болоӣ имрўзҳо ҳамагон шоҳидем, ки аксари меҳмонхонаҳо пули андозро ҳар моҳ тақрибан ғун карда наметавонанд. Боз ба гуфти мақоли халқӣ «шўрбо ба сари хонаҳои иҷоравӣ» омада мерезад.

Як нафар масъули яке аз меҳмонхонаҳо, ки аз бурдани номаш худдорӣ варзид, мегўяд, ки квартираҳои иҷоравӣ боиси кам шудани теъдоди муштариёни меҳмонхонаҳо шудааст.

- Имрўз ҳатто аз ҳисоби квартираҳо корчаллонҳои зиёде хонаҳои дорои сифати хизматрасонии «люкс» ва «полулюкс» созмон додаанд, ки ба меҳмонон хизмати иҷораи шабонарўзӣ (посуточная аренда) пешниҳод кардаанд. Дар ин ҳол, муштарии меҳмонхонаҳо кам ва ҳатто баъзе аз онҳо комилан муфлис шуда, боиси заъфи пардохти андоз дар ҳузури мақомоти андозситонӣ шудаанд,-мегўяд мавсуф.

Суоли бомантиқе ба миён меояд, ки дар ин сурат вақте муштариёни меҳмонхонаҳо аз ҳисоби квартира-меҳмонхонаҳо кам мешавад, кӣ бояд боиси пур шудани буҷети давлатӣ шавад? Албатта, тадбири андозбандӣ кардани хонаҳои иҷоравӣ бояд ҷуброни заъфи пардохт нашудани андози меҳмонхонаҳо бошад. Вагарна, бо чунин бебандуборӣ аз ним зиёди ҳар як биноҳои баланди истиқоматӣ ба хонаи иҷоравӣ табдил шудааст.

Далели гуфтаҳои болоӣ дар ҳар дарахту симчўб, истгоҳу витраҷи мағозаҳо ва дигар ҷойҳо эълонҳои зиёдеро метавон дид, ки бо забони русиву тоҷикӣ пешниҳоди иҷораи хонаҳои шабонарўзӣ часпонида шудааст. ҳатто дар қуттии партовҳо низ «Сдаю квартиру» ё «Ба иҷора медиҳам»-ро метавон дид.

Орзу дар нимароҳ аст…

Бо он ки камбудиҳои дар боло ишорашуда ҳама рўзу ҳама соат гиребонгири мо аст, аммо аксари мусоҳибон, бахусус мутахассисони ҷавон ҳангоми омода намудани ин матлаб бо як овоз иброз доштанд, ки шояд ин навишта боиси дубора эҳё шудани хонаҳои хизматӣ ва ё хобгоҳҳои умумии оилавӣ шавад. Аксарият орзуяшон ҳанўз дар нимароҳ аст, ки мисли солҳои пештар соҳиби хонаи истиқоматӣ мешаванду аз пулсупории хонаҳои иҷоравии 12-15-сола озод мегарданд. Зеро, мутахассисонеро низ ҳангоми сўҳбат вохўрдем, ки расо 18-19 сол инҷониб дар иҷора мезистаанд...

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh