Бераҳмӣ ба табиат зарар бар худи мост!

Дар моддаи 13-уми Конститутсия омадааст, ки: «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад». Аз ин рў, кишвари мо як порча биҳишти рўи замин аст, ки табиати нотакрор, обҳои софу зулол, чашмаҳои ширин, куҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминиаш дар ягон гўшаи олам дида намешаванд ва нақши асосиро дар ин самт ҷангал мебозад.

Ҷангал аслан маҷмўи дарахтону буттаҳо буда, дар алоқамандӣ бо дигар ҷузъҳои табиати зинда ташкил меёбад ва дорои аҳамияти калони экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аст. Барои бунёди ҷангал асосан шинонидану парвариши ниҳолҳо ва мусоидат намудан ба барқароршавии табиии онҳо дар заминҳои харобгардида ва холӣ зарур мебошад.

Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд дорои 526 ҳазор гектар майдони умумӣ буда, вазифаи асосии он бунёд, барқарор ва ҳифзу нигоҳубини олами ҳайвоноту наботот мебошад. Дар вилоят 9 муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали минтақавӣ ва ҳамагӣ як Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварӣ дар ноҳияи Зафаробод фаъолият дорад. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ҷангалпарварон 73 гектар аз нав бунёд ва 76 гектар барқароркунии заминҳо анҷом дода шуданд, ки аз ҷумла, ба 10 гектар сафедор, 14 гектар хуч, дар майдони 20 гектар ниҳолҳои мевадиҳанда ва ғайраҳо шинониданд.

Қобили қайд аст, ки ҷангалпарварон ба барқароркунии ҷангалҳои нестгардида бо роҳи мусоидат ба худбарқароршавӣ эътибори ҷиддӣ дода истодаанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Шаҳристон дар натиҷаи эҳтиёт кардани чунин заминҳо аз чорво 12 гектар арчаи зарафшонӣ барқарор гардид. Имрўзҳо кормандони хоҷагӣ баҳри аз нав барқарорсозии хатҳои давлатии муҳофизатӣ, ки байни заминҳои корам ҷойгиранд, кор мебаранд. Ин дарахтон заминро аз бодлесии хок муҳофизат намуда, 10-15 фоиз ҳосилнокии зироатҳои хоҷагии қишлоқро афзун менамоянд Хоҷагии қишлоқ якҷоя бо мардум тариқи шартномавӣ кор бурда, заминҳоро ба иҷора медиҳанд, ки онҳо дарахтони мевадиҳанда шинонида, фоида ба даст меоранд. Масалан, дар ноҳияҳои Зафаробод 121 гектар, дар Спитамен 34, умуман дар вилоят 402 гектар чунин заминҳо мавҷуданд. Ҳоло дар ноҳияи Зафаробод дар асоси шартнома 40 гектар замин ба 55 нафар вобаста шудаанд, ки дар ин самт корҳо идома доранд.

Барои ободу зебо нигоҳ доштан, ҳифз намудани муҳити зист соли 2015 қарори Раиси вилояти Суғд оид ба эҳёи анъанаҳои миллии сафедоршинонӣ барои солҳои 2016–2020 ва дар бораи шинонидани ниҳолҳои сафедор дар шафати роҳҳо, лаби каналу ҷўйборҳо, роҳраву талу теппаҳо ба тасвиб расид, ки дар ин самт низ корҳо ҷоннок карда шуда, шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Шаҳристон, Ашт, Айнӣ ва Деваштич нисбати дигар минтақаҳо нақшаро дар ин самт хуб амалӣ кардаанд, ки назорати ин бар зиммаи хоҷагии ҷангал гузошта шудааст.

Дар давраи бесарусомониҳо қисме аз заминҳои ҷангали вилоятро мардум худсарона азхуд карда, то ҳатто ҳамчун замини наздиҳавлигӣ истифода мебурданд. Вале имрўзҳо кормандони мақомоти қудратӣ аз нав ин қонунвайронкуниҳоро бартараф намуда, заминҳо ба ҳолати аввалаашон баргардонида шуданд.

–Дар ҷумҳурӣ 150 ҳазор гектар арчаи зарафшонӣ парвариш меёбад, ки қисми асосиаш дар вилояти мо мавҷуд аст. Барои аз байн нарафтани арчаи зарафшонӣ чор парваришгоҳи табиӣ дар вилояти Суғд фаъолият дорад, ки инҳо мавзеъҳои Қусавлисой дар ноҳияи Шаҳристон, Искандаркўл ва Сойвота дар ноҳияи Айнӣ ва Зарафшон дар шаҳри Панҷакент мебошанд. Ин арча дар ҷаҳон нодиртарин буда, гуфтан мумкин аст, ки танҳо дар кишвари мо инкишоф меёбад ва бояд ба қадраш расида, эҳтиёт намоем, нагузорем, ки онро худсарона бурида бошанд. Арчаи зарафшонӣ дар 50 сол 1-1,5 метр қад мекашад ва хубиаш он аст, ки дар болои санг мерўяд. Синну соли арчаҳои дар вилоят буда ба ҳисоби миёна зиёда аз 200 сола ҳастанд,–гуфт дар суҳбат Фаёз Назаров, муҳандиси бунёди хоҷагии ҷангали вилоят.

Олами ҳайвоноту наботот низ ба соҳаи ҷангал вобаста буда, боиси ташвиш аст, ки дар давраи нисбатан кутоҳ се намуди ҳайвоноти сутунмуҳрадор – паланги тўронӣ, суғури мензбур ва моҳии белбинии сирдарёӣ пурра маҳв гардиданд, ки ин ҳама натиҷаи фаъолияти суст ва беаҳамиятии инсон ба табиат мебошад.

Мо набояд ба табиат хунукназарона нигоҳ кунему неъматҳои онро зери по намоем.

Гулҷаҳон Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh