Маводи доруворӣ: сифати он чӣ гуна аст?

Дар Паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сифати доруворӣ, пешгирии вориди доруҳои қалбакӣ, арзиши он махсус таъкид доштанд, ки «…Назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Зеро, то ба ҳол доруворӣ танҳо аз хориҷи кишвар ворид шуда, сифати он дуруст муайян карда намешавад.

Аз ин лиҳоз, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки ҷиҳати бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани озмоишгоҳи ташхиси маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ чораҷўӣ карда, якҷоя бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ доир ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли дору ва рушди саноати дорусозӣ бо ҷалби сармояи мустақим ба ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд». Воқеан, имрўзҳо масъалаи маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгўй набудани он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои дунё мавриди нигаронӣ қарор дорад. Ба табобати беморон ҳамон вақт кафолат дода мешавад, ки агар сифати доруворӣ таъмин ва барои кам кардани муомилоти дорувории қалбакӣ ва пастсифат чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар бобати фаъолияти соҳаи фарматсевтии вилоят, муаммо ва дастовардҳои он суҳбате доштем бо сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар вилояти Суғд Диловар Қувватзода:

- Ҳарчанд тибқи муқаррарот доруворӣ барои бемор дар дорухат таъин гардад ҳам, вале он аз ҷониби масъулин на ҳамеша риоя мегардад. Барои рафъи чунин ҳолатҳо аз ҷониби кормандони Шумо чӣ чора андешида мешавад?

- Аз тарафи муассисаҳои табобатию профилактикӣ барои иҷрои фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 644, аз 18 ноябри соли 2008 оид ба тасдиқи “Қоидаҳои ба расмият даровардани дорухат ва талабот нисбати он” ва таҳти №361 “Оид ба истифодабарии дорухатҳо дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ” варақаҳои стандартӣ ба миқдори кофӣ харидорӣ гардида бошанд ҳам, то ҳол духтурон маводи дорувориро дар варақаҳои ғайристандартӣ ва варақаҳои аз тарафи ширкатҳои фарматсевтии хориҷӣ пешниҳод гардида таъин менамоянд.

Баҳри иҷрои фармоишҳои мазкур аз тарафи мутахассисони Раёсати Хадамот назорат дар муддати се рўз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуд. Дар натиҷа зиёда аз 130 нафар духтуроне, ки фармоиши мазкурро риоя намекардаанд, ошкор гардиданд. Нисбати ин духтурон ба Раёсати тандурустии вилоят ва Хадамоти ҷумҳуриявӣ маълумотнома бо нишондоди ному насаб, вазифа, ҷои кор бо пешниҳоди нусхаи дорухатҳои ғайристандартӣ ва баёнотҳо барои чораҷўӣ ирсол гардиданд.

Аз тарафи мутахассисони Раёсати Хадамот назоратҳо нисбати Фармоиши сардори Хадамот №14, аз 18 марти соли 2011 Низомнома оиди «Тартиби гузаронидани аккредитатсияи намояндагиҳои тиббии корхонаҳои истеҳсоли фарматсевтии хориҷие, ки ба фаъолияти фарматсевтӣ машғуланд» гузаронида шуд. Баъзе духтурон барои гирифтани маблағҳои пулӣ, туҳфаҳои ночиз дидаю дониста, ба кирдорҳои номатлуб даст мезананд. Аз ҷумла, кирдори духтури тибби оилавии Маркази саломатии ноҳияи Ашт Исомат Етмушев, ки бо намояндагони ширкати фарматсевтии хориҷӣ «Сатко» ҳамкорӣ дошт, ошкор гардид. Аз утоқи кории ў варақаҳои номгўи дорувориҳо бо нишондоди нархномаҳо ва варақаҳои дорухати ғайристандартӣ пайдо карда шуданд. Инчунин, варақаҳо бо нишондоди ному насаби бемор, номгўи маводи доруворӣ, санаи қабул ва рақами телефони бемор дарҷ гардидааст, ошкор гардид. Ҳамзамон, аз ҳуҷраи кории духтур Исомат Етмушев 4 номгў ба миқдори 114 адад маводи дорувории муҳлати истифодааш гузашта дарёфт гардида, тибқи санад аз муомилот гирифта шуд.

-То ҷое, ки огаҳ ҳастем, кормандони тиб муваззаф шудаанд, ки бидуни шартнома бо ширкатҳои фарматсевтии хориҷӣ фаъолият набаранд ва ҳамчунин моли онҳоро ба беморон тавсия накунанд. Дар ин бобат санҷишҳо чиро нишон доданд?

- Мутахассисони Раёсати Хадамот дар ин самт дар шаҳри Конибодом назорат гузарониданд. Маълум гардид, ки намояндагии ширкати хориҷии «Тян-ши», воқеъ дар шаҳри Конибодом, маҳаллаи Ҷавонон, хонаи 7 таҳти роҳбарии Муяссар Шодиева фаъолият мебурд. Аз тарафи ў ҳамчун намояндаи тибби хориҷӣ барои машғул шудан ба фаъолияти фарматсевтӣ ҳуҷҷатҳои дахлдор пешниҳод карда нашуд. Ҳамза мон, М.Шодиева шаҳрванд К.Набиевро ҳамчун табиб бе бастани шартномаи тарафайн ба кор қабул кардааст. Дар рўзи назорат К.Набиев беморонро қабул намуда, оиди истеъмол ва истифодабарии маводи фаъоли биологии ширкати мазкур семинар гузаронида истода буд. Аз утоқи кории М.Шодиева 9 номгў ба миқдори 84 қуттӣ маводи фаъоли биологии муҳлати истифодааш гузашта дарёфт гардида, тибқи санад аз муомилот гирифта шуд.

Ба ин монанд Ҳ.Мирзораҳимов ҳамчун духтури шуъбаи амрози чашми Маркази саломатии №2-уми шаҳри Конибодом фаъолият намуда, бо намояндаи тибби хориҷии “Грин Гейт” ҳамкорӣ дошт, ошкор гардид. Ҳ.Мирзораҳимов ба беморон маводи дорувории ин ширкатро тавсия намуда, ба муомилот мебаровард, ки аз утоқи кории ў 17 номгў ба миқдори 70 қуттӣ маводи дорувории ширкати мазкур пайдо гардид.

Барои солим ба воя расидани кўдак, беҳтарин даво ва олитарин ғизо шири модар мебошад. Аммо баъзе духтурон барои ҳавасмандшавӣ бо ширкатҳо ва соҳибкороне, ки бо воридоти ғизоҳои кўдакона машғуланд, ҳамкорӣ менамоянд. Чунин ҳолат аз тарафи духтури оилавии Маркази саломатии деҳоти “Ҳамробоев”-и шаҳри Конибодом Дилбар Абдуллоева ба назар расид. Аз утоқи кории ў 6 номгў ба миқдори 115 адад борпечи (пакетикҳо) ғизои кўдакона пайдо гардид.

Номбурда дар вақти қабули кўдакони бемор ба модарон оиди истеъмоли ин ғизоҳо тавсия дода, онҳоро тақсим менамуд. Ин амали ў аз тарафи соҳибкорон ва ширкатҳои бо муомилоти ғизоҳои кўдакона фаъолиятбаранда ҳавасманд гардонида мешуд. Барои ин кирдори ғайриқонуниаш тибқи талаботи моддаи 102, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №1417 аз 30 майи соли 2017 нисбаташ чораҳои дахлдор андешида шудааст.

- Иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бобати ба роҳ мондани истеҳсоли гиёҳҳои шифобахши ватанӣ дар вилоят дар кадом сатҳ қарор дорад?

-Бо дастгирии Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ фаъолияти фарматсевтӣ дар вилояти Суғд хатти коркарди истеҳсолӣ ва борпечонии гиёҳҳои шифобахши ватаниро бо номи ҶДММ “Фарм-Суғд” ба роҳ мондаем. Инчунин, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истеҳсоли гиёҳҳои шифобахши ватанӣ, беш аз 20 намуди гиёҳчой, аз ҷумла гули зарпоша, барги зуф, чойкаҳак, газнаи сагак, ширинбия, меваи хуч, бодовари доғдор, бобуна, ғазна (крапива) ва ғайраҳо тадбирҳо андешида шуд.

Бо тавсияи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба роҳ мондани истеҳсоли чанде аз маҳсулоти ватанӣ, аз қабили равғанҳои сиёҳдона, зағир, бодом, зардолу, канадона, зайтун, камфора ва маҳлулҳои мухталифро ба нақша гирифтаем.

Ҳамзамон, оид ба андешидани чораҳои зарурӣ доир ба ташкил кардани гўшаҳои гиёҳҳои шифобахш дар ҳар як муассисаҳои фарматсевтӣ, ки ин амал низ тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, аз тарафи мутахассисони Раёсати Хадамот корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мутахассисони соҳаи фарматсевтӣ ва муассисаҳои табобати профилактикӣ гузаронида шуд.

Дар натиҷа, дар ҳамаи муассисаҳои фармасевтӣ гўшаи фурўши гиёҳҳои шифобахши ватанӣ таъсис дода шуд. Дар муассисаҳои табобати профилактикӣ гўшаҳои гиёҳдармонӣ таъсис дода шуда бошад ҳам, таъинот ва табобати онҳо пурра ба роҳ монда нашудааст.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки соҳаи фарматсевтӣ рўз аз рўз рушд меёбад. Бобати рафъи камбудиҳои соҳа мо ҳамарўза ҷидду ҷаҳд намуда, назоратро дар ин ҷода боз ҳам пурзўр хоҳем кард.

- Бароятон комёбиҳои беназир хоҳонем!

 Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh