Fамхорӣ дар ҳаққи эҳтиёҷмандон

Дар ноҳияи Деваштич бахшида ба солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 25-умини Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода бо фаъолону ҷавонон ва бонувон мулоқот доир намуд.

Дар мулоқоти мазкур доир ба моҳияти тағйироту иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» воридшуда, дар бораи татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою террористӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунию ҷиноятҳо, даст назадан ба тақлидкорию бегонапарастӣ, эҳёи анъанаҳои милливу арҷгузорӣ ба суннати ниёгон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз сухан рафта, ҷиҳати дар рӯҳияи ватанпарастию хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас ва рушду нумӯъ бахшидани давлату миллати худ ҳар як фарди бо нангу номус ва дурандешу некхоҳ, бахусус аъзои ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки саҳми назарраси худро гузорад.

Дар хотимаи мулоқот, ба 7 нафар ятимони кулл либоси мактабӣ тақдим карда шуд. Иқдоми мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати дурандешонаву халқпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, дар ноҳияи Деваштич ба 84 нафар кӯдакони ятиму аз оилаҳои камбизоат асбобу лавозимотҳои хониш ва ба 103 нафар либосҳои мактабӣ тақдим карда шуданд.

Сарвар Саидов,
ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh