Об василаи дўстӣ

 ё ҳалли як мушкилоти наздимарзӣ

«Ҷўи нав» ном гирифта буд, канале, ки соли 1936 дар шаҳри Исфара бунёд гардидааст ва он 227 гектар замини ҷамоатҳои деҳоти Чоркўҳ, Сурх ва 50 гектар замини деҳаи Паски Ариқи Ҷумҳурии Қирғизистонро шодоб мегардонид.

Солҳои охир ҳолати ин канал аз обхезиҳои зиёд хеле хароб гардида, ҳамасола баробари фаро расидани фасли баҳор сатҳи об дар дарёи Исфара баланд шуда, сари ҷўи калонро бурида мерафт.

Ҳар сол дар мавсими кишту кор коргарони Идораи хоҷагии оби Исфара бо кўмаки сокинони ин минтақаҳо корҳои азнавбарқароркунӣ ва мустаҳкамкунии ҷўйро мегузарониданд. Аммо то ба анҷом расонидани корҳои таъмиру тармим заминҳои кишт бе об монда, дар натиҷа ҳосилнокии майдон паст мегардид.

Тобистони соли 2016 бошад, дар натиҷаи обхезии зиёд дар дарёи Исфара 150 метр Канали Ҷўи нав ҳам осеб дида, корношоям гардид. Заминҳои кишти маҳаллаҳои Сари ҷар, Навобод, Фирдавсӣ, Солиев, Ҳоҷӣ Рауфи ҷамоатҳои деҳоти Сурх ва Чоркўҳи шаҳри Исфара ва деҳаи Паски Ариқи вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон бе об монданд. Дар хоҷагии ба номи Муҳаммад Қодиров, ки ҳар сол аз 13 гектар замин сабзавоту дигар зироатҳо ва аз 18 гектар боғ ҳосили зиёд мегирифт, тўли ду моҳ бе об монд. Аҳолии минтақаи номбурда бо 12 тонна санге, ки аз домони кўҳ дастрас намуда буданд, соҳилро мустаҳкам карданд. Аммо бо чунин амалиёт, ки он борҳо такрор ёфта буд, муаммо ҳалли худро наёфт.

Ба гуфти сокинони ин маҳал ҳамин ҳодисаи нохуш боиси сар задани муноқишаи аҳолии маҳаллаҳои ҳамҷавор гардид. Сарвари Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ҷамоати Чоркўҳ Шавкат Қаюмов, ки аз мушкилии тақсимоти об воқиф буд, барои ҳалли муаммои мавҷуда дар назди ташкилот комиссияи махсус таъсис дод.

Бо мақсади барқарор сохтани канал ва хомўш намудани низои байни сокинон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Исфара Созмони Милали Муттаҳид ҳам чораҷўӣ намуд. Пас аз баргузории маҷлиси дуҷониба намояндагони Тоҷикистон аз ҷамоатҳои деҳоти Сурх, Чоркўҳ, Ворух ҷониби Қирғизистон аз минтақаҳои Оқсой ва Самарқанд корҳои таъмирӣ гузарониданд. Дар масъалаи таъминот бо маблағ ва дастрасии таҷҳизоти техникӣ, ба монанди крану мошини боркаш бошад, тибқи лоиҳаи «Ҳамкории фаромарзӣ ба хотири сулҳ ва рушди устувор» Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид мадад расонид ва канал аз нав барқарор гардид.

Минбаъд ин мавзеъ зери назорат гирифта шуда, аз рўи муроҷиати бошандагони маҳаллаҳои ду давлат бонавбат заминҳои кишоварзӣ шодоб гардонида мешаванд.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh