Ҳаёти пурсамар дорем, шодем!

Даврони соҳибистиқлолӣ ба сар то сари кишвари азизамон, аз ҷумла Панҷакенти бостонӣ нишоту нумўи зиёде овард. Симои он пуробурангу зебо, дигаргун шуд. Дар ин айём ҳазорҳо гектар заминҳои бекорхобида корам гаштанд, садҳо иншооти хурду калон бунёд ёфта, имрўз фаъолият мебаранд. Мардум тинҷу осуда, бо рўҳбаландии бунёдкоронаю созанда барои гул-гулшукуфии диёрамон сарбаландона меҳнат мекунанд. Чандин иншооти таълимию табобатӣ, саноатию кишоварзӣ симои Тоҷикистонро дар солҳои Истиқлолият ба куллӣ дигаргун сохтаанд.

Мо имрўз дар кишвари соҳибистиқлол умр ба сар бурда, ба сўи ояндаи нек, худшиносӣ ва бузургдошти давлати худ қадамҳои устувор мегузорем.

Истиқлолияти давлатӣ гаронтарин ва арзишмандтарин дастоварди миллӣ мебошад, ки баъди ҳазорон соли давлатдории Сомониён Ватани моро ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу озоди миллӣ ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ кард.

Албатта, ҳамаи бунёдкориҳо, комёбиҳо бо шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Чанд соли охир дар Панҷакент дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Масалан, шумораи соҳибкорон хеле афзуд, роҳҳои маҳалла ва кўчаҳои шаҳр асфалтпўш шуданд, гирду атрофи кўчаҳо ба гулу гулзор табдил ёфтанд, садҳо гектар заминҳои бекорхобида обёрӣ гардиданд. Мардуми Ҷамоатҳои деҳоти Саразм, Ёрӣ, Амондара аз ин ғамхориҳо бениҳоят шод шуданд.

Бо дастгирии роҳбарияти ҷумҳурӣ ва вилоят чандин бинои мактабҳо ва беморхонаҳо сохта ба истифода шуданд, шумораи корхонаҳои ҳунармандӣ зиёд гардид, ки ҳоло дар онҳо садҳо занону духтарон фаъолият мебаранд.

Барои мардуми аз офати табиӣ зарардида манзилҳои ҳозиразамон сохта шуд.

Мо, пиру барно даст ба дуои нек бардошта ба роҳбарияти ҷумҳурӣ ва вилоят, бахусус ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон саодати зиндагиро таманно менамоем.

Ўроқбой РАҲИМОВ,
 шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh