Чеҳраҳо ва суханони меҳрбор

Дар суҳбат бо хабарнигори «Ҳақиқати Суғд» даъватшавандагон бо рўҳияи баланд, ифтихор аз давлату миллати хеш омодагии худро барои хизмати Модар - Ватан баён доштанд.

Далер Охунов - даъватшаванда аз ноҳияи Мастчоҳ хатмкардаи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон:

- Бо хоҳиши худ ба хизмати Ватан раҳсипор шуданиам, зеро кишвари азизамро дўст медорам. Мо бояд ба суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавононро “Нерўи пешбарандаи ҷомеа” мегўянд, сазовор бошем. Нагузорем, ки осудагиву оромии давлати моро касе халалдор созад. Ман аз он ифтихор дорам, ки имрўз дар қатори ихтиёриён, ки ба сафи Артиши миллӣ равонаанд, қарор дорам. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ натанҳо қарзи фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Ваъда медиҳам, ки бо сари баланд хизмати Ватанро адо карда, ба назди падару модари худ бармегардам.

Дилмурод Мирзоев – донишҷўи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров:

- Ватандорӣ шарафи бузург буда, ҳимояи он муқаддастарин амал барои ҷавонмардон мебошад. Ман имрўз ба чеҳраи шукуфон ва симои наваскарон бо ҳавас нигариста ният дорам, ки баъди хатми донишгоҳ ба хизмати Ватан рафта, қарзи фарзандии хешро адо намоям. Маҳз, мардонагию ҷасорати кулли ҷавонмардон боис гардид, ки имрўз дар Тоҷикистони азизамон осоиштагӣ ҳукмрон аст.

Фирдавс Ҳоҷиев - сарбози қаторӣ:

- Ҳифзи марзу буми Ватан яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як фарди тоҷик ба ҳисоб меравад. Ман аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ифтихор мекунам ва боварии комил дорам, ки ихтиёриёни шуҷои Ватан марзу буми кишварро сарбаландона ҳимоя хоҳанд кард.

Алиҷон Абдуллоев - даъватшаванда аз ноҳияи Зафаробод:

- Ватан барои ҳар як шахс азизу муқаддас аст. Ҳимояи кишвар қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Баъди хатми мактаби миёна бо хоҳиши худ иқдом гирифтам, ки дар сафи Артиши миллӣ хизмат намоям ва Ватани азизам - Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳифз намоям. Ваъда медиҳам, ки сарбаландона хизмат намуда, бо одобу ахлоқи намунавӣ ва бо сари баланд содиқона кишвари худро ҳимоя намоям.

- Падари даъватшаванда Давлатшоҳ Саидов - сокини ноҳияи Мастчоҳ.

- Имрўз хурсандии волидон, ки фарзандони худро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ гусел карда истодаанд, ҳадду канор надорад. Мо фахр аз он дорем, ки фарзандони мо дар фазои ором ба воя расида, лоиқи хизмат ба Ватан гардидаанд, - гуфт. - Хурсанд аз он ҳастам, ки фарзандам Муҳаммадшоҳ Саидов бо хоҳиши худ ба хизмат рафта истодааст.

Азиз Ҷўрабоев - сокини ноҳияи Спитамен:

- Барои насли ҷавон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ муҳимтарин мактаби обутоби зиндагӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ мегиранд. Имрўз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи кишвар баҳри хидмати сарбозон дар қисмҳои низомӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайёст. Аз ин рў, ҷавононро зарур аст, ки аз хидмат саркашӣ накарда, баҳри дифои Ватан-Модар омода бошанд…

Муҳовараи Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh