Бирав, дилеро дарёб!

Падару модарон сарманшаи зиндагии моанд, ба ин хотир ба эшон некӣ ва нигоҳубин дар айёми пирӣ қарзи фарзандист. Аммо ин қарзи воҷибро на ҳамаи фарзандон ба ҷо меоваранд. Бархе волидон ташнаи дидори оилаи худ ва фарзандону наберагонанд. Дар рўзгор падару модаронеро вохўрдан мумкин, ки аз навозиши фарзандон бебаҳраанд. Ҳатто мушоҳидаҳо исбот намудаанд, ки баъзе фарзандони нохалаф волидайни худро аз хона маҳрум кардаанд.

ҳолатҳое низ ҳастанд, ки дар айёми пирӣ касе нест, ки дасти ин афтодагони тақдирро гирад. Шукронаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шароити имрўз касе аз чунин пирон худро дар як канор мондаву бетаваҷҷуҳу бенавозиш эҳсос намекунанд.

Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоии пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд имрўзҳо оғўши худро ба чунин ашхос кушодааст ва нафаре аз онҳо худро ятиму бекас ҳис намекунад.

Зуҳуров Абдулазиз Ҳомидович, директори маркази минтақавии хизматрасони иҷтимоии пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд тавре дар суҳбат мегўяд, дар марказ 53 нафар пиронсолон зиндагӣ менамоянд, ки аз онҳо 33 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Барои пирсолон ҳама намуди хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ аз тарафи кормандони Марказ шабонарўз бо пуррагӣ ба роҳ монда шудааст. Аксари пирсолони ин Марказро сокинони шаҳру навоҳии вилоят ташкил медиҳанд

Дар Марказ аз рўи воҳиди корӣ табибон ва се нафар ҳамшира бо навбат хизмат мерасонанд. Аз таҳлили фаъолияти нуҳмоҳа бармеояд, баъзе нафароне, ки солҳои тўлонӣ гирифтори бемории вазнинанд, мавриди назорати ҳамешагии пизишкон қарор доранд.

Синну соли бошандагони маркази мазкур аз 60 то 97-сола мебошад. Бояд зикр дошт, қисмату тақдири аксарияти онон бо ҳамдигар тавофут ва шабоҳати зиёд дорад. Масалан, аксарияти бошандагон русзабон буда, баъди пош хўрдани Иттифоқи Шўравӣ фарзандонашон тарки Ватан намудаанд, онҳо то он даме, ки ба нафақа баромаданд, манзили зист ва ҷои кори муайян доштанд. Баъди ба дами пирӣ расидан, манзилашонро фурўхтанд. Нафақае, ки то ин дам мегирифтанд, барои зиндагиашон басандагӣ накард.

-Маҳз ин омилҳо буданд, ки бо дархости хеш ба Маркази мо меоянд, -мегўяд зимни суҳбат Абдулазиз Зуҳуров.

Сарпарасти доимии Марказро имрўз ҶДММ «Ҷавонӣ» ва Раёсати минтақавии Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба уҳда дорад.

 -Имрўз таъкидҳои якчандкаратаву ҳамаҷонибаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки маъюбону бекасу бенавоҳоро дастгирӣ намоем. Маркази мо бо шуъбаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳру вилоят ҳамкории зич дорад. Новобаста аз он ки Марказ сарпараст дорад, боз соҳибкорону саховатмандони зиёде омада, муроҷиат мекунанд, ки барои пирони барҷомондаву бекасу кўй дасти мадад дароз намоянд, -илова намуд Абдулазиз Зуҳуров.

Як дидорбинӣ аз ин Марказ дили касро ба риққат меоварад. Зеро зиёрати ин даргоҳ аз зиёрати Каъба кам нест. Аз ин рў, бузургони мо мегўянд, ки «Каъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб».

Бисёр хуб мебуд, дар ин рўзҳои зебои фасли зарнисори тирамоҳ ҳар як саховатманду савобҷў ба ин макон қадам ранҷа намояд ва дуои ин пирони рўзгордидаву барҷомондаро бигирад.

Шаҳноза Ҳомидова,
 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh