Маҳаллаи беҳтарин

Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд бо мақсади истиқболи сазовори 25-солагии Иҷлосияи ҶVI-уми Шӯрои Олии ҶТ, равнақи корҳои ободониву бунёдкорӣ, таъмини шароити мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои вилоят озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» эълон шуда буд.

Дар ин росто дар маҳаллаи Бӯраки Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Эътибор ба роҳҳо

Бӯрак яке аз маҳаллаҳои калони ҷамоат буда, беш аз 600 хоҷагии мардумро фарогир аст. Он ба 5 маҳалла тақсим шуда, ҳар кадом бо рақамҳо ном гирифта мешавад. Бо вуҷуди 5 маҳалла будан, раисони ҳамаи онҳо дар якҷоягиву бо маслиҳати ҳамдигар фаъолият мебаранд. Эшон аз он иктифо доранд, ки бо мусоидати ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зисти осоиштаву хуррамона ва равнақи корҳои ободонӣ кулли шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.

Дар ин ҷо ақидаи васеъсозии роҳҳо аз ҳисоби қитъаҳои замини ҳанӯз соли гузашта ба миён омада буд. Ин корро нахустин шуда раиси маҳаллаи Бӯраки 3 Абдуназар Умаров ба иҷро расонд. ӯ иҷозат дод, ки аз замини хоҷагии шахсиаш 120 метри мураббаъ бо дарозии 40 метр барои васеъкунии роҳи асосии деҳа ҳамроҳ карда шавад.

Омӯзгори собиқадор Саъдулло Пӯлодов (рӯҳаш шод бошад) гараҷ ва хонаи дуҳуҷрагиашро аз байн бардошта, ҷойи онҳоро ба  роҳи калони мошингард пешкаш намуд. Сокинони дигари маҳалла Абдураҳим Машарифов, Абдуқодир Машарифов, К.Холматов, Б.Олимов, Ш.Сайфиддинов, Р.Пӯлодов ва дигарон низ пайравони ин иқдоми нек гаштанд. ҳамаи онҳо қадри имкон ва талабот аз ҳисоби замини худ қитъаҳои заруриро ба роҳ ҳамроҳ карданд. Аз ҳисоби заминҳои наздиҳавлигии сокинони маҳалла ҷамъ 800 метри мураббаъ ба роҳи асосии деҳа ҳамроҳ гардид. Баробари васеъ шудани роҳ дар мавзеъҳои алоҳида гардишҳои хавфдор аз байн рафтанд. Бояд гуфт, ки барои иҷрои ин корҳо албатта маблағи калон ва қувваи корӣ зарур аст. Ин масъала низ ҳалли мусбати худро ёфтааст. Бо мақсади васеъкунӣ ва азнавсозии баъзе ҷойҳои роҳи калон сокинони маҳаллаҳо ва соҳибкорону сахопешагон беш аз 400 ҳазор сомонӣ маблағ ғундоштанд. Кулли корҳо бо роҳи ҳашар ҷараён гирифт. Фардони алоҳида барои ҳашарчиён хӯрданиву хӯроки гарм омода намуданд.

Роҳи назди мазори маҳалла 190 метри тӯлонӣ ва 1500 метри мураббаъ аввал тахту ҳамвор, баъд бо истифодаи 150 тонна асфалти гарм рӯйпӯш карда шуд.

Ободтарин қабристон  

Агар гӯем, ки қабристони ин маҳалла дар ноҳияи Ашт ободтарин аст, хато нахоҳад шуд. Ин кор ҳам албатта худ аз худ муяссар нагаштааст. Дар ҳама ҳолат амали якҷояву бомаслиҳати раисони 5 маҳаллаи Бӯрак ва фаъолону саховатмандон боиси равнақи кор мегардад.

Бо дастгирии сокинони маҳаллаву бо харҷи зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ атрофи қабристон бо хишти пухта ва хишти блок девор, дарвозаи асосӣ ва дахмаи «Бобои Бӯрак» тариқи кандакорӣ азнавсозӣ карда шуданд. ҳамзамон дар ин ҷо барои хондани намози ҷаноза толори калони сақфаш бо нақшу нигори миллӣ, ороёфта, ки беш аз 800 нафар ғунҷоиш дорад, ба арзи ҳастӣ омад. Дар ҳавлии қабристон барои қариб 300 нафар нишастгоҳ аз хишти пухта бунёд гардид ва болояш қолинчаҳо густурда шудаанд. Дар ин ҷо таъмини тозагиву озодагӣ ва сабзгардонии ҳавлии мазор ҳукми одатро гирифтааст. Инчунин бо роҳи ҳашар хусусан дар арафаи идҳо рӯй ва атрофи гӯрхонаҳо аз алафҳои хушку бегона тоза карда мешаванд.

Дар як ҷониби қабристон (паҳлӯи роҳ) мақбараи собиқ партизани сурх Дадомат Азизов воқеъ буду ҳоли хароб дошт. Абераҳои ин партизан ҳасан ва Мурод Эрбоевҳо бо масрафи 17 ҳазор сомонӣ қабри бобокалони худро ободу зебо намуда, таровати тоза бахшиданд.

Мардуми маҳалла ният доранд, минбаъд низ тозаву озода ва обод нигоҳ доштани хиёбони абадии ҳаётро аз мадди назар дур насозанд.

Чанд сохтмони дигар

Қобили қайд аст, ки ободонии маҳаллаи Бӯрак бо корҳои дар боло зикршуда поён намеёбад. Бар асари фаъолияти муташаккилона, ба ҳисоб гирифтани масоили мубрами деҳа ва албатта бо дастгирии аҳоливу ҳимматбаландон дар ин маҳалла боз корҳои зиёди ободониву азнавсозӣ ба сомон расонида шудаанд.

Пеш аз ҳама дар самти таъминот бо об қадаме ба пеш гузошта шуд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳолӣ бо сарфи 165 ҳазор сомонӣ чоҳи амудӣ барои оби нӯшокӣ ва полезӣ кофта шуд ва ин кор идома дорад. Бо маблағи 142 ҳазор сомонии аз аҳолӣ ғундошта дар мавзеи «Ҷӯйи Чамбар» ба масофаи 3 ҳазор метри тӯлонӣ хати оби нӯшокӣ кашида, ба истифодаи аҳолӣ дода шуд.

Бародарони соҳибкор Музаффар, Фахриддин ва Рустам Юлдошевҳо, инчунин соҳибкор Ш.Масолиев, бошанд, кашидани хати оби нӯшокиро аз маҳаллаи Соқиёни деҳа то маҳаллаи Бӯрак ба масофаи 2.400 метр маблағгузорӣ намуданд.

ҳамзамон дар ҳудуди маҳаллаи Бӯрак бо дастгирии соҳибкор, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, раиси хоҷагии деҳқонии «Понғоз» А.Саломов майдони футболбозии масоҳаташ 65х110 метр, соҳибкор, Ш.Сидиқов бинои дуошёнаи тӯйхона (ошёнаи якум нуқтаҳои таъмиру шустани нақлиёт), бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Сокинони маҳалла дар устуворсозии соҳили сойи деҳа баъди офати табиӣ низ фаъолнокӣ зоҳир намуданд. Саргаҳи ҳамаи ҷӯйборҳо, ки бар асари сел хароб гашта буд, таъмиру аз нав барқарор карда шуданд.

Инчунин онҳо бо мақсади аз боду борон ҳифз кардани чорвои аҳолӣ дар мавзеъҳои куҳӣ ду бино (оғил) бунёд карданд.

Умуман, дар ин маҳалла дар як муддати кӯтоҳ барои корҳои созандагиву маъмургардонӣ 1 миллиону 882 ҳазор сомонӣ маблағи ихтиёрӣ супурдаи мардум ва хайрияҳо масраф шудааст.

Дар ташкилу пешбурди ин корҳо фаъолон ва кулли сокинони ҳамаи 5 маҳаллаи Бӯрак бо сарварии раисони онҳо—Д.Қобилов, Н.Азимов, А.Умаров, М.Азизов ва Б.Маҳкамов фақат ба пеш қадам мегузоранд. Зеро мароми асосии онҳо ҳамин аст.

Ҷамоати деҳоти Понғоз маҳаллаи Бӯракро дар давраи аввали озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» ғолиб донистааст. Ғолибият муборак!

Юнусалӣ СИДДИҚОВ 

Add comment


Security code
Refresh