Ҷаласаи Шўрои ҷамъиятӣ

Дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи сайёри Шўрои ҷамъиятии вилоят баргузор гардид. Дар он муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ва аъзои Шўрои ҷамъиятӣ иштирок намуданд. Ҷаласа се масъаларо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод. Масъалаи асосӣ рафти иҷрои Барномаи вилоятии «Соли 2017 - Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ» арзёбӣ гардид.

Муовини сардори Корхонаи фаръии манзилию коммуналии вилоят Баҳриддин Нозимов доир ба татбиқи Барномаи вилоятӣ баромад карда, зикр намуд, ки мақсади асосӣ ин бо оби тоза таъмин кардани аҳолии вилоят ва ба ин васила пешгирии хуруҷи касалиҳои сирояткунандаву ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.

Узви нави Шўро, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Нигора Ғаффорзода оид ба баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо баромад намуд.

Дар ҷаласа мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонӣ иброз дошт, ки имрўз талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар бархе корхонаву ташкилот ва васоити ахбори омма риоя намегардад. Пешниҳоди маърўзачиёнро аъзои Шўрои ҷамъиятӣ ҷонибдорӣ намуда, баҳри бартараф кардани камбудиҳо дар ин самт пешниҳоди худро баён доштанд.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ изҳори умед намуд, ки аъзои Шўро дар соли ҷашни бузурги миллӣ 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулияти баланд ва эҳсоси ватандорӣ фаъолият менамоянд.

Нодир ТУРСУНОВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh