Туҳфаи арзанда ба сокинон

Дар соли таърихии 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми деҳаи Урметан аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ туҳфаи арзанда пешкаш карда шуд, ки орзуву ормони сокинон буд.

Раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода, сардухтури беморхонаи марказӣ Раҳматбой Мустафоев, сардори идораи сохтмони асосии ноҳия Саидаҳмад Арбобов, сармеъмор О.Одилов, сардори МДНР С.Шербутаев ва чанде дигарон ба деҳаи Урметан ташриф оварда, дар ҳузури кормандони Ҷамоати деҳоти Урметан (раисаш Ф. Қурбонов), кормандони тиб, собиқадорон ва фаъолони деҳа суҳбати самимӣ ва озод намуданд.

Раиси ноҳия ба сардухтури беморхона А. Халилов калиди автомошини нави ёрии таъҷилӣ, ки аз тарафи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва Раёсати тандурустии вилоят ҷудо шудааст, бо як адад таҷҳизоти санҷиши сабти барқии дил супорида, таъкид доштанд, ки сатҳи хизматрасонии тиббиро беҳтар ба роҳ монанд. Ҳамзамон, ба сохтмони бинои нави замонавии беморхона барои 40 кати хоб санги асос гузошта шуд.

Сардори идораи сохтмони асосии ноҳия С.Арбобов қайд кард, ки бинои дуошёна барои 40 кат дар майдони 0,30 га аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ноҳия сохта мешавад. Барои ба анҷом расонидани бунёди таҳкурсии бино 370 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, пудратчӣ ҶДММ “Канд Инвестсохт” ба кор оғоз кардааст.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh