Қонуни танзим: беҳбудии сатҳи зиндагӣ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд. Он дар қонунгузории кишвар таҷрибаи нав буда, дар доираи манфиатҳои мардум таҳия гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки миллати тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофар ва фарҳангӣ на танҳо ба қадршиносиву эҳтироми илму маърифат, ҳамчунин бо анъанаву расму оинаш дар таърих ҳастии худро ҳифз ва пойдор намуд. Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои аслии фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бадоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Анъана ва ҷашну маросими миллӣ аз омилҳои муҳими зарурати иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҳаррўзаи мо зуҳур меёбад. Анъана ва расму оин аз ниёгонамон то ба имрўз расидаанд. Риоя ва эҳтироми онҳо қарзи наслҳои баъдӣ низ ба ҳисоб меравад. Аммо он бояд мутобиқи талаби замон инкишоф ёбад. Тавре шоҳидем, тайи солҳои охир аз ҳад зиёд серхарҷ гардидани ҷашну маросим бори гарон барои мардум буд. Қисме аз мардуми мо барои зоҳирпарастии беасос дар иҷро намудани маросиму маъракаҳо пойбанди таассуб гардида, ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гўшаи дигари олам ба назар намерасад.

Қабул ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзим тақозои замон буда, он дар сарфаю саришта кардани маблағи шаҳрвандон ва буҷети оилавӣ, роҳ надодан ба исрофкорию зиёдаравӣ ва дар маҷмуъ дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии шаҳрвандон ва ҷомеа мусоидат менамояд. Зиёда аз ин, маблағҳои сарфашударо волидайн метавонанд бо фароҳам овардани шароити мувофиқ дар таълиму тарбияи фарзандон баҳри ба воя расидани инсони комил, маърифатнок ва бо ин васила саҳм гузоштан дар рушди нерўи инсонии кишвар сарф намоянд.

Муаззам НАЗАРОВА,
Нафосат АБДУВАЛИЕВА,
устодони Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик
 Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh