Камйодии намак – омили паҳншавии бемории ҷоғар

Дар вилояти Суғд зимни муоинаҳои тиббии 9 моҳи соли равон беш аз 22 ҳазор гирифтори чоғар ба қайд гирифта шудааст. Коршиносон мегўянд, ки истеъмоли намаки бейод ва ё камйод сабаби аслии густариши ин беморӣ на танҳо дар миқёси вилоят, балки дар тамоми қаламрави Тоҷикистон мебошад.

Сабаби пайдоиши ҷоғар ва пайомадҳои он

Йод ба инсон чун об, ғизо ва витаминҳо зарур аст. Организми одам бо йод асосан тавассути ғизо таъмин мешавад.

Тоҷикистон мисли бисёр кишварҳои дигари кўҳистон минтақаи норасоии йод мебошад. Дар мо мавҷудияти йод дар хок хеле паст аст. Ин аст, ки растаниҳо ва гўшти чорвое, ки истеъмол мешаванд, ба миқдори зарурӣ йод надоранд.

Гарчанде ки Тоҷикистон тавонист дар солҳои охир ба пешравии назаррас дар самти паст кардани паҳншавии бемориҳои норасоии йод дар байни аҳолӣ ноил шавад, бо вуҷуди ин нишондиҳандаҳои бемориҳои норасоии йод, бахусус дар деҳот ҳанўз ташвишовар аст.

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ мегўянд, ки сабаби асосии мубтало шудан ба бемории ҷоғар норасоии йод дар бадани одам аст. Яке аз нишонаҳои ҷоғар варами қисми пеши гулў мебошад. Аломатҳои дигар инҳоянд: хасташавии зиёд, арақкунӣ, пастшавии қобилияти фикрронӣ ва азхудкунӣ дар хониш, қадпастии кўдак, асабоният, дилтангӣ, пастшавии қобилияти биниш ва шунавоӣ, вайроншавии кори дил, дарди сар, бемадорӣ, сустшавии қобилияти меҳнатӣ, нафастангӣ, дилзанӣ, инчунин вайроншавии давраи ҳайзи занон. Инкишофи ҷисмонии кўдакони мубталои ҷоғар суст мешавад, зеро он ба системаи хунгарди инсон таъсир расонида, фаъолияти дурусти баданро халалдор мекунад.

Дар навбати худ, камйодии занони ҳомила боиси бачапартоӣ шуда метавонад. Пизишкон тавсия медиҳанд, ки зимни пайдо шудани нишонаҳои бемории ҷоғар, шаҳрвандон бояд фавран ба муассисаҳои дахлдори тиббӣ муроҷиат карда, саривақт муолиҷа гиранд.

Барои калонсолони солим миқдори зарурии йод дар як шабонарўз 150 мкг, барои кўдакон бошад, 200 мкг аст. Ҳамин миқдор йод барои солим нигоҳ доштани организм кифоят мекунад. Бояд гуфт, ки барои организм ҳам нарасидани йод ва ҳам аз меъёр зиёди он зарар дорад.

Санҷиши йоднокии намак

Дар Тоҷикистон йод барои талаботи ҳамарўзаи мардум асосан ба воситаи намаки ошӣ таъмин карда мешавад. 2-юми декабри соли 2002 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йодноккунии намак» қабул гашт, ки асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии тадбирҳои вобаста ба йодноккунии намакро бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод муқаррар намуда, муносибатҳои дар ин соҳа ба миёнояндаро танзим мекунад.

Он халтачаҳои намаки ошие, ки дар бозору мағоза ва марказҳои тиҷоратии вилояти Суғд фурўхта мешаванд, то кадом андоза дар таркибашон миқдори зарурии йод доранд? Бино ба иттилои сардори дафтари матбуоти «Тоҷикстандарт» Маҳкамбой Каримов солҳои охир корхонаҳои коркарди намак ба сифат ва таркиби он аҳамияти хоса медиҳанд. Ба қавли ў, баргузории рейду санҷишҳо нишон доданд, ки сифати намаки ошии дар бозорҳои вилояти Суғд ба фурўш гузошташуда ҷавобгўйи талабот мебошад.

Дастрасӣ ба кони намаки Ашт озод аст?

Яке аз роҳҳои асосии кам кардани бемориҳои камйодӣ ин беҳтар кардани ҳолати истеҳсол ва истеъмоли намаки йоднокшуда мебошад. Дар вилоят танҳо як корхонаи истеҳсоли намак, воқеъ дар ноҳияи Ашт фаъолият мекунад. Кони намаки он дар мавзеи кушод ҷойгир буда, эҳтимоли аз ин захираи табиӣ истифода кардани ҳар нафар вуҷуд дорад. Вале ба гуфтаи роҳбарият, ҳудуди корхона зери назорати қатъӣ гирифта шудааст.

Дар бозору фурўшгоҳҳои маркази вилоят, ки мо аз назар гузаронидем, асосан маҳсулоти ҶСП “Кони намак”-и ноҳияи Ашт ба фурўш гузошта шудааст. Ба гуфтаи роҳбарияти ин корхона, ба таркиби намаки он зимни коркард ба воситаи дастгоҳҳои махсус миқдори муайяни йод илова карда мешавад.

Замони Шўравӣ ин корхона дар як сол то 35 ҳазор тонна намак истеҳсол намуда, аҳолии ҷумҳурӣ ва водии Фарғонаро бо ин намуди маҳсулоти ғизоӣ таъмин мекард. Айни замон кормандони он ҳамарўза аз 25 то 27 тонна маҳсулотро бандубаст мекунанд. Масъулини корхона мегўянд, ки ба сифат ва таркиби намак аҳамияти хоса медиҳанд, аз ин рў, талабот ба ин маҳсулот бештар шудааст. Онҳо ният доранд, ки содироти намакро ба ғайр аз Қирғизистону Афғонистон ба Русия ва кишварҳои дигари ИДМ ба роҳ монанд.

Қоидаҳои нигаҳдорӣ ва ҳифзи саломатӣ

Чунонки Диловар Домуллоҷонова, духтури дараҷаи олӣ, мудири шуъбаи дуюми Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд қайд мекунад, барои мавҷудияти йод дар намаки ошӣ шароити нигаҳдории намак низ таъсир мерасонад. Намнокии ҳаво ба йоднокии намак таъсир расонида метавонад. Ғайр аз ин, намаки йодноккардашударо баъди тайёр шудани хўрок бояд илова кард, зеро таъсири ҳарорати баланд йодро нобуд мекунад. Дар зарфҳои махсус нигоҳ доштани намак ҳатмист. Шуои офтоб низ ба йод таъсири манфӣ мерасонад. Муҳлати истифодаи намаки йоднок як сол мебошад.

Табибон таъкид мекунанд, ки шаҳрвандон бояд ҳангоми нигаҳдорӣ ва истифодаи намаки ошӣ ба ин қоидаҳо аҳамият диҳанд ва ҳар як нафар ҳангоми харидорӣ ва истифодаи он бояд ба сифат, таркиб, йоднокӣ, санаи истеҳсол ва нигаҳдории он дар шароити хона диққат дода, бо ин роҳ саломатии худ ва аҳли оиларо ҳифз намояд.

 

Сурайё ҲАКИМОВА,
Афзал БОСОЛИЕВ

Add comment


Security code
Refresh