Нашъа - вабои аср

Дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Гулистон семинари байналмилалӣ дар мавзӯи «Иштироки ҷавонон дар мубориза бар зидди нашъамандӣ» баргузор гардид.

Котиби генералии ҶҲАТ Баҳодур Қурбониён ва котиби иҷроияи ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода ҳамтоёнашонро, ки аз давлатҳои Италия, Туркия, Эрон, Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфтанд. Қайд шуд, ки ин чорабинӣ баҳри пешгирии нашъамандӣ байни ҷавонон кӯмак мекунад.

Масъулини Ҷамъиятҳои ҳилоли Ахмар ва Салиби сурх Бара Массимо аз Италия, Аҳмад Ҷовид Шарафӣ аз Афғонистон ва чанде дигарон аз пазироӣ ва фароҳам овардани шароити хуб барои баргузории семинар изҳори сипос гуфтанд. Қайд намуданд, ки имрӯз нашъамандӣ вабои аср дар миқёси ҷаҳон гардидааст. Махсусан ҷавонон бештар ба ин амали номатлуб даст мезанад.

Нашъамандро бояд бо роҳи фаҳмондадиҳӣ ва бештар ҷалб намудан ба варзиш ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намуд.

Дар давоми чор рӯз иштирокчиёни семинар мубодилаи афкор намуда, аз таҷрибаи кори хеш ҳикоя намуданд.

Абдуҳамид ҶӮРАЕВ,
сокини шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh