Ҷалби ҷавонон ба ҳифзи дастовардҳои миллӣ

Санаи 25 октябр дар Коллеҷи тарбияи ҷисмонии шаҳри Бӯстон вобаста ба пешгирии гаравидану шомилшавии ҷавонон ва дигар табақаҳои осебпазир ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ бо донишҷӯёни ин муассиса мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон – М. Нурзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон – Х. Исмоилов, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бӯстон – С.Сатторзода, сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд – Р. Раҳимов ширкат намуданд.

Ҷаласаро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон Х.Исмоилов оғоз намуд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр М.Нурзода перомуни пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, марҳалаҳои аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандӣ ибрози назар намуда, ҷавононро барои аз даст надодани зиракии сиёсӣ даъват намуд. Номбурда бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи шарифи Тоҷикистон дар кишвар барқарор гардидани сулҳу суботи ҷомеа сухан кард.

Мамнури МЭЛС

Add comment


Security code
Refresh