Мулоқоти хона ба хона бо аҳолӣ

Дар ноҳияи Деваштич вобаста ба тарғибу ташвиқи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмҳои ҳамасолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоту суханрониҳояшон бармеоянд, аз ҷониби гуруҳи фаъолон суҳбатҳои инфиродӣ бо услуби «Хона ба хона» ба роҳ монда шуд.

Мулоқоти мазкур дар деҳаи Далёни Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳия баргузор гардид. Гуруҳи фаъолон дар ҳайати мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Атахон Абдуллозода, роҳбари намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон Сарвар Саидов, мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Содирхон Баҳодуров, намояндаи шўъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва кормандони Ҷамоати деҳот сараввал бо фаъолони деҳаи мазкур суҳбат оростанд ва сониян бо сокинон як ба як суҳбату мулоқот анҷом доданд.

Дар рафти мулоқоти мазкур гуруҳи корӣ сараввал аз шароити зисту зиндагонии сокинон ва ин ё он муаммоҳои онҳо пурсон шуда, инчунин доир ба меъёрҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот доданд. Ҳамзамон дар рафти пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба буду боши сокинон дар муҳоҷирати меҳнатӣ маълумот дода шуда, аз волидайну ҳамсарон хоҳиш карда шуд, ки мунтазам аз шароити корӣ ва ҳолу аҳволи пайвандони дар муҳоҷиратбудаашон пурсон шуда, аз ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуниву ифротгароӣ ҳушёру зирак бошанд.

Нилуфар Носирова,
корманди Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh