Кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон

Бо иштироки аъзоёни гуруҳи тарғиботӣ - ташвиқотии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон – М.Нурзода, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, Б.Қудратов - мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатаии шаҳр, М.Сайдуллоева, Қ.Азизов ва З.Тошматов - устодони Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон Рӯзи ягонаи ахбор дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид.

Мулоқотҳо бо устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, кормандони соҳаи маориф, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ва сарварони биноҳо дар толори донишкадаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ва Ҷамоати шаҳраки Палос баргузор гардиданд. Аъзоёни гурӯҳи  тарғиботӣ-ташвиқотӣ дар суханронии худ перомуни Қонуни асосии кишвар, таърихи ин санади муқаддас, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба он, қабул гардидани қонунҳои хусусияти миллидошта, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ибрози назар намуданд.

Дар мулоқотҳо оид ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, тамоюлҳои бегонапарастӣ, пешгирии иштироки сокинони шаҳр, бахусус, ҷавонон дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷи кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози назар карда шуд.

ҳамзамон оид ба мафҳуми Конститутсия, таърихи пайдоиши он ва нақши он дар ҷомеаи демократӣ суолу ҷавоб сурат гирифт.

Мамнури МЭЛС,
 шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh