Маркази ташхисию табобатии “Афзал” ба кор оғоз намуд

Ифтитоҳи Маркази табобатию ташхисии «Афзал» дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии № 2-юми шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилоят сурат гирифт. Абдураҳмон Қодирӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Марказ ифтитоҳ бахшида, аз ҳуҷраҳои табобатӣ, истироҳатӣ ва ҷарроҳӣ дидан кард.

Мавриди зикр аст, ки таъсиси ин Марказ бо дастгирии соҳибкор Шуҳрат Холматов ҳанўз як сол пеш оғоз гардида, ба маблағи 2,5 миллион сомонӣ амалӣ гардид. Марказ ҷавобгўи меъёрҳои байналхалқӣ буда, ҳуҷраҳои ташхиси ултрасадо, ЭЭГ (ташхиси майнаи сар), доругузаронӣ, ташхиси бемориҳои занона тавассути таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Марказ дорои таҷҳизоти эндоҷарроҳӣ буда, бартарии онро табибон дар 20 маротиба беҳтар нишон додани мавзеи ҷарроҳишаванда медонанд. Ашхосе, ки дар Марказ бистарӣ мешаванд, давоми 2-3 рўз бо истифодаи ками доруворӣ ва ҷарроҳии бебурриши кўтоҳмуддат аз беморӣ шифо хоҳанд ёфт.

Тавассути дастгоҳи эндоҷарроҳӣ амалиётҳои ҷарроҳии талхадони сангдор, кўррўда, кистаи тухмдон, эхиноккоки ҷигар, миома, ковокии шикам гузаронида мешавад.

Раиси вилоят ҳини боздид ба масъулин дастур дод, ки моҳе 2-3 ҷарроҳиро барои нафарони камбизоат ва аз оилаҳои ниёзманд ройгон амалӣ намоянд.

Тазаккур бояд дод, ки баробари ба фаъолият шуруъ намудани Марказ зиёда аз бист нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, дар 10 ҳуҷраи табобатӣ 20 нафар бемор дар як вақт аз имкониятҳои мавҷудаи ташхисию табобатӣ ва ҷарроҳӣ бархурдор хоҳанд гашт. Ҳамчунин, ду нафар духтури соҳибтаҷрибаи Маркази мазкур дар Кореяи Ҷанубӣ дараҷаи донишашонро баланд бардоштаанд ва омода ҳастанд, то ба дарди беморон шифо бахшанд.

Раиси вилоят баъд аз шиносоӣ бо ҳуҷраҳои Маркази табобатию ташхисии «Афзал» бо кормандони беморхона суҳбат ороста, бобати муомилаи хуб бо беморон, ҷалби мутахассисони варзида аз хориҷи кишвар, эътибори ҷиддӣ зоҳир намудан ба сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла ташхиси амиқ ва саҳеҳи беморон дастуру супоришҳо дод.

 

Шоира САЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh