Деваштич: Ба зимистонгузаронӣ захира мерасад

Имрўзҳо дар шаҳру навоҳӣ тибқи қарори Раиси вилоят бобати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба даври тирамоҳу зимистон корҳо ҷараён доранд.

Дар ин хусус аз рафти омодагӣ ба даври тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 аз ноҳияи Деваштич дидан намудем. Тибқи иттилои Мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Алиҷон Обидов алҳол ҳамаи соҳаҳо барои зимистонгузаронӣ омода буда, маводи заруриро захира намудаанд. Номбурда қайд намуд, мутобиқ ба нақша дар ноҳия 73 нуқтаи фурўши ангиштсанг фаъолият доранд, ки аз онҳо 56 ададаш нуқтаи фурўши сайёр мебошанд. Нуқтаҳои фурўши гази моеъ 24 адад буда, нисбат ба соли гузашта 1 адад зиёд аст.

Барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 барои ташкилоти буҷетии ноҳия 935 тонна ангиштсанг ба маблағи 524541 сомонӣ харида шудааст.

Дар маҷмуъ барои муассисаҳои буҷетии ноҳия якҷоя бо бақияи ангиштсанг аз соли гузашта (114 тонна) 971,3 тонна яъне 100,3 фоизи нақшавӣ ангишсанг захира гардидааст.

Соҳаи маориф низ барои зимистони солҳои 2017-2018 омода мебошад. Алҳол дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ 231 печи барқӣ ва 1527 печи аловӣ насб карда шудаанд.

Тибқи иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич Зикрулло Иброҳимов дар ноҳия 67 муассисаи таълимӣ, 7 кўдакистон ва 1 маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия, 5 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 1 маркази таҳсилоти иловагӣ ба хатти барқи озод пайваст мебошанд.

Аз ҷумла, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2–и деҳаи Хуштори Мухлон имрўз барои зимистонгузаронӣ беш аз 10 тонна ангиштсанг ва 5 метри мукааб ҳезум захира шудаанд.

Ҳамчунин, дар ноҳия барои гармидиҳӣ 66 генератор мавҷуд аст, ки аз ин 60 адади он дар ҳолати корӣ қарор дорад ва барои гармкунии муассисаҳо хизмат мерасонад.

Дар муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳия ҳам вазъи омодагӣ барои зимистонгузаронӣ қаноатбахш буда, дар маҷмуъ захираи ангиштсанг, ҳезум ба таври кофӣ ва шишабандӣ ба пуррагӣ иҷро шудааст. Аз 4 буғхона 3 адади он дар ҳолати корӣ қарор дорад.

Бо 9 генератор муассисаҳои тандурустии ноҳия гарм карда мешаванд. Захираи ангиштсанг (67 тонна), ҳезум (251 метри мукааб) ва шишабандӣ (40 метри мураббаъ)-ро ташкил менамояд.

Зимни боздид аён гардид, ки дар ноҳия Деваштич баҳри сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба даври тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, омодаанд, ки зимистони имсоларо ба хубӣ паси сар намоянд. 

Истамҷони НАҶМИДДИН,
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh