Ҷавонони мо фаромўшхотиранд?

Яке аз бемориҳое, ки ҷомеаи имрўз бахусус, ҷавононро ба ташвиш овардааст, ин фаромўшхотирӣ мебошад. Бо ин сабаб баъзан инсон фаъолияти муътадили худро гум карда, кораш бесифат мешавад. Оид ба сабабҳои пайдоиши ин беморӣ, омилҳои ба он таъсиррасонанда ва табобати ин иллат духтури асабшиноси Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Аскар Почоев изҳори ақида менамояд.

Сабабҳои асосии ба фаромўшхотирӣ гирифтор шудани инсон асабонияти аз ҳад зиёд, серкорӣ, таҳти фишор қарор гирифтан мебошад, -зикр намуд духтури Почоев.

Имрўзҳо ҷавонон дар ду-се ҷой кор мекунанд ва аксар вақт барои истироҳат фурсат намеёбанд. Кори аз ҳад зиёд асаби инсонро хаста карда, фаъолияти мағзи сарро суст мегардонад. Дар натиҷа витаминҳоро аз худ намудани мағзи сар суст шуда, ин ба фаромўшхотирӣ боис мегардад. Дар ин ҳолат шахс наметавонад ҳодиса, факту рақам ва дигар чизҳои дидаву шунидаашро дар хотир нигоҳ дорад.

Суст шудани хотираи инсон инчунин, бештар ба технологияҳо такя кардани ў аст. Ҷаҳони муосирро бе технологияҳои иттилоотӣ, телефонҳои мобилӣ, интернету компютер тасаввур карда наметавонем. Масалан, вақте инсон ҳисобу китобро бе ҳисобкунак, телефон ё компютер иҷро мекунад, мағзи сари ў кор карда, ҳуҷайраҳои он инкишоф меёбанд. Ҳамарўза дидану шунидани хабарҳои даҳшатовар, куштору амалҳои ҷинояткорона асаби инсонро хароб карда, кори майнаро заиф мегардонад.

Омили дигари таъсиррасонанда ин хўрокхўрии нодуруст мебошад. Аксар вақт мо бо сабаби надоштани вақт ё серкорӣ саросема хўрок истеъмол менамоем ё он хўрокҳоеро истифода мебарем, ки дар таркибашон витаминҳо ва моддаҳои барои организм зарурӣ кам мебошанд. Хўришҳои тезтайёршаванда ё аз маҳсулоти табиӣ (натуралӣ) ғанӣ набуда, барои инсон фоидабахш нестанд. Дар натиҷа тани инсон бо элементҳои зарурӣ таъмин нагардида, гирифтори ин беморӣ мешавад.

Хоб яке аз талаботи шабонарўзии организм аст. Ҳангоми хоб ҳуҷайраҳои асаби инсон ором гирифта, қобилияти меҳнатии худро барқарор мекунанд. Камхобӣ ба инсон зарар дорад. Дар натиҷаи камхобӣ низ мағзи сари инсон наметавонад ба таври дахлдор фаъолият дошта бошад. Барои ба хотир овардани ҳодиса, факту рақам ё дигар зарурат мо маҷбур мешавем, ки ба организм фишор оварда, онро барои ба ёд овардан водор намоем. Ин ҳолати сарборӣ ба организм низ метавонад боиси фаромўшхотирӣ гардад.

Норасоии об дар организм инчунин, метавонад сабаби фаромўшхотирӣ гардад. Организми инсон ҳангоми бо об таъмин будан иттилооти бештареро ҳифз мекунад. Ҳеҷ ягон нўшокиҳо, аз қабили чой, қаҳва, нўшокиҳои газнок наметавонанд бо оби табиӣ баробар бошанд. Аз ин лиҳоз, барои одам истеъмоли оби табиӣ зарур аст.

Солҳои пеш бемории фаромўшхотирӣ асосан байни калонсолон мушоҳида мешуд. Аммо солҳои охир ин иллат байни ҷавонон, донишҷўёну толибилмони макотиб низ ба назар мерасад. Муолиҷаи фаромўшхотирӣ имконпазир буда, он муддати зиёдро талаб мекунад ва пешгирӣ намудани ин беморӣ аз муолиҷа дида осонтар аст. Барои эмин доштан аз фаромўшхотирӣ инсон сараввал бояд худро аз асабонии зиёд нигоҳ дорад. Каме ба ҳаёт фориғболона нигариста, худро таҳти фишор қарор надиҳад. Бояд нақшаи корӣ ва истироҳати худро дошта бошад, то ин ки организм барои барқарор шудан имконият пайдо намояд. Меваву сабзавоти табииро мавриди истифода қарор дода, меъёри хоби худро таҳти назорати қатъӣ бигирад. Бо варзиш, кори ҷисмонӣ машғул шуда, бештар истироҳат ва тарзи ҳаёти солимро пеша намояд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh