Сарчашмаи саломатӣ ва омили рушд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ қайд карданд, ки «Об ин зиндагист. Об ин ҳаёт аст ва вазифаи мову шумост, ки ин манбаъро ба наслҳои ояндаи худ дар беҳтарин вазъ боқӣ гузорем!».

Дар ин радиф иқдоми Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар бораи эълон намудани “Соли 2017 - Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ”-ро кормандони Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Истаравшан сармашқи кори худ намуда, баҳри бо оби нўшокӣ таъмин кардани сокинон кўшиш ба харҷ медиҳанд. Директори муассисаи мазкур Ҳасанхон Умаров изҳор дошт, ки дар мувозинаи корхонаи мазкур 21 чоҳи амудӣ мавҷуд буда, бо насосҳои гуногуни обрасонӣ оби нўшокӣ ба аҳолӣ дастрас мегардад. Дар шаҳр миқдори умумии истеъмолкунандагони оби нўшокӣ ба 1-уми октябри соли равон 8 544 хоҷагӣ буда, зиёда аз 44,8 ҳазор нафарро дар бар мегирад. Барои таъминоти оби нўшокӣ бо 34 ташкилоту корхонаи буҷавӣ ва 145 нуқтаи хизматрасонии корхонаҳои худмаблағгузор шартнома баста шудааст.

Бояд зикр кард, ки дар давоми нўҳ моҳи соли равон корхона баҳри беҳтар гардидани таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи хушсифати нўшокӣ ду чоҳи амудии воқеъ дар мавзеи “Ҷавқандак”-ро, ки солҳои тўлонӣ бекор хобида буд, бо харидорӣ намудани 2 насоси обкашӣ ва 1 трансформатори 160 кВт бо тамоми таҷҳизоташ ба истифода дода шуд.

Бо мақсади баланд гардонидани фишори об 6 насоси нави обкашӣ дар мавзеъҳои обдиҳии “Дўстӣ”, “Интернат”, “Варзишгоҳ” гузошта шуд, ки таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нўшокии хушсифат хеле беҳтар гардид.

Дар кўчаи ба номи Гагарин, мавзеи Муғтеппа бошад, баъди васеъ намудани шоҳроҳи мошингард қубурҳои хатти магистралии оби нўшокӣ бо қутри 250мм ба масофаи 180м корношоямгашта аз тарафи мутахассисони корхона иваз карда шуданд.

Хатти оби нўшокии меҳмонхонаи “Муғтеппа” ба хатти асосӣ пайваст гардида, зарфи ҳаҷмаш 50 мукааб васл ва аз он ба иншооти Қалъаи Муғ бо насосҳои обрасон бо оби тоза таъмин шуд.

Имрўзҳо татбиқи созишномаи қарзии байни Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба татбиқи Лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Шимоли Тоҷикистон” марҳалаи дуюм оғоз гардида, аз тарафи бонки мазкур ва ҶДММ “Сичён” ба маблағи 924 ҳазор доллари ИМА корҳо шуруъ шудаанд. То имрўз ба масофаи 2070м қубури обгузари полиэтилении қутрашон 225 мм васл карда шуд, ки аз он 1200 метраш мавриди истифода қарор дода, Беморхонаи марказии шаҳр пурра бо оби нўшокӣ таъмин гардид.

Ҳоло аз тарафи мутахассисони идораи мазкур ба 25 корхонаи буҷавӣ ҳисобченкунакҳо гузошта шуданд, ки ин ба беҳтар гаштани таъминот бо оби нўшокӣ ва кам шудани талафоти он мусоидат хоҳад кард.

Ҷоиз ба зикр аст, ки аҳли кормандони корхона бо рўҳбаландиву таъби болида баҳри таъминоти аҳолии шаҳр бо оби тозаи нўшокӣ саҳми сазовор гузошта, ҷашни 25 - солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ пешвоз гирифтанианд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh