Шаҳри Бўстон обод мешавад

Ободу зебо гардидани манотиқи кишвар, аз ҷумла шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз сулҳу осоиш ва саодати шоистаи зиндагии мардум дарак медиҳад. Махсусан, корҳои ободонию созандагӣ, маърифати зебоипарварӣ ва дар ин замина фаъолияти кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бўстон барои боз ҳам назаррабо гаштани шаҳр ҷолиби диққатанд.

Баҳриддин Раҳмонов - директори Корхонаи воҳиди давлатии «Ободонии иншоотҳои коммуналӣ-иҷтимоӣ»-и шаҳр қайд кард, ки дар назди майдони Қасри фарҳанг Нишони давлатӣ бунёд ёфта истодааст. Инчунин, ободонӣ ва азнавсозии ду фаввора дар даромадгоҳи шаҳр ҷараён доранд.

– Бояд гуфт, ки зиёда аз 4 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпўш карда, 3 ҳазори дигар дар ҳолати иҷроишанд ва дар маҷмуъ аллакай қариб тамоми роҳравҳо обод шуданд. Инчунин, таъмири якчанд иншоот, аз ҷумла намуди зоҳирии бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, толори Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ, боми Гимназияи №1, бинои беморхона (шуъбаҳои сироятӣ ва кўдаконаи таваллудхона), ободонии майдони даромади шаҳр, азнавсозии майдони хиёбони Исмоили Сомонӣ, васлкунии камераҳои мушоҳидавӣ дар кўчаҳои шаҳр ба иҷро расонида шуданд. Тасмим гирифтем, ки бахшида ба 25-солагии Иҷлосия корҳои ободониро аз ҳисоби буҷет давом дода, бо сари баланд то рўзи ҷашн супорем.

Аъзамҷон Ҷўраев - сардори Муассисаи давлатии Раёсати хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр низ аз ҳолати имрўза ба мо маълумот дод:

– Ҳар рўз аз ҳудуди шаҳр аз 90 то 110 мукааб партовҳои сахти маишӣ бароварда мешаванд. Оид ба ин нақшаи зимистонгузаронӣ, ки аз масъалаҳои мубраме ҳаст, мо низ бетаваҷҷуҳ нестем. Аз сабаби он, ки бархе аз биноҳои истиқоматӣ кўҳна ва бомҳояшон фарсуда гардидаанд, аз ҳисоби пардохти соҳибмулкони манзил мо бояд 3,5 ҳазор метри мураббаъ боми хонаҳоро таъмир мекардем. Аммо сарфароз аз он ҳастем, ки аз нақша зиёд, яъне қариб то 7 ҳазор мураббаъ метрро аз таъмир баровардем. Инчунин, дар нақша буд, ки 34 адад дари биноҳои истиқоматиро нав кунем, хушбахтона, 42 адади онҳоро иваз намудем.

Соли равон 1690 бех дарахти ороишӣ шинонидем. Гулшинонӣ зиёда аз 80 фоиз иҷро шудааст, ки даромади шаҳр, яъне кўчаи Камоли Хуҷандиро зеб медиҳанд.

Аз сўҳбат бо Абдулвоҳид Носиров - сардори қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр маълум гардид, ки таъминоти оби нўшокӣ хеле хуб буда, ба ғайр аз “Маҳаллаи нав”, ки 20-22 соат бо об таъмин ҳастанд, боқимонда тамоми аҳолии шаҳр бемамониат 24 соат об доранд.

– Ҳамаи обҳои мо аз чоҳи амудӣ буда, як қисми он, яъне 25-30 фоиз аз оби деҳаи Овчиқалъача гирифта мешаванд. Айни ҳол марҳалаи аввали лоиҳаи барқарорсозии шабакаҳои шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон дар шаҳр ба охир расид ва бо ин сабаб ҳавзе барои масраф нашудани оби нўшокӣ сохта истодаем. Таъмиру барқарорсозии обанбору хариди таҷҳизоти насосҳои обкашӣ, лабораторӣ, техникаҳои коммуналӣ дар марҳалаи аввал иҷро гардиданд. Инчунин, зиёда аз 13 ҳазор метр қубурҳои қутрашон калонро иваз кардем. Насби обченкунакҳо дар марҳалаи ниҳоӣ қарор дошта, айни ҳол корҳо идома доранд.

Муовини раиси шаҳр Ғафур Зоирӣ қайд намуд, ки воқеан ҳусни шаҳр имрўзҳо ранги тоза гирифта, корҳои ободонӣ бовусъат ҷараён доранд ва то ҷашн гирифтани Иҷлосияи ҶVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд иншоот ба истифода дода хоҳанд шуд.

 Гулҷаҳон Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh