Китоби зарурӣ

Шукри Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаётамон таъсири мусбати худро расонида истодааст. Инро мо дар соҳаи табъу нашр низ мебинем.

Нашриёти «Меъроҷ»-и шаҳри Хуҷанд китоби наверо бо номи «Муқаддимаи адабиётшиносӣ» (муаллиф номзади илмҳои филологӣ, ҳоло директори Китобхонаи оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов) аз чоп баровард. Ин рисола барои донишҷӯён, устодони мактабҳои олӣ ва миёна, рӯзноманигорон дастури зарурӣ ба шумор меравад.

Муаллиф шурӯъ аз давраҳои пешин дар бораи адабиёт ва моҳияти фалсафиву ҳунарии он, илми адабиётшиносӣ ва таърихи он сухан меронад. Сипас дар бораи ақидаҳои адабиётшиносии олими давраи атиқа (қадим) Арасту мулоҳизаронӣ кардааст. Дар бобҳои минбаъдаи китоб, ки машғулиятҳои назариявӣ ном доранд, дар бораи образ ва образнокӣ, персонаҷ, тип, характер дар адабиёт, оид ба ҷинсҳои адабӣ, сюҷет ва унсурҳои он, забону сабки асарҳои бадеӣ маълумот дода шудааст.

Қисми дуюми китоб «Машғулиятҳои амалӣ» ном гирифтааст. Ба фикри  мо, ин чиз ниҳоят зарур ва хонданӣ аст, зеро аз рӯи матнҳои додашуда кори амалӣ гузаронида, хонанда дониши назариявии худро дар амал мебинад, онро месанҷад.

Қисми «Машғулиятҳои амалӣ» барои омӯзгорони ҷавон ниҳоят муҳим ва шоистаи пайравӣ аст, чунки муаллиф мақсади ҳар дарс, равиши онро соддаву фаҳмо баён сохтааст. Оид ба ҳар як мавзӯъ нақшаи баёни он (саволҳои баррасишаванда) низ тартиб дода шудааст.

Алиҷон Олимов

Add comment


Security code
Refresh